Ҷашни 70 — солагӣ муборак!

Муҳаммад ХОЛИҚ (Тав. 21. 10. 1947, ш. Душанбе), шоир, ход. давл. ва ҷамъиятӣ Узви ИН Тоҷикистон (аз с. 2002). Дастпарвари мак. миёнаи №53 ш. Душанбе (1966). Бахши форсии фак. шарқш. УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ)- ро хатм намудааст (1971). Ассис. каф. фал. ИПД ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло – ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 1971-1972). Лектори шӯъбаи тарғибу таблиғу ташвиқи КМ ЛКСМ Тоҷ. (1972-1973), корм. калони илмии ИТИИПТ (1973-1974), инструктори корҳои мад. оммавии Ком. ҷум.-явии Ит. касабаи корм. хоҷ. қишл. ва маҳсулоттайёркунӣ (1974-1976), инспектори калони Шӯрои намояндагии дину оини Сов. Ваз. СССР дар Тоҷ. (1976-1981), тарҷ. гурӯҳи мушовирон дар РДА (1981-1985), муҳаррири гурӯҳи нашру таҳрири Мудирияти Корҳои Сов. Ваз. Тоҷ., (1985 -1988), референти калони Котиботи Мудирияти Кумитаи давлатии агросаноатии Тоҷ. (1988), ёвари Раиси Сов. Ваз. (1990), ёвари Раиси Шӯрои Олии ҶТ (1990-1992), муд. дафтардории Раиси Шӯрои Олӣ ва муовинони раиси Шӯрои Олии ҶТ (1992-1993), муовини дир. генералии Биржаи агросаноатии «Шамъ» оид ба масъалаҳои равобити иқт. хориҷӣ (1993-2000), сармутахассиси Раёсати робитаҳо бо кишварҳои ИДМ оид ба муносибатҳои дутарафаи Ваз. иқт. ва савдои ҶТ (2001-2003), референт-тарҷ. шӯъбаи ташкилӣ ва равобити байналмилалии Фед. ит. касабаи Тоҷ. (2003-2004), ёвари Раиси Фед. ит. касабаи мустақили Тоҷ. (2004-2008), мушовир оид ба лоиҳаҳои Иттиҳодияи ҷамъиятии «Рӯё» (2009-2010), сармутах. Шӯъбаи экспертизаи забоншиносӣ Ком. заб. ва истилоҳоти назди Ҳук. ҶТ (2010-12). Аз с. 2012 – мушовири ТҶ «Рӯё».