Таърих

Аз таърихи мусофирати мардуми Самарқанд ба Тоҷикистон

Шаҳри биҳиштитимсол

Ҳаббазо, шаҳри Самарқанди биҳиштитимсол,
Ҷуз биҳишташ ба тароват натавон ёфт мисол.
Зарнисор аст заминаш чу кафи аҳли карам,
Файзбор аст ҳавояш чу дили аҳли камол.
Сабзазорест, ба ҳар сабза аён ранги тараб,
Чашмазорест, зи ҳар чашма равон оби зулол.
Мерасад накҳати кайфияти асҳоби ямин,
Гар вазад боди Шамол аз тарафи Боғишамол.

Садриддин Айнӣ

 

Ин мисраъҳои пур аз ҳиссиёт ва меҳру муҳаббати самимӣ аз шеъри машҳури устод Айнӣ «Самарқанду Бухоро» иқтибос шуд ва аз унвони шеър аён мегардад, ки дар он ду шаҳри бостонии тоҷикон тавсиф шудааст. Аз замонҳои қадим то ба имрӯз сайёҳон, шоирон, таърихнигорон, донишмандон ва мутафаккирони Шарқу Ғарб дар васфи Самарқанд, мардуми боистеъдоду меҳнатқарини он асарҳои илмӣ, шеъру достонҳо, роману қиссаҳо, таассуроту ёддоштҳои худро навиштаанд ва минбаъд низ хоҳанд навишт.
Аз даврони қадим дар тӯли таърих мардуми Самарқанд чандин бор ҷилои ватан карда, дар аксои олам паҳну парешон шудаанд, ки имрӯз ҳам аҷдоди онҳоро дар тамоми мамолики дунё вохоҳем хӯрд. Бо вуҷуди ин Самарқанд дар ҳар давру замон муҳимтарин маркази илму фарҳанг ва забону адабиёти форсии тоҷикӣ ба шумор рафтааст. Олими машҳури Эрон Сайид Нафисӣ дар ин хусус дар мақолаи «Сарзамини поки ниёконам» навиштааст: «Шуарои Туркистон маъруфтарин ашъори форсиро сурудаанд. Шаҳрҳои бузург ва ободи ин ноҳия, ки аз қадимтарин шаҳрҳои Эрон шумурда мешаванд, мисли Самарқанд ва Бухоро ва Балх ва ғайра то замоне, ки авлоди Темур салтанат кардааст, ҳамеша дорулмуаллими Эрон буданд. Ҳанӯз бадеътарин ва зеботарин шоҳкориҳои меъморон ва кошисозони Эронро дар Бухоро ва Балху Самарқанд метавон ёфт. Бузургони Эрон ағлаб аз ин сарзамин бархостаанд. Ҳар китоби форсиро, ки мехонем, ҳамеша моро ба ёди ин водии ниёгон меандозад, чӣ қадар падарони мо дар он ҷо мадфун шудаанд! То авосити қарни дувоздаҳум сатре аз таърихи Эрон нест, ки як бор исми Бухоро ё Самарқанд ва ё Балх дар он бурда нашуда бошад.

Орзуи ман он аст, ки ин сарзамини поки ниёгони худро зиёрат кунам ва як бор дар умри хеш ин забони ширини порсиро аз даҳони самарқандиёну бухороиён бишунавам».

Бори нахустин дар таърих тоҷикони Самарқанд баъди инқилоби болшевикӣ, алалхусус Инқилоби халқии Бухоро (ба таъбири образноки устод Муҳаммадҷони Шакурӣ) ихтиёран, бо амри дил барои бунёдкорӣ ва обод кардани Тоҷикистони азиз аз солҳои бистуми садаи ҶҶ рӯ ба пойтахти ҷумҳурӣ — Душанбе ва дигар ноҳияҳои он ниҳоданд. Аз Самарқанд баъзеҳо бо роҳхат, вале аксари кулл ихтиёран озими Душанбе шуданд.

Бо таъсиси Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон (соли 1924) ва андаке пештар аввалин муборизони сохтори нави шӯравӣ Яҳё Афзалӣ, Ҳақбердиев Абдукарим (соли 1921) ва Ашӯров Ҳайдар (соли 1926) ба Бухорои Шарқӣ омадаанд ва дар мақомоти ҳизбию комсомолӣ хизматҳои шоистаи таҳсин кардаанд. Яҳё Афзалӣ дар мақомоти мухталифи ҳизб ифои вазифа намуд ва дар охири умри кӯтоҳи худ котиби ҳизбии округи Ҳисорро ба ӯхда дошт. Вай бо ордени Байрақи Сурх мукофотонида шудааст. Яҳё Афзалӣ хеле барвақт дар 35 — солагӣ (соли 1928) дар Душанбе фавтидааст. Ҳакбердиев Абдукарим солҳои 1921- 28 мудири шӯъбаи тарғибу ташвиқи Кумитаи ҷавонони шаҳри Душанбе ва ноҳияву атрофи он буд. Баъдан котиби масъули окружкоми Ғарм (солҳои 1928-29) таъйин шуд. Ашӯров Ҳайдар соли 1926 ба Тоҷикистон омада, дар вазифаҳои масъули ҳизбию комсомолӣ фаъолият дошт ва баъдан вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд. Бояд таъкид кард, ки дар солҳои аввали инқилоб ба Бухорои Шарқӣ на танҳо инқилобчиён, сарбозони сурх, ходимони ҳизбию давлатӣ меомаданд, балки коргарону хизматчиёни қаторӣ низ ҳиҷрат кардаанд.

Соли 1929 Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил ба ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ (СССР) дохил шуд. Аз тамоми шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон меомаданд, яъне муҳоҷирати ихтиёрии тоҷикон хусусияти оммавӣ гирифт. Азбаски Самарқанд шаҳри калону аҳолиаш бештар буд ва анъанаҳои адабию фарҳангӣ, илмӣ ва ҳунармандию косибии қадима дошт, муҳоҷирати самарқандиён ҳамеша бештар буд. Мардум бо аҳли оила, ёру дӯстон, хешовандон роҳи Тоҷикистонро пеш гирифтаанд. Абдуллоев Мӯъминҷон ном шахсе соли 1935 бо оилаву фарзандон ва хешовандон ҷамъ 35 нафар ба Душанбе кӯч бастааст. Дар байни омадаҳо Абдураҳмонов Ӯрун (муҳандис-тарроҳ, бинокор), Абдураҳмонов Ҳабиб (Тоҷиккитоб), Қазоқов Эгам (коргари заводи чарм, бо ордени «Нишони Фахрӣ» мукофотонида шудааст), Қобилов Ориф (муҳандис — бинокор), Мухторов Мардонқул (устои маснуоти филизӣ), Исомов Эргаш (ронанда), Нуруллоев корӣ Масеҳ (коргари фабрикаи дӯзандагии Душанбе), Рустамов Очил (коргар, гилкор, бо ордени Ленин сарфароз гаштааст), Муҳаммадовҳо Абдулҳамид (аввалин муаллими мактаби ронандагӣ) ва Абдулҳафиз (яке аз аввалин ронандагони Тоҷикистон) ва садҳо дигаронро ном бурдан мумкин аст, ки охири солҳои бист ва аввали солҳои сиюм ба Тоҷикистон омада, дар соҳаҳои мухталиф кору зиндагӣ кардаанд. Ногуфта намонад, нахустин наттоқи радиои Тоҷикистон, ки 10 апрели соли 1930 ба кор оғоз кард, духтари самарқандӣ Музаффара Рустамова буд. Инчунин аввалин наттоқи телевизиони тоҷик (соли 1959) низ Анвар Сулаймонови самарқандӣ аст. Дар солҳои бисту се аз Самарқанд ва дигар шаҳрҳои тоҷикнишин асосан аҳли зиё, ходимони ҳизбию давлатӣ, сиёсатмадорон, омӯзгорон, санъаткорон, рӯзноманигорон, адибон, олимон, меъморон, муҳандисон, бинокорон, косибону ҳунармандон меомаданд, яъне нафароне меомаданд, ки ягон ихтисос доштанд ва Тоҷикистон ба он ниёзманд буд. Бинобар ин Душанбе солҳои сиюм аз лиҳози маълумоти олидор аз ҳамаи шаҳрҳои Осиёи Марказӣ бартарӣ дошт.

Дар солҳои сиюм аксар ходимони барҷастаи давлатию ҳизбӣ мансабҳои масъулро ба ӯҳда доштанд, аз қабили Пӯлодӣ Абдулҳамид, Пӯлодов Бобо, Абдушукуров Махсум, Ёқубов Усмон, Қосимов Абдулҳаким, Очилов Аҳад, Неъматов Аҳтам ва даҳҳо дигарон. Баъзеҳо дертар ба узвияти КМ ПК(б) Тоҷикистон ва вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудаанд. Очилов Аҳад инчунин ба унвони Қахрамони Меҳнати Сотсиалистӣ сазовор гашта, бо ду ордени Ленин ва бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст.

Саҳми зиёиёни Самарқанд дар инкишофи маорифи халқ ва таълиму тарбияи насли ҷавон низ назаррас аст. Омӯзгорону муаллимон аз Душанбе кашида то дурдасттарин ноҳияву деҳоти кӯҳистон дар макотиби ибтидоию миёна ва донишкадаҳои касбию техникии махсус бо таълиму тарбияи талабагон машғуланд. Муҳаррама Исомиддинова соли 1932 ба Сталинобод омада, бо касби омӯзгорӣ машғул шуда, ҳам Аълочии маорифи халқ шудааст ва ҳам унвони Муаллими шоистаи Тоҷикистонро гирифтааст, хизматҳояш бо орденҳои Ленин ва «Нишони Фахрӣ» қадр карда шудааст. Музаффара Қосимова (хоҳари нависандагон Рашид ва Ғанӣ Абдулло) Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон ва Китобдори шоистаи Тоҷикистон мебошад.

Аҳли адаби Самарқанд барои мактабҳои тоҷикӣ аввалин дастуру барномаҳо, хрестоматияҳо, китобҳои дарсии забону адабиёт, сарфу наҳви забони тоҷикӣ тартиб додаанд ва таълиф намудаанд, ки дар ин ҷода хизматҳои Саидризо Ализода, Раҳим Ҳошим, Тӯрақул Зеҳнӣ, Ҳомид Бақозода, Бектош (Ҳайдарӣ), Обид Исматӣ ва дигарон калон аст. Анъанаи насли аввали зиёиёни тоҷикро дар солҳои баъдиҷангӣ Х.Мирзозода, А. Бухоризода, Р.Ҳодизода, Р.Ғаффоров, Н. Шарофов, С. Саъдиев ва дигарон идома додаанд. Китобҳои дарсии Фитрат, С. Ализода, Раҳим Ҳошим, Ҳомид Бақозода, Т. Зехнӣ, ки солҳои 20 ва 30 чоп шудаанд, бо дарназардошти хусусиятҳои сарфию наҳвии забони тоҷикӣ ва таҷрибаю анъанаҳои миллии китобҳои дарсии замонҳои пешин таълиф ёфтаанд.

Садриддин Айнӣ шоиру нависандагон, мунаққиду адабиётшиносони ҷавонро зери қанот гирифта тарбия кардааст. Аз ин рӯ шоири навовару навҷӯю ватанпарвар, шаҳиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҳабиб Юсуфӣ, шоир, нависанда ва луғатшинос Абдусалом Деҳотӣ, драмнавис ва адабиётшинос Абдушукур Пирмуҳаммадзода, нависанда ва рӯзноманигор Рашид Абдулло, драмнавис Ғанӣ Абдулло, тарҷумону нависандагон Ҳасан Ирфон ва Ҳабиб Аҳрорӣ, нависандаи ҷангноманавис Фотеҳ Ниёзӣ, муҳаққиқи адабиёт Раҳим Ҳошим, нависандаи ҳаҷвнигор Самад Ғанӣ шогирду пайравони устод Айнӣ мебошанд. Инчунин С. Айнӣ роҳбари расмии рисолаи номзадии профессор ва нависанда Расул Ҳодизодаанд. Ногуфта намонад, ки солҳои 1932-1933 Раиси кумитаи ташкилии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Маъруф Расулӣ ва котиби масъул Рашид Абдулло буданд.

Аз нимаҳои солҳои панҷоҳум ва минбаъд қаламкашони баистеъдод чун Фазлиддин Муҳаммадиев, Болта Ортиқов, Шодон Ҳаниф, Наримон Бақозода, Насим Раҷаб, Адаш Истад, Аслам Адҳам ба саҳнаи адабиёт омаданд. Ғанӣ Абдулло, Фотеҳ Ниёзӣ ва Фазлиддин Муҳаммадиев ба унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ноил гаштаанд. Бояд тазаккур дод, ки дар инкишофи нақду адабиётшиносӣ, фолклоршиносӣ, санъатшиносӣ муҳаққиқон Раҳим Ҳошим, Р. Ҳодизода, Камол Айнӣ, Х. Мирзозода, С. Саъдиев, Ҷ. Шодиқулов, шодравонҳо Б. Шермуҳаммадов, С. Маҳдиев, мунаққидони санъати кино ва театр А. Аҳроров, М. Шарофов, Б. Ҳуррамова, Ҳазрат Сабоҳӣ саҳм гирифтаанд.

Пас аз таъсис ёфтани Университети давлатии Тоҷикистон (соли 1948) ва Академияи илмҳои Тоҷикистон (соли 1951) ба инкишофи илмҳои дақиқ ва илмҳои ҷомеашиносӣ имконоти васеъ пайдо шуд. Муҳаққиқони тоҷик дар тамоми илмҳо ба бозёфту кашфиётҳо ноил гаштанд. Илми тоҷик берун аз ҷумҳурӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳон шӯҳрат ёфт. Дар пешрафти комёбиҳои илми тоҷик дар солҳои баъдиҷангӣ баробари олимони дигар хизмати академикҳо А. Баҳоваддинов, Ҳ. Мансуров, Ғ.Алиев, А.Адҳамов, И. Нарзиқулов, М. Нарзиқулов, Э. Нӯъмонов, И. Абдусаломов, М. Ғуломов, Н.Усмонов, М.Исмоилов, Р. Ғаффоров, А. Ғафуров, Ш. Умаров, Ф.Ҳакимов ва садҳо номзаду докторҳои илм беназир аст. Аксар сарвари пажӯҳишгоҳҳо, барандаи ҷоизаҳо, аз ҷумла Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ Сино мебошанд. Бо ордени Ленин, дигар ордену медалҳо мукофотонида шудаанд.

Заҳматҳои зиёиён дар ташаккулу инкишофи соҳаҳои мухталифи санъати касбии муосири тоҷик бағоят бузург аст. Дар байни онҳо ҳунарпешагони драмавӣ, фоҷеавӣ, мазҳакавӣ, операвӣ, ба саҳнагузорандагон, раққосон, ороишгарони саҳна, дирижёрон, ҳофизону навозандагон, устодони шашмақом, рассомон ҳастанд, ки санъати тоҷикро берун аз ҷумҳурӣ маълуму машҳур кардаанд. Агар Ҳоҷӣ Аҳмадов ва Ҳалим Тоҳиров аз поягузорони операи тоҷикӣ бошанд, Лутфия Кабирова ин санъатро бо овози ширадору ҷаззоби худ ба авҷи ниҳоӣ расонида, сазовори унвони Артисти халқии СССР гардид. Инчунин Ҳ.Тоҳиров Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон буда, чанд муддат саррежисёри театри опера ва балет буд. Вай дар ду Даҳаи адабиёти тоҷик ширкат варзида, бо се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст. Арбоби ҳунари Тоҷикистон Шамсӣ Низомов солҳои зиёд саррежиссёрии театри опера ва балетро ба ӯҳда дорад. Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон М. Халилов, М. Зиёев, Ш. Қиёмов, Оқил Зиёев, Ш. Бобокалонов, Ҳунарпешагони шоистаи ҷумҳурӣ М. Косимова, М. Камолова, М. Баҳор, Б. Раҷабов, О.Исомова, М. Ҷӯрабекова ва дигарон дар театри давлатии тоҷик (ҳоло Театри давлатии драмаи академии ба номи А. Лоҳутӣ), Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ заҳмат кашида, дар ташаккулу инкишофи санъати театрии касбии тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд. Филмбардорон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Тоҳир Собиров, Валерий Аҳадов, Анвар Тӯраев ва чанде дигар дар соҳаи санъати кино хизматҳои шоиста карданд ва бисёр филмҳои мондагор офариданд. Оҳангсозон низ дар ташаккулу равнақи мусиқии касбии тоҷикӣ хизматҳои шоиста кардаанд. Инҳо ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Зиёдулло Шаҳидӣ, Аъзам Камолов, Амон Ҳамдамов, Насим Пӯлодов мебошанд, ки баъзеҳо Раиси правленияи Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистонро ба ӯҳда дошта, бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ» қадр карда шудаанд. Имрӯз оҳангсозони боистеъдод Толиб Шаҳидӣ ва Фирӯз Баҳор мусиқии касбии тоҷикиро ба миқёси ҷаҳон тарғибу ташвиқ карда истодаанд.

Дар санъати тасвирию рассомӣ Корманди шоистаи Тоҷикистон М. Хошмуҳаммадовро, ки устоди натюрморт, чеҳранигорӣ ва манзаранигорӣ мебошад, метавон ном бурд. Ӯ яке аз саромадони санъати тасвирии муосири тоҷикӣ аст. Зеро Комбинати бадеии Душанбе, ки танҳо шӯъбаҳои мусиқӣ ва балет дошт, М. Хошмуҳаммадов шӯъбаи санъати тасвириро таъсис дод. Вай се навбат Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон интихоб гашта, бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст. Рассоми халқии Тоҷикистон, устоди кандакори наҷҷор ва мусаввири номӣ Сироҷиддин Нуриддинов, ки аксар хиёбону биноҳои Душанбе бо дастони мӯъҷизаофараш оро ёфтаанд ва расми шахсиятҳои маъруфро бо ҳунари кандакорӣ кашидааст, дар миёни тамошобинони санъати тасвирӣ маҳбубият дорад. С. Нуриддинов барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад ва бо ордени Ситораи Сурх мукофотонида шудааст. Инчунин рассомон Даврон Сафоев дар ороиши саҳнаи театрҳо ва И. Ғаниев дар ороиши аксар китобҳо саҳм гирифтаанд.

Дар охир бояд гуфт, ки: аз солҳои бистум то ба имрӯз мардуми меҳнатии Самарқанд ҳамчун коргар, деҳқон, бинокор, гилкор, дӯкондор, муҳандис, ихтироъкор, омӯзгору китобдор, табиб, рӯзноманигор, муҳаррир, мусаҳҳеҳ, сарбоз, милиса, посбон дар соҳаҳои саноат, бинокорӣ, кишоварзӣ, савдо, маориф, тандурустӣ, матбуот, нашриёт, китобхона, вазорату кумитаҳои қудратӣ заҳмат кашида, ба тараққиёти хоҷагии халқи Тоҷикистон саҳм гирифтаанд, вале бо тамоми майлу хоҳиши танзимгарони ин китоб имкони ҳамаро фаро гирифтану ном бурдан надоранд, балки ин кор ғайриимкон аст.

Хулоса, мардуми Самарқанд ихтиёран ба Тоҷикистон омада, баҳри ҷумҳурии навбунёди тоҷикон бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона корнамоию ҷонбозиҳо кардаанд. Имрӯз фарзандони баору номус ва сарсупурдаи муҳоҷирони насли якуму дуюм кору пайкори падаронро идома дода, барои истиқлолияти комили Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегиранд.

(Аз қомуси «Аслҳо ва наслҳо» — Душанбе, 2013)