Ҷашни 75 — солагӣ фархунда бод!

 Фирӯз БАҲОР (Тав. 19. 11. 1942, ш. Сталинобод (ҳоло – Душанбе), оҳангсоз. Фарзанди Ҳоҷӣ Аҳмадов (ниг.) ва Мулук Баҳор. Ҳунарманди хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1990). Барандаи Ҷоизаи Озмуни умумиит. оҳангсозони ҷавон (1969), Ҷоизаи Комсомоли Ленинии Тоҷикистон (1977), Ҷоизаи Озмуни умумиит. Оҳангсозон бахшида ба 60-солагии Инқилоби Октябр (1978), дипломдори Фестивали санъати театрии «Парасту» дар ҶТ, барои операи «Мақоми ишқ» (1993), Ҷоизаи аввали Озмуни байналмилалии композиторон ба номи С. Прокофйев (Санкт- Петербург, 2008).

Фирӯз Баҳор омӯзишгоҳи мусиқии ш. Душанбе, факултети иҷрокунандаи фортепианои Институти давл. мус.–пед. ба номи Гнессинҳои Москва (1967) ва факултети оҳангсозии Консерватрияи Тошкандро хатм кардааст. Омӯзгори каф. назарияи мус. ИДСТ (ҳоло – ДФСТ) ба номи М. Турсунзода (1971-1976). Котиби Правленияи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (аз с.1976). Дар жанрҳои гуногуни мусиқии муосир (балет, симфония, кантата, хор, достонҳои симфонӣ, консерт барои созҳои гуногуни мус.), барои спектаклу кинофилмҳо ва ғ. асарҳо эҷод кардааст. Аз ҷумла балети «Дувалронии нозанин» (1981), 4 симфония (1974, 1976, 1980, 1984), симфонияи «Бузург» (ба хотираи Абӯалии Сино) инчунин симфонияҳои «Достон» (1969) ва «Мароканд» (1970). Достони симфонии «Мароканд» шӯҳрати муаллифро дар саросари собиқ СССР ва хориҷа (Англия, Булғория, Чехословакия, Югославия) афзудааст. Муаллифи зиёда аз 50 суруд, инчунин суруду мус. намоишнома ва кинофилмҳост.  С. 1996 бо оилааш ба Олмон кӯчидааст. Дар Берлин маҳфили мусиқии «Найи пурасрор»-ро таъсис додааст (1997- 2007). Бо ордени «Дӯстӣ» (ҶТ) мукофотонида шудааст (2007).