Хотирот

Ба хотираи шахсиятҳои барҷастаи Тоҷикистон

 

Раҳим ҲОШИМ (Тав. 5. 10. 1908, гуз. Боғимайдони н. Самарқанд – ваф. 24. 10. 1993, ш. Душанбе), адабиётш инос, тарҷумон. Номзади илми филология(1963). Ход. хизм. илми Тоҷикистон (1978). Узви ИН (аз с. 1960). Мак. ибтидоии усули навро хатм кардааст (1916), дар мак. навташкиле, ки дар он устод Айнӣ дарс мегуфт (1917) ва баъд дар мак. русӣ, Дорулмуаллимини Самарқанд таълим гирифтааст (1918-20). Ход. адаб. рӯзн. «Зарафшон» ва маҷ. «Маориф ва ӯқитувчи», «Раҳбари дониш» (1920-25), кот. масъули маҷ. «Раҳбари дониш» (1926; 1934-35), муҳар. ва тарҷ. Нашр. давл. Тоҷ. дар Самарқанд (1927-30, 1935-36). С. 1930 ба Тоҷ. омадааст. Кот. масъули ИН Тоҷ. (1933-34). Иштир. Анҷ. якуми навис.-ни СССР дар Москва (1934). Аз с. 1944 то 1954 дар бадарғаи Сибир буд. Аз с. 1955 то охири умр ход. илмии ИЗА ба номи Рӯдакӣ. Аввалин мақолааш «Жадид шоир Саидаҳмад Сиддиқий» дар маҷ. «Маориф ва ӯқитувчи» чоп шудааст (1928, №10). Муаллифи зиёда аз 500 асару рисола, мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ, китоби дарсӣ, аз ҷумла «Ҳайкали назм» (1965), «Сухан аз устодон ва дӯстон» (1971, 1983), «Пире, ки ҷавон шудааст» (1973), «Сино» (1975), «Абурайҳони Берунӣ» (1980), «Бо чашми виҷдон» (бо ҳамқаламии Р. Фиш, 1978 (тоҷ.), 1979 (русӣ), китобҳои дарсии «Ҷаҳони нав» (1928), «Алифбои нав барои мактаби савод» (1929), «Сохтмони нав» (Хрестомати я, 1930), «Соли дуюм» (китоби қироат, 1931), «Соли сеюм» (китоби қироат, 1931), «Учебник таджикского языка для русских служащих в госаппарате Таджикской ССР», «Роҳи нав», «5 дар 4» (бо ҳамқаламии С. Айнӣ, П. Сулаймонӣ, В. Лубенсов) ва ғ. Дар таълифу таҳрири луғатҳои тоҷ., дузабона, фразеологӣ ва истилоҳии «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (1933, 1985), «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (1969) ва ғ. саҳм гузоштааст. Асарҳои Абулқосим Фирдавсӣ, Маликушшуаро Баҳор, Фузулӣ, М. Ф. Охундов ва диг. класс. адаб. Шарқро ба нашр ҳозир кардааст. Узви ҳайати таҳририяи нашрияҳои ИЗА ба номи Рӯдакии АИ ҶТ, узви ҳайати таҳририяи «Куллиёт»-и С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ. Тарҷ. чандин асари В. И. Ленин, асарҳои М. Горкий («Модар», «Қиссаҳои Италия», пиесаҳои «Дар қаъри ҳаёт», «Мешанҳо», «Боғнишинон», «Душманон», «Егор Буличёв ва дигарон»), Марк Твен («Шоҳзода ва гадо»), Д. Дефо («Робинзон Крузо»), А. Н. Радишев («Саёҳат аз Петербург ба Москва»), В. Г. Короленко («Мусиқачии нобино»), М. Ю. Лермонтов («Мтсири»), А. Фадеев («Гвардияи ҷавон», кит. 2), А. И. Гертсен («Кӣ айбдор?»), И. А. Гончаров («Ҳодисаи оддӣ»), Л. Н. Толстой («Анна Каренина»), В. Ян («Чингизхон»), Нозим Ҳикмат («Абри ошиқ»), Г. Фигейредо («Эзоп»), Р. Нурӣ («Чаманоро») ва ғ. ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

 


МУҲИДДИНОВ Хуршед Юсупович (Тав. 16. 10. 1937, д. Чоршанбеи н. Самарқанд), бостоншинос, муҳаққиқи замони атиқаӣ. Номз. илмҳои таърих (1974). Дотс. Дастпарвари мак. миёнаи №16 н. Самарқанд (1952). Фак. таърихи УДС (ҳоло – ДДС) ба номи Алишер Навоиро хатм кардааст (1960). Муал. мак. миёнаи «40-солагии Октябр»-и н. Регар (ҳоло – Турсунзода, 1960-61), лабор. калон (1961-65), ход. хурди илмии бахши бостонш. ва сиккаш. Ин.-ути таърихи АФ Тоҷ. (1965-75), дотс. каф. «Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна»-и УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ, 1975-94). Дар мавзӯи «Ҳайкалчаҳои гилии Саксанохур ҳамчун сарчашмаи таъриху фарҳанги Бохтари шимолӣ» дар Ин.-ути шарқш. АФ СССР рисолаи номз. дифоъ кардааст (1974). С. 1994 ба Самарқанд кӯчидааст. Дир. осорхонаи бостонш. «Афросиёб»-и ш. Самарқанд, ҳамзамон дотс. ДДС ш. Самарқанд (1994-07). Аз с. 2007 – нафақахӯр. Дар ҳайати гурӯҳи бахши бостонш. ва сиккаш. Ин.-ути таърихи АИ Тоҷикистон дар шаҳристони Саксанохури н. Фархор ҳамроҳи Б. Н. Литвинскийи шарқш. ҳафриёт гузарондааст (1966-67; 1971-77). Ҳамчун роҳбари гурӯҳи бостонш. Тоҷ. ҷанубӣ дар соҳили дарёи Сурхоб дар қабристони Макони мор ёдгориҳои асрҳои баъди давраи биринҷиро кашф кардааст (1966-68). Муаллифи китоби «Античное городище Саксанохур» (Южный Таджикистан), Д., 1974, «Саксанохурские матрицы для формовки мужских статуэток» дар маҷмӯаи «Материальная культура Таджикистана» вып. 4, Д., 1987.

 

 


ЁРБОБОЕВ Иззатулло Ғаниевич (Тав. 12. 10. 1918, гуз. Сӯзангарони ш. Самарқанд – ваф. 4. 02. 2003, Душанбе), прокурор. УДС ба номи А. Навоиро хатм намудааст (1942). Дир. мак. миёна, сардори идораи маор. халқ (1942-1943). Кот. Комиҷроияи вил. Сталинобод (1943-1947). Курси такмили ихтисосро дар ш. Харкови Украина (1948) ва Курси Олии такмили ихтисоси корм. Прокуратураи генералии СССР-ро дар ш. Москва хатм намудааст (1952). Прокурори н. Сиёби ш. Самарқанд (1947-1949), прокурори ш. Панҷакент (1949-52), Ленинобод (ҳоло-Хуҷанд, 1952-1955), Ӯротеппа (ҳоло- Истаравшан, 1955-1959), н. Ғарм (ҳоло — Рашт, 1960-1965). С. 1965-1976 дар Прокуратураи Генералии ҶТ вазифаҳои гуногуни масъулро бар ӯҳда дошт. Баъди баромадан ба нафақа (1976) дар ИТТ (ҳоло – ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар вазифаи проректор оид ба масъалаҳои маъмурӣ-хоҷагӣ ва дар вазифаҳои маъмурии идораҳои ш. Душанбе кор кардааст. Бо Грам. Фахрии През. Сов. Олии Тоҷ. ва мед.-ҳо мукофотонида шудааст.

 

 

 

 


ИСМОИЛОВ Исроил Исмоилович (Тав. 27. 10. 1939, гуз. Ашӯр Муҳаммади ш. Самарқанд – ваф.29.03. 2011), олими физ., пед. Узви вобастаи АИ Ҷум. Тоҷ. (аз с. 1993), проф. (1984), док. илмҳои физика ва мат. (1981), «Арбоби хизм. илми   Тоҷикистон » (1996), Корманди шоистаи илми   Тоҷикистон (1996). Дастпарвари мак. миёнаи №6 ш. Самарқанд 1963 ба кори шӯъбаи физ. ва мат. АИ Тоҷикистон гузаштааст (аз с. 1965 – ИФТ ба номи С. У. Умаров). Фаъолияти илмиаш с. 60 дар Ин.-ути машҳури физ. ба номи П. Н. Лебедеви АИ СССР оғоз ёфтааст: асп. Ин.-ути физ. ба номи П. Н. Лебедеви АИ СССР (1965-68), дифои рисолаи номз. дар мавзӯи «Генераторҳои нимноқилии квантӣ дар асоси пайвастагиҳои А3 В5 ва маҳлули сахти онҳо» (1968). Ихтироъкори якчанд навъи диодҳои нави лазерии диапазонашон аз 0, 65 то 1,2 мкм. Яке аз ташкилкунандагони Лабор. «Электроникаи квантӣ» дар ИФТ ба номи С. У. Умаров, ки аз с. 1972 то ҳол муд. он аст. Рисолаи док.-ро дар мавзӯи «Нурафкании лазер ва люминессенсияи фосфиди индия ва маҳлулҳои сахт дар он» дар Ин.-ути физ. ба номи П. А. Лебедеви АФ СССР дифоъ намудааст. Натиҷаи таҳқиқоташ дар НПО «Полюс»-и Москва, Бюрои марказии конструктории «Астрофизика»-и Москва, НПО «Далняя связ»-и Санкт Петербург, НПО «Импулс»-и Москва ва ташкилотҳои диг. Россия истифода шудаанд. Ташкилкунанда ва иштир. Конф. умумиит. оид ба лазерҳои нимноқил, ки моҳи октябри с. 1993 дар Душанбе барпо гардид. Узви Шӯрои АИ СССР оид ба проблемаҳои «Физ. ва химияи нимноқилҳо». Муаллифи   170 мақолаю асари илмӣ ва як ихтироот, аз ҷумла асари (бо ҳамқаламии Л. М. Долгинов ва П. Г. Елисеев) «Асбобҳои инжексионии нурафканӣ дар асоси маҳлулҳои сахти сертаркибаи нимноқилӣ» (М., 1980), мон. «Асбобҳои оптоэлектронии нурафкан дар асоси фосфиди индия ва маводи ҳамқарин» (Д., 1986), «Фосфиди индия дар электроникаи нимноқилӣ» (бо ҳамқаламии П. Г. Елисеев, Кишинёв, 1988), мон.«Гетеросохторҳои нимноқил дар асоси фосфиди индия дар оптоэлектроникаи муосир» (Д., 2007), ки соли 2008 сазовори мед. ва ҷоизаи ба номи акад. С. У. Умаров гардид, мон. «Лазерҳои инжексионӣ ва диодҳои нурафкан дар асоси пайвастагиҳои А3 В5» (Д., 2009). Роҳбари илмии панҷ унвонҷӯе, ки рисолаи номз. дифоъ кардаанд. Узви Шӯрои дифои рисолаҳои номз. ва док.-ии ДМТ, узви чунин шӯроҳо дар Ин.-ути «Электроника»-и АИ Ҷум. Ӯзбекистон(ш. Тошканд), ДДТ ба номи М. С. Осимӣ буд. Бо мед «Барои меҳнати диловарона» (1976), Грам. Фахрии ҷамъияти «Дониш»-и Тоҷикистон, Грам. Фахрии През. АИ Ҷум. Тоҷикистон мукофотонида шудааст. (1957).

This article has 1 Comment

  1. Эй онки пой монию ойӣ ба ҷӯи ман,
    Биншин ба рӯи хоки ман — ин орзӯи ман.
    Армони ношикастаи ман санги гӯр шуд,
    Акнун бишамм зи сабзаи гӯрам ту бӯи ман.

    Аз эҷодиёти Амонбек Шоҳзода
    ***
    Рӯҳашон шод боду манзили охираташон обод!

Comments are closed.