Ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон

Домодталбон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Маросими домодро пазироӣ кардан аз тарафи падару модари арӯсро мегӯянд, ки ин маросим баъд аз 3-4 рӯз ё 2-3 ҳафтаи шаби никоҳ баргузор мегардад. Домод барои пос доштани анъанаҳои аҷдодӣ рӯи худро то ҷашни арӯсӣ аз хешовандони арӯс паноҳ мекунад. Аз ин сабаб бо мақсади шиносондани домод бо аҳли хонаводаи арӯс маросими домодталбон барпо карда мешавад. Ин маросим дар доираи хонавода гузаронида мешавад. Дар Вилояти Суғд, вилояти Хатлон, водии Ҳисор фаъол аст.

Домодсалом, домодчиғон, шаҳсалом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Анъанаи тоҷикон буда, пас аз гузаштани ҷашни арӯсӣ ба хотири эҳтироми хусуру хушдоман баргузор мегардад. Домод се саҳар барои салом додан ба хонаи падарарӯсаш меояд. Дар баъзе минтақаҳо саломи рӯзи аввалро «рӯйбинон», саломи рӯзи дуввумро «шармшикан» ва саломи рӯзи севумро «покушод» меноманд. Дар саросари кишвар фаъол аст.

Домодбарон, шаҳбарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Пештар мардони зиёде дар шакли қофилаи ҷашнӣ домодро иҳота намуда, бо рақсу сурудхонӣ то хонаи арўс мебурданд ва агар каме манзили домод дуртар мебуд, арўсро аспсавор мебурданд. Дар ин раванд ҷўраҳои домод сурудҳои халқии «Аспа савор кай меоӣ?», «Шаҳ меояде», «Шаҳ муборак боде»-ро месароиданд ва рақсу бозикунон мерафтанд. Ҳоло домодро тавассути мошинҳои нави замонавӣ ва бо гулҳои махсус оро додашуда мебаранд. Дар Ҳисор, Шаҳринав, Вилояти Суғд нимфаъол аст.

Интихоби арӯс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Интихоби арӯс, келунхушкунӣ, арӯскобӣ — интихоби арӯс яке аз марҳилаҳои асосӣ ва оғози ҷашни арӯсӣ ба шумор меравад. Волидайни писар деҳа ба деҳа гашта арӯси арзанда меҷустанд. Дар интихоби арӯс хислату рафтор, ҳусну ҷамол, ва ҳатто вазъи оилавии арӯсшаванда пурра ба инобат гирифта мешуд. Духтардор низ ҳуқуқи мавқуф гузоштан ва муайян намудани хулқу атвори домодшавандаро дошт.

Ҷиҳозбарорӣ, Туқузбарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҷиҳозбарорӣ, туқузбарӣ, сарупобарӣ — расмест, ки баъди пурра омода шудани амволи ҷашни арӯсӣ аз ҷониби домод, рӯзеро муайян намуда, ба хонаи арӯс аз ҷониби волидайни домод чанд марду зане ҷиҳози арўсро мебаранд. Дар хонаи арӯс ҷиҳозбиёронро меҳмондорӣ мекунанд. Дугонаҳои арӯс низ барои дидани сару либос ва ҷиҳози овардаи ҷониби домод меоянд. Дар Водии Рашт, водии Ҳисор, вилояти Хатлон нимфаъол аст.

Арӯсбарон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Арӯсбарон — анъанаест, ки лаҳзаи аз хонаи модар баровардани арӯс ва то хонаи домод бурдани ӯро дар бар мегирад. Арӯс дар зери либосҳои арӯсӣ ва дар паҳлӯяш дугонаи наздик (шоҳидааш) қарор мегирад. Ҳангоми баровардани арӯс ҳозирин зери навои карнаю сурнай ва дафу таблак рақсу хурсандӣ мекунанд. Падар ва ѐ бобои арӯс ӯро дуои хайр дода, ба хонаи домод гусел менамояд. Солҳои пеш арӯсро тавассути аспу ароба ва агар хонаи домод наздиктар бошад, пиѐда рақсу сурудхонон мебурданд.

Арӯсбарон дар гузашта бо аспҳо (имрӯз бо қофилаи мошинҳо), бо тантанаву шодӣ, мусиқинавозӣ ва рақсу сурудхонӣ сурат мегирад. Аспи арӯсро орову торо медоданд, ба лаҷоми он рӯймолакҳои сафеду сурх мебастанд. Арӯсро ба асп тағояш (ё бародари калонӣ) менишонд ва боз дар хонаи домод худи ӯ аз асп мефуровард. Дар аспҳои дигар сару либос, сандуқ, чойнику пиёла, кӯрпаву болишт ва дигар лавозимоти арӯсро бор мекарданд. Дар ноҳияи Ҳисор, одатан, арӯсро пас аз дамидани субҳ мебурданд. Пеш аз тарк намудани хонаи падар арӯс бо падараш хайрухуш карда,хам шуда пойи п а д а р а ш р о б ӯ с и д а н ӣ мешавад. Аммо падар ба ӯ ин имконро надода, ӯро аз ҷой мехезонад ва дуои нек медиҳад. Ин амалро мардум «поипадарбӯсӣ» меноманд. Сипас ба бағали арӯс кӯдакеро бо нияти серфарзанд шуданаш медиҳанд. Ҳангоми ба роҳ баромадани қофила санъаткорон пеш-пеш рафта, доираву таблак менавохтанд ва суруду таронаҳо мехонданд.
Қофилаи арӯсӣ серодам мешуд. Ба ғайр аз падару модари арӯс, инчунин бародару хоҳар, хешу таборҳои наздик ва баъзе ҳамсояҳову дугонаҳои арӯс низ ҳамроҳ мешуданд. Дар хонаи домод онҳоро бо хурсандиҳо пешвоз мегирифтанд. Ду-се нафар занҳо доира зада, сурудхонӣ мекарданд. Вақте ки аспи арӯс ба ҳавлии домод ворид шуд, сарҷилав – шахси наздики арӯс (тағо, бародар) каме сабр карда, ба арӯс иҷозати фуромадан намедиҳад. Пас аз оне ки ба ӯ ягон туҳфаи муносиб, сарупо (куртаву шалвор), ё ҷомаву миёнбанд оварда, тақдим карданд, ӯ арӯсро аз асп мефурорад. Дар байни мардуми ноҳияи Варзоб расме буд, ки ба ҳавлии домод даромадани арӯс дар пеши пойи ӯ буз ё гӯсфандеро сар мезаданд. Сипас сари ҷонварро аз танаш ҷудо карда, ҷасадашро ба ҷавонон медоданд. Дар байни ҷавонони деҳа ва меҳмонони омада бузкашии пиёда сурат мегирифт, ки онро «пиёдаулоқ» меномиданд. Гурӯҳи ғолиб ҷонвари қурбониро бурда, дар хонаи яке аз дӯстон бирён карда мехӯрданд. Дар ҳавлӣ гулхане меафрӯхтанд, ки арӯс бо дугонаҳову наздиконаш се маротиба гирди он давр мезад ва сипас ба хонаи бахт қадам мегузошт. Чунин гулханафрӯзӣ дар байни тоҷикони водиҳои Ҳисору Зарафшон, Фарғона, Самарқанду Бухоро, Хуҷанд ва ғайра маъмул буд. Ҳангоми ба арӯсхона ворид шудани арӯс аз ҷониби бибихалифа «Саломнома» хонда мешавад. Занҳои дигар пас аз ҳар як сатр хондани ӯ ҳама якҷоя «ҳазор алек» гуфта, ҷавоб медиҳанд. Дар ноҳияи Ҳисор пеш аз воридашавии арӯс ба таги чодар маросими «кампирмурд» гузаронида мешавад. Хушдоман ё хушдоманкалони арӯс ба пеши пойи арӯс худро партофта чун мурда вонамуд мекунад. Арӯс бояд рафта ӯро бардошта ба пой рост кунад. Кампир сипас ба арӯс дуои нек медиҳад. Пас аз рафтан ба таги чодар бо рамзу ниятҳо чароғ рӯшан мекунанд, испанд дуд мекунанд ва ба арӯс ширинӣ мехӯронанд. Баъд аз ин одати дигаре иҷро мешавад, ки онро «келиншинонӣ» меноманд.
Дар замони мо Арӯсбарон бо тантанаву сурур мегузарад. Арӯс бо мошинҳои орододашуда ҳамроҳи домод ва дугонаҳояш ба тӯйхона меояд. Дар мавриди Арӯсбарон хондани сурудҳои тӯёнаи “Ёр – ёр”, “Нақш” (дар ноҳ. шим. Тоҷикистон) ва “Тӯй муборак бод, арӯс саломат бод” (дар ноҳ.ҷанубӣ) маълум ва машҳур аст.

Арӯсталбон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Арӯсталбон — баъд аз гузаштани як ҳафта, ѐ чанд моҳи маросими ҷашни арӯсӣ модари арӯс кулча, дастархон омода намуда, ҳамроҳи як зани дигар ба хонаи духтараш меояд. Модари домод зиѐфат ороста ҳамсоязанҳоро ба назди ӯ даъват менамод. Ин маросим арӯсталбон ва дар баъзе аз минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳафтаталбон ном дорад, зеро модари арӯс духтарашро ҳамроҳи домод бори аввал баъди тӯяшон ба хонаи худ ба меҳмонӣ даъват менамояд. Дар Ҳисор баъд аз як ҳафта ё бештар аз тарафи волидайни арӯс ба хонаи домод шахсеро фиристода навхонадоронро ба хонаи падари арӯс даъват менамоянд. Барои ин маросим хонаводаи домод тайёрии махсус мебинад. Дастархонҳоро пур аз нону кулча, самбӯса, қанду шириниҳо ва ғайра карда ба роҳ мебароянд. Арӯсро модару хоҳар ва бонувони дигари наздики домод ҳамроҳӣ мекунанд. Домод бо падару бародарон ва тағою амакҳояш ҳамроҳ мебошад. Ҳангоми ба хонаи хусур расидан ба зери пойи домод пойандоз мепартоянд, ки пас аз гузаштани домод аз болои он ҷӯраҳо ва хешон пойандозро талош карда, байни худ тақсим карда мегиранд. Пойандоз бо нияти муборак ва нек шудани қадами домод ба ин хонадон густурда мешавад. Дар Самарқанд ин ойинро ба таври кӯтоҳ «талбон» мегӯянд. Дар аввал бибихалифа «Саломнома» мехонад, сипас занҳо доира навохта рақсу хурсандӣ мекунанд. Арӯсталбон маросими интиҳоии ҷашни арӯсии тоҷикон ба шумор меравад. Ҳадаф аз баргузории ин маросим шиносонидани домод ба хешовандони арӯс мебошад. Баъд аз ин навхонадорон озодона ба хонаи волидайни арӯс рафтуо мекунанд. Аз ин сабаб ин маросимро дар баъзе ҷойҳо «пешипокушоӣ» низ меноманд.

Рӯйбинон, Арӯсбинон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Рӯйбинон (арӯсбинон) — маросимест, ки баъд аз ба хонаи домод овардани арӯс баргузор мегардад. Дар ин маросим аслан занҳо ширкат меварзанд. Модар, апаю хохар, холаю аммаҳо, умуман хешу табори домод, ҳамсоязанҳо ҳар кадоме бо худ тӯҳфае гирифта барои дидани арӯс медарояд ва рӯймоли калони арӯсро боло намуда аз рӯхсораҳои ӯ мебӯсад. Ҳар кадоме аз рӯи қудраташ ба арӯс ва оилаи нав тӯҳфа тақдим менамоянд. Пас аз ин бонувон доиранавозӣ ва сурдхонию рақс барпо менамоянд