Хатсайри нақлиёти мусофирон байни Тоҷикистону Ӯзбекистон

16 майи соли 2018 нахустин автобуси ширкати «Asian Express Terminal» — и Тоҷикистон аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон гардид. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕР аз шаҳри Тошканд хабар медиҳад, ба ҳайати Тоҷикистонро дар Ӯзбекистон бо нону намак ва садои карнаю сурнай истиқбол гирифтанд. Ба ҳайати Тоҷикистон, ки ба Ӯзбекистон сафар намуд, намояндагони Вазорати нақлиёти ҶТ, илму адаб ва рӯзноманигорон шомил мебошанд. Раиси маркази миллӣ-мадании тоҷикони Ӯзбекистон Шарофат Эрматова ҳайати Тоҷикистонро ба Тошканд хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки рушди муносиботи ду кишвар хеле назаррас мебошад.

15 май аввалин автобусҳои ширкати «Манзара Туризм»-и Ӯзбекистон вориди шаҳри бостонии Хуҷанд шуда, ҳайати меҳмонон аз мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангии он дидан намуданд.

Директори нақлиёти ширкати «Осиё Гурӯҳ Тоҷикистон» Султон Саломов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изброз дошт, ки ин нахустин автобус дар хатсайри байналмилалии Хуҷанд-Тошканд мебошад, ки инак вориди пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон — шаҳри Тошканд шуд ва минбаъд мунтазам фаъолит мекунад. «Дар оянда дигар хатсайрҳо, ба монанди Хуҷанд-Конибодом-Қуқанд, Панҷакент-Самарқанд, Душанбе-Термиз, Душанбе -Деҳнав ва Душанбе-Самарқанд-Бухоро ба роҳ монда мешаванд», — иттилоъ дод С. Саломов.

Ба гуфтаи масъулин, ҳоло нархи роҳкиро аз ҳарду ҷониб 50 сомонӣ муқаррар гардидааст. Ҳар рӯз аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 2 — маротиба хатсайр ба роҳ монда шудааст, ки яке соати 8 субҳ ва дигаре соати 12 ба роҳ мебароянд.


Сарчашма: АМИТ «Ховар» 16.05.2018

This article has 1 Comment

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *