Рӯзҳои ёдбуд дар моҳи сентябр

РАҲМАТОВ Истад Облоқулович (Тав. 1. 09. 1947, қ. Кулбаи Поёни н. Самарқанд), иқтисодшинос. Номзади илми иқтисод (1977), дотс. (1981). Баъди хатми мак. миёнаи №33 н. Самарқанд ба номи М. Горкий (1964) дар фак. иқт. (шӯъбаи иқт. савдои) УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ) таҳсил кардааст (1964-1968). Ассис. каф. иқт. сиёсии ИТТ (ҳоло – ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1968-1972). Баъд аз хизмати Арм. Сов. (1972-1973), асп. (1973-1977), ассис., муал. калон ва дотс. каф. иқт. сиёсии фак. иқт. УДТ ба номи В. И. Ленин (1978-83), сафари хидматӣ ба Афғонистон-омӯзгори каф. иқт. сиёсии Дон. Кобул (1983-1996). С. 1993 ба зодгоҳаш ш. Самарқанд кӯчидааст. Аз с. 1996 – муд. каф. Фанҳои иқт. Коллеҷи иқт. ш. Самарқанд. Муаллифи зиёда аз 20 мақолаи илмию методӣ, китоби дарсӣ ва дастурамалҳо.

Бо мед. « Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» ва чандин Грам. Фахрии соҳавӣ мукофотонида шудааст.

 

 

 


УСМОНОВ Раҳмонқул Ҷабборович (Тав. 1. 09. 1928, гуз. Чақари ш. Самарқанд – ваф. 28. 12. 2011, ш. Душанбе, омӯзгор. Номзади илми таърих (1971), дотс. (1984). «Аълочии маор. халқи Тоҷ. » (1984). Бародари Мардонқул ва Аҳрор Усмоновҳо (ниг.). Бахши таърихи фак. Таъриху фил. УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ)-ро хатм кардааст (1953). Омӯзгори УДТ (1993) ва дигар мак.-ҳои олии ҶТ (1953- 1990). Муаллифи асарҳои «Фаъолияти шӯъбаҳои сиёсӣ дар мустаҳкам намудани совхозҳои Тоҷикистон» (Д., 1974), «Ҳизби коммунисти Тоҷ. ва сохтмони совхозҳо» (Д.,1979) ва ғ.

Бо мед. «Ветерани меҳнат» ва бисёр Грам. Фахрии соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст.

 

 

 

 

 


АДҲАМОВ Акобир Аҳтамович (Тав. 04. 09. 1928. гуз. Қӯшҳавзи ш. Самарқанд – ваф. 12. 11. 1993, ш.Душанбе), физик, академики АФ Тоҷ. (1968), узви вобастаи АФ Тоҷ. (1957), доктори илмҳои физ. ва мат. (1964), проф. (1966). Узви Шӯрои илмӣ доир ба проблемаҳои ултрасадои АФ СССР ва узви Шӯрои илмӣ оид ба физ. моеъоти назди Ваз. мак. олӣ ва миёнаи махсуси СССР, раиси Шӯрои илмӣ доир ба проблемаҳои амалии АФ Тоҷ., ҷон. раиси Шӯрои илмии УДТ ба номи В, И, Ленин(ҳоло – ДМТ), доир ба додани унвони илмӣ (соҳаи физ. ва мат.), узви ҳайати асосии таҳририяи Сарредак. илмии ЭСТ. Фак. физ. ва мат. УДС (ҳоло – ДДС) ба номи А. Навоӣ (1949), асп. Ун.-ети. давл. Москваро хатм намудааст (1953), дар соҳаи физ. назарӣ рисолаи номз. (1954) ва рисолаи докт. (1964) ҳимоя кардааст. Муал. калон, муд. каф. физ. умумӣ ва назарӣ, дек. фак. физ. Ва мат. УДТ, ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ (1954-65), дир. ИФТ ба номи С. У. Умаров, саркот. илмии През. АФ Тоҷ. (1965-68), акад. – кот. шӯъбаи илмҳои физ. ва мат., геол. ва химияи АФ Тоҷ. (1976-84). Таҳти роҳбарии ӯ дар ИФТ ба номи С. У. Умаров бахши физ. назарӣ ва силсилаи Лабор. ултрасадо, таҳлили рентгеноструктурӣ, таҳлили активатсионӣ, электроникаи квантӣ, криогенӣ ташкил гардид. Тадқ. ӯ ба акустикаи молекулавӣ ва назарияи кинетикии паҳншавии мавҷҳои ултрасадо оиданд. Бори нахуст назарияи кинетикии паҳншавӣ ва фурӯбарии ултрасадоро дар моеъот, назарияи кинетикии эластикӣ ва ғилзату моддаҳои ғайриякҷинса ва ҳодисаҳои интиқолро тадқ. кардааст. Тадқ. илмиро бо фаъолияти пед. пайваста, дар мак. олӣ физ. назариявӣ ва курсҳои махсуси онро таълим додааст, ба кори илмии донишҷӯёну муал. ва асп. роҳбарӣ қардааст. Бо роҳбарии ӯ гурӯҳи мутах. дар соҳаи назарияи кинетикии модда ва физ. ултрасадо рисолаи номз. ҳимоя кардаанд. Муаллифи қариб 100 асари илмист.

Бо орд. «Нишони Фахрӣ» ва мед. бисёр мукофотонида шудааст. Дар ш. Душанбе ва ш. Самарканд кӯчаҳо ба номаш гузошта шудаанд.

 

 


ҚОБИЛОВ Ориф Тӯраевич (Тав. 1914, гуз. Гӯри Мири ш. Самарқанд – ваф. 15. 04. 2003, ш. Душанбе), инженер бинокор, корм. ҳизбӣ–давл. Иштир. ҶБВ-ии с. 1941-1945. Баъд аз хатми мак. миёнаи зодгохаш (1932) дар Ин.-ути сохтмони ш. Тошканд таҳсил кардааст (1932-37). Муал. Омӯз. бинокории ш. Самарқанд (1937-38). С. 1938 ба Сталинобод (ҳоло– Душанбе) омадааст: ход. калони илмӣ, муд. шӯъбаи Комиссариати халқии замин оид ба чорводории ш. Сталинобод (1937-39). С. 1939 ба кори ҳизбӣ гузаштааст: ҷон. муд. шӯъбаи пропаганда ва агитатсияи ком. ҳизбии н. Сталинобод (1939-41). Хизмат дар сафи Арм. Сурх(1941-43). Пас аз захмдор шуда аз ҷанг баргаштан муд. шӯъбаи мак.-ҳои обкомпартияи Сталинобод (1943-45). С. 1945-46 дар Курсҳои корм. фаъоли ҳизбии назди КМВКП (б) ш. Москва таҳсил кардааст. Ҷон. кот. обкомпар- тияи Сталинобод оид ба чорводорӣ (1946-49), инструктори шуъбаи хоҷ. қишл. КМ ПК (б) Тоҷ. (1949-51), кот. якуми райкомпартияи Ғарм (1951-52), нозири Ком. назорати давл. назди Сов. Ваз. Тоҷ. (1952-55), ҷон. муд. Трести «Промстрой»-и ш. Душанбе (1955-74).

Бо 4 мед. ҷангӣ ва меҳнатӣ, бисёр Грам. Фахрии соҳавӣ мукофотонида шудааст.

 

 


ҚОБИЛОВ Шокир (Тав. 1918, ш. Самарқанд – ваф. номалум), геолог. Инженери хизм. Тоҷ. (1968), номзади илми геол.-минер. (1965). Дон. Индустриявии Осиёи Миёнаро хатм кардааст (1940): геол., саринж. ва сардори гурӯҳи ҷустуҷӯи геол. Системаи Упр. геол. Тоҷ., и. в. муд. музеи геол. Ин.-ути геол. АИ Тоҷ., муд. шӯъбаи Упр. (Садорати) Корҳои Шӯрои Ваз. Тоҷ. (1961-67), ваз. хоҷ. коммуналии Тоҷ. (1967- 78). Деп. Сов. Олии Тоҷ. даъватҳои ҳафтум (1963-67), ҳаштум (1971-74).

Бо орд. Байрақи Сурхи Меҳнат ва бисёр мед., Грам. Фахрии През. Сов. Олии Тоҷ. мукофотонида шудааст.

 

 

 

 

 


ҚОСИМОВ Фаридун Абдулҳакимович (Тав. 05. 09. 1936, ш. Душанбе – ваф. 03.04.2013, дар ҳамон ҷо), инженер. Фарзанди Қосимов Абдулҳаким ва Қосимова Музаффара (ниг.). Баъди таҳсили синфи 9 дар Техн. технологии Душанбе хондааст (1956-59). Фак. истифодабарии нақлиёти автом. ИПТ (ҳоло – ИТТ ба номи М. Осимӣ)-ро хатм кардааст (1965). Саринж. шӯъбаи идоракунии истеҳсолот (1965-66), инспектори тех. ва дар айни замон муд. шӯъбаи ҳифзи меҳнати Ит. касабаи Тоҷ. (1967-79), сардори сехи сирандуди зарфҳои сафолии корхонаи рангу локи Душанбе (1979-82), ҷон. дир. оид ба таъминот (1982), сардори шӯъбаи таъминоти АФ Тоҷ. (1982-86), сардори шӯъбаи таъминоти Комб. гӯшти ш. Душанбе (1986-90), сардори шӯъбаи таъминот, и. в. дир. ТДДР ба номи В. Л. Маяковский (1990-95). Иштир. Фест. умумиҷаҳонии донишҷӯён (Москва, 1957).

Бо мед. «Барои ободонии заминҳои бекорхобида» (1958), бо чандин Грам. Ит. касабаи Тоҷ. мукофотонида шудааст.

 

 

 


АБДУРАҲМОНОВ Ҳабиб Абдураҳмонович  (Тав. 5. 09. 1909, н. Сиёби ш. Самарқанд – ваф. 2. 09. 1962, ш. Душанбе), корманди ҳизбию сов.  Иштир. ҶБВ-ии с. 1941-1945. Фаъолияти меҳн. ҳанӯз дар с.-ҳои таҳсил дар мадраса аз шогирди фурӯшгоҳи китоб оғоз ёфтааст (1926). С. 1931 ба Сталинобод (ҳоло – Душанбе) омадааст. То оғози ҶБВ дар риштаҳои гуногуни мартабаҳои роҳбарии «Тоҷиккитоб» кор кардааст (1931-41). С. 1946 аз ҶБВ ба Ватан баргашта, дар идораи байниҷум.-явии Осиёимиёнагии «Ювелирторг»-и ш. Сталинобод ба ҳайси дир. (1946-50), сардори идораи «Тоҷиккитоб» (1950-62) ифои вазифа кардааст. Дар нашри осори адабии шоирону навис. тоҷ. ва сов. саҳми калон гузоштааст. Борҳо деп. Сов. меҳн. н. ва ш. интихоб шудааст.

Бо бисёр орд. ва мед. ҷангию меҳнатӣ – «Ситораи Сурх», «Барои мудофиаи Москва», «Барои ғалаба бар Германия дар ҶБВ с. 1941-1945», «Барои меҳнати диловарона», Сипосномаи Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР И. В. Сталин ва Грам. Фахрии През. Сов. Олии Тоҷ. сарфароз гардонида шудааст.

 

 

 


ҚОСИМОВ Наъимҷон (Тав. 1914, гуз. Чорраҳаи ш. Самарқанд – ваф. 1993, ш. Душанбе), муаллим. Курси дусолаи муаллимтайёркунии Самарқандро Хатм кардааст (1938). Иштир. ҶБВ-ии с. 1941-1945. С. 1946 аз ҷанг баргашта, дар. мак. миёнаи н. Сталинобод (ҳоло – Душанбе, 1947-1951), мак. миёнаи н. Кӯктош (ҳоло- н. Рӯдакӣ, 1952-78), н. Шаҳринаву Ҳисор (1979-93) ба талабагон дарс гуфтааст.

Бо орд. Ситораи Сурх, «Шараф» (дараҷаи 3), мед. «Барои озод кардани ш. Вена», «Барои озод кардани ш. Белград», «Барои озод кардани ш. Будапешт» ва ғ. мукофотонида шудааст.

 

 

 

 

 


БЕГИЕВ Ботур Боқиевич (Тав. 9. 09. 1934, гуз. Юсуфбои ш. Самарқанд), сейсмолог. Номзади илми тех. (1965), дотс. (1977). Дастпарвари мак. миёнаи №10 ба номи А. Навоии н. Сиёби ш. Самарқанд (1942-52), шӯъбаи механикаи фак. физ. ва мат. УДӮзб.-ро хатм кардааст (1957). Ассис. каф. механикаи тех. ИПТ (ҳоло – ДТТ ба номи М. С. Осимӣ, 1957-60), асп. (1960-63), корм. хурди илмӣ (1963-65), муд. бахши динамикаи иншоотҳои Ин.-ути сохтмони зилзилабардор ва зилзилаш. АФ Тоҷ. (1965-75), муд. каф. механикаи назариявии ДТТ (1975-93). Дар мавзӯи «Муайян кардани фишори сейсмикии бинову иншоотҳо аз рӯи акселерограммаи воқеӣ» дар Тошканд рисолаи номз. дифоъ кардааст. Муаллифи беш аз 40 мақолаи илмию тадқ., 25 дастурамали илмии услубӣ. С. 1993 ба нафақа баромада, ба зодгоҳи худ – ш. Самарқанд кӯчидааст. Омӯзгори Коллеҷи олии автомобилӣ-фармондеҳии Осиёи Миёна (СВАКУ, 1993- 96).

Бо мед. «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва «Ветерани меҳнат» мукофотонида шудааст.

 

 


ҶӮРАБОЕВ Сайфулло Саъдуллоевич (Тав. 11. 09. 1932, гуз. Қӯшҳавзи ш. Самарқанд – ваф. 23. 03. 2006, дар ш. Хуҷанд), кинош. ва драматург. Корм. хизм. мад. Тоҷ. (1982). Узви ИК СССР (аз с. 1962). Фарзанди Ҷӯрабоев Саъдулло (ниг.). Фак. кинош. Ин.-ути давл. умумиит. кинем. Москва (ВГИК)–ро хатм намудааст (1961). Муҳар. филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ, узви ҳайати таҳририяи сенария, сармуҳар. шӯъбаи хроникаи «Тоҷикфилм» (1961-75), сармуҳар. ҳайати таҳририяи сенарияи КДТР ҶТ (1975-92). Муаллифи сенарияи филми бадеии «Роҳҳо гуногун мешаванд» (бо ҳамқаламии Б. Носик), филми бадеии «Об аз куҷо меояд?» (дар заминаи повести Аминҷон Шукуҳӣ), филмҳои ҳуҷҷатии «Ҳамеша дар рӯйхати зиндаҳо», «Кӯлҳои Марғзор», «Душанбе – шаҳри ман», «Ба Украина – ба назди бародар», «Дастархони Ленинобод», «Инспектор», «Мактуб ба дӯстон», «Сарзамини ман», филмҳои ҳуҷҷатии тел. «Замини навкорам», «Роҳе, ки баробари асрҳост». Муҳар. як силсила филмҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеии «Нисо», «Хокистари сӯзон», «Тобистони 1943», «Ҷӯра саркор», «Қиссаи маҳбаси Павиак», реж. филмҳои ҳуҷҷатии тел. «Ағба» (шоистаи Ҷоизаи кинофест. Умумиит. филмҳои тел. дар Ереван, 1982) ва филми «Духтур Хадича». Муллифи китоби «Санъати кинои Тоҷикистони Советӣ» (М., 1970).

Бо Грам. Фахрии През. Сов. Олии Белор. мукофотонида шудааст.

 


ҶӮРАБОЕВ Саъдулло (Тав. 1900, гуз. Қӯшҳавзи ш. Самарқанд – ваф. 23. 03. 1973, дар ҳамон ҷо), актёр, режисёр, педагог. Ин.-ути театрии ш. Бокуи Озарбойҷонро хатм кардааст (1932), роҳбари бадеӣ ва реж. Аввалин дар Осиёи Миёна Театри драмаи мус. касбии Самарқанд (1932-39). С. 1939 ба Сталинобод ҳоло – Душанбе) омада, дар Театри драмаи мус. ба номи Лоҳутӣ ба ҳайси реж. кор кардааст. Ба Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов, Лафиз Латифов, Муҳаммад Халилов барин ҳунармандони машҳури санъ. театрӣ маҳорати касбӣ омӯхтааст. Аз с. 1940 то 1950 бар асоси далелҳои тӯҳматангез, ба Сибир бадарға гардидааст. С. 1956 афв шудааст.

 

 

 

 

 


РАҲМАТУЛЛОЕВ Ҳикмат (Тав. 11. 09. 1911, гуз. Юсуф Харроти ш. Самарқанд – ваф. 24. 11. 1984, ш. Душанбе), ход. ҳизбию давл. «Аълочии маор. халқи Тоҷ.», Корм. хизм. Тоҷ. (1981). Иштир. ҶБВ-ии с. 1941-1945.  Тарбиятгирандаи ятимхонаи ш. Самарқанд (1921-24), талабаи Дорулмуаллимини тоҷ. Тошканд (1924-30). Баъди хатми мак. ба ш. Сталинобод (ҳоло – Душанбе) равона карда шудааст: муал. мак. сов.-ю ҳизбӣ (1930-31). С. 1931 бо фармони Комиссариати маор. халқи Тоҷ. ба ш. Самарқанд ба ҳайси омӯзгори Техн. навтаъсиси пед. Тоҷ. Фиристода шудааст (1931-33), омӯзгори Мак. олии коммунистии ш. Сталинобод (1933-41), ки минбаъд ба Мак. олии коммунистии хоҷ. қишл. табдил дода шудааст, сардори Упр. мак. Комиссариати маор. халқи Тоҷ. (1941-42). С. 1942 ба сафи Арм. Сурх сафарбар шуда, Омӯз. Артиллерии Киевро бо унвони лейтенанти гвардия хатм карда, дар ҳайати полки артиллерии гвардиягии 44-уми дивизияи 16-уми гвардиягӣ ба ҳайси командири взводи тӯпчиёни фронтҳои Ғарбӣ, Калинин, 3-юми Белор. ҷангидааст. С. 1945 аз ҷанг музаффарона баргаштааст: сардори Упр. санъ. назди Сов. Ваз. Тоҷ. (1945-50), ёвари ҷон. Раиси През. Сов. Олии Тоҷ. (1950-52), дир. ТДАОБТ ба номи С. Айнӣ (1952-56),ҷон. Раиси През. Прав. Ҷамъияти равобити мад. Тоҷ. бо хориҷа, ки минбаъд Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаи мад. бо мамлакатҳои хориҷӣ ном гирифт (1956- 1973), кот. масъули Прав. Ҷамъияти «Дониш»-и АФ Тоҷ. (1973-79). Ба ҳайси сардори Упр. санъ. ба равнақу ривоҷи санъ. мус. ва театр, ташкили гурӯҳҳои санъаткорони ҷавон ва таъсиси мак. мус., ташкил ва гузаронидани ҷашни 1100-солагии Рӯдакӣ (1958), бузургдошти 550-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (1964), 70-солагии С. Айнӣ (1970) ва ҷашнҳои дигар саҳми босазо гузоштааст. Деп. Сов. Олии Тоҷ. даъвати дуюм (1947-1951), ду даъват деп. Сов. меҳн. ш. Сталинобод (1952-1954), узви Пленуми ком. ҳизбии н. Марказӣ (ҳоло – Фирдавсӣ, 1952 ва 1954), узви Комиссияи ревизионии Иттифоқи Ҷамъиятҳои сов. дӯстӣ ва робитаи мад. бо мамлакатҳои хориҷӣ интихоб шудааст. Муаллифи луғати истилоҳоти ҷуғрофия, кит. «Советский Таджикистан» (бахшида ба 50-солагии ҷум.), «Таджикская ССР» (бахшида ба 50-солагии СССР), «Шаги нашего времени». Аз с. 1934 ба тарҷ. ва таҳрири китобҳои дарсии ҷуғрофия пардохтааст.

Бо орд. Ситораи Сурх (1944), Ҷанги Ватании дараҷаҳои I ва II (1944; 1945), Байрақи Сурхи Меҳнат (1947), бо ду орд. «Нишони Фахрӣ» (1949; 1954), мед. бисёри ҷангӣ ва меҳнатӣ, мед. «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин», се Грам. Фахрии През. Сов. Олии Тоҷ. мукофотонида шудааст.

 


РАҲМАТУЛЛОЗОДА Абдуфаттоҳ (Тав. 1890, д. Боғибаланди н. Самарқанд – ваф. 2. 08. 1985, ш. Душанбе), корм. ҳизбию давл. Муборизи Инқилоби Бухоро. Дар мадрасаи ш. Самарқанд таълим гирифтааст. Узви ҳизби болшевикӣ аз с. 1919. Ҷанговари Арм. Сурх (1917), ба муқобили аксулинқилобиёни ш. Самарқанд ва н.-ҳои Китобу Шаҳрисабз ҷангидааст. Сарвари шӯъбаи милитсияи ш. Самарқанд (1922-26). Дар курси кӯтоҳмуддати муаллимтайёркунии Самарқанд хондааст (1926), муал. мак. дар ш. Самарқанд (1926-31), дар вил. Панҷакент (1931-33). Дорулмуаллимини дусолаи Самарқандро хатм кардааст (1935). С. 1935 бо даъвати Комиссариати маор. халқи Тоҷ. ба Сталинобод (ҳоло – Душанбе) омадааст. Омӯзгори муассисаи таълимии миёнаи махсус (1935-36), дир. (1936-49), омӯзгори Техн. пед. Тоҷ. (1950-61). Аз с. 1961 то бознишастагӣ (1965) корҳои ҳизбию давл.-ро ба ӯҳда дошт.

Бо Грам. Фахрии През. Сов. Олии Тоҷ. ва чандин мукофотҳои давл. Қадр карда шудааст.

 

 

 


АШӮРОВ Неъмат (Тав. 12. 09. 1933, гуз. Сӯзангарони ш. Самарқанд – ваф. 14. 12. 2004, ш. Душанбе), байтор, ношир. Дастпарвари мак. миёнаи № 5 ш. Самарқанд (1952). Фак. зооветеринарии (байтории) ИХҚТ (ҳоло – ДАТ ба номи Ш. Шотемур)-ро хатм кардааст (1957). Зоотехн. к/зи ба номи Сталини н. Регар (1957-1959), ассис. каф. озуқадиҳии чорвои хоҷ. қишл. ИХҚТ (1959-1962), лабор. ИЗИП ба номи Е. Н. Павловскийи АФ Тоҷ. (1962-63), зоотех. муас. парвариши чорвои зотии н. Орҷоникидзеобод (ҳоло – Ваҳдат, 1963-69), муҳар. хурд., муд. шӯъбаи мусаҳҳеҳони Нашр. «Ирфон» (1964-1974), оператори базаи нафти Душанбе (1974-1986), корм. хоҷ. ком. назорати халқ (1986-1987), муҳар. нашр. «Союзучётиздат» (ҳоло – «Санадвора»-и ш. Душанбе, 1987-1996). Пас аз баромадан ба нафақа то охири умр пайкори маъракаҳои Ҷамъияти мардуми Самарқандиюласли ш. Душанбе буд.

Ба мед. ва Грам. Фахрии Ҳук. Тоҷ. сазовор гаштааст.

 

 

 


ИСМОИЛОВ Аҳмад   (Тав. 20. 09. 1928, ш. Самарқанд – ваф. 1. 06. 1997, ш. Душанбе), ҳуқуқшинос, номзади илми ҳуқуқ (1965), дотсент (1967). Баъд аз хатми мак. миёнаи ш. Самарқанд (1948) дар Институти ҳуқуқшиносии Москва таҳсил кардааст (1948-1953): корм. мақомоти гуногуни прокуратураи ҶТ, аз ҷумла прокуратураи ш. Душанбе (1953- 1964), С. 1964 ба кори УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ) гузаштааст: муаллим (1964-1967), дотсенти кафедраи ҳуқуқи давлатӣ ва сохтмони советӣ (1967-1992). Мақолаҳои илмиаш доир ба идораи давлатӣ дар бисёр маҷаллаҳои илмӣ ва рӯзномаҳо чоп шудаанд.

 

 

 

 

 


МУЛЛОҶОНОВ Исматулло (Тав. 20. 09. 1929, гуз. Гӯри Мири ш. Самарқанд – ваф. 2. 07. 1976, ш. Душанбе), корманди савдои советӣ. Донишгоҳи кооперативии ш. Самарқандро хатм кардааст (1954). С. 1954 бо роҳхати Донишгоҳи мазкур ба Сталинобод (ҳоло – Душанбе) омадааст. Корманди системаи ноҳиявӣ ва шаҳрии савдои хӯрокворӣ, молш., мудири мағоза, мудири анбори (базаи) «Тоҷикплодоовош», директори хоҷагии ҷангали «Қамчин»-и назди Ком. хоҷ. ҷангали Тоҷикистон, сармутахассиси Вазорати саноати Тоҷикистон (1954-1976).

 

 

 

 

 


ХОШМУҲАММАДОВ Рашид Абдулазизович (Тав. 21. 09. 1939, ш. Душанбе – ваф. 03. 2006, дар ҳамон ҷо), омӯзгор. Номзади илми физ. ва мат. (1976). Фарзанди Хошмуҳаммадов Абдулазиз (ниг.). Дастпарвари мак. миёнаи №7 пойтахт. Фак. физ. ва мат. ИПД ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло – ДДОТ ба номи С. Айнӣ)-ро хатм кардааст (1962). Хизмат дар сафи Арм. Сов. (1962-1964), ассис. каф. физ. ИТТ (ҳоло – ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1964), асп. АФ Тоҷ. (1964-1969), коромӯз-муҳаққиқи Ин.-ути муттаҳидаи тадқ. ядроии ш. Дубнаи ФР (1969-1975). Ҳамроҳи олими шинохтаи Россия проф. К. О. Толстой аз таъсири протонҳо пурра таҷзия ёфтани нуқраву тиллоро кашф кардааст (1973). Дар Лабор. энергияи баланди ш. Дубна рисолаи номз. ҳимоя намудааст (1996). Аз с. 1976 то охири умр-дотс. каф. физ. ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Муаллиф ва ҳаммуаллифи бештар аз 120 асару мақолаи илмӣ доир ба физ. ядроӣ, аз ҷумла муаллифи ду китоби дарсии «Физикаи тиббӣ» (барои донишҷӯёни ДДТТ), ҳамчунин маҷмӯаи ҳикоятҳои «Кровавый бизнес» (Д.,2006).

 

 

 


АҲМАДОВ Ҳоҷӣ (Тав. 25. 09. 1910, гуз. Қӯшбаққолии ш. Самарқанд – ваф. 14. 12. 1989, ш. Душанбе), сароянда, яке аз асосгузорони санъ. касбии операи тоҷ. Арт. хизм. Тоҷ. (1941). Техн. мус. Тошканд (1933) ва шӯъбаи миллии Конс. давл. ш. Москва ба номи П. И. Чайковскийро хатм кардааст (1950). Сарояндаи Рад. тоҷ. (1933-1934), арт. ТДАДТ ба номи А. Лоҳутӣ (1934-49), солисти ТДАОБТ ба номи С. Айнӣ (1949-1980),нахустин иҷрокунандаи Гимни Ҷум. Тоҷ. Иҷрокунандаи аввалини суруду романсҳои оҳангсозони Тоҷ.: Ш. Бобокалонов, М. Бурҳонов, С. Юдаков, Ф. Шаҳобов, З. Шаҳидӣ, Н. Пӯлодов. Иштир. фаъоли ҳамаи Даҳаҳои санъ. ва адаб. тоҷ. дар Москва (с. 1941, 1957, 1974, 1977) ва ҷум.-ҳои СССР. Дар намоишнома ва операҳо зиёда аз 70 нақши асосиро иҷро кардааст: Ёдгор («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ), Тоҳир (намоишномаи мус. «Лола»-и С. Саидмуродов, С. Урбах, С. Баласанян), ҳокими Балҷувон (операи «Шӯриши Восеъ»-и С. Баласанян), Тоҳир («Тоҳирва Зӯҳро»-и А. Ленский), Бахтиёр («Бахтиёр ва Нисо»-и Ш. Сайфиддинов), Мадан («Комде ва Мадан»-и Зиёдулло Шаҳидӣ), Кӯҳзод  «Лаънаткардаи халқ»-и Дамир Дӯстмуҳаммадов), Аскар («Оршин мололон»-и У. Ҳоҷибеков), Чӯпон («Найрангҳои Майсара»-и С. Юда-ков), Герман («Моткаи қарамашшоқ»-и П. И. Чайковский), Кварадоси («Тоска»-и Ҷ. Пуччини) , Хозе (аз операи «Кармен»-и Бизе), Радамис (аз операи «Аида») ва Отелло (аз операи «Отелло»-и Ҷ. Верди), Ликов (аз операи Н. Римский-Корсаков ва ғ.).

Бо ду орд. Байрақи Сурхи Меҳнат, орд. «Нишони Фахрӣ», мед. ва Грам. Фахрии През. Сов. Олии Тоҷ. мукофотонида шудааст.

 


МИРКАМОЛОВ Ҳоҷӣ Мирҷамол (Тав. 25. 09. 1923, гуз. Мулло Қаландари ш. Самарқанд), корм. соҳаи молия. Номзади илми иқтисод (1979). Иқтисодш. шоистаи ҶТ. (1985).  Дар Омӯз. пед. Самарқанд. Ба номи Н. К. Крупская таҳсил кардааст. (1939-1941), корм. мақомоти Комиссариати ҳарбии корҳои дохилӣ (1941-1949). Фак. ҳуқуқш. УДТ ба номи В. И. Ленин (1954), Акад. молияи Ленинград (ҳоло – Санкт-Петербург)-ро хатм кардааст (1956). Корм. системаи бонк (1956-1977), асп. Ин.-ути хоҷ. халқи Тошканд (1978-79). Рисолаи номз.-ро дар Ун.-ети давл. Молияи ФР дифоъ кардааст. Аз с. 1950 то 1998 дар мақомоти Бонки давл. СССР дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор кардааст. Аз с. 1998 – нафақахӯри шахсӣ.

Бо Грам. Фахрии През. Сов. Олии Тоҷ. мукофотонида шудааст.

 

 

 

 


ПИРМУҲАММАДЗОДА Абдушукур (Тав. 1912, д. Боғимайдони н. Самарқанд – ваф. 19. 01. 1942, наздикии Москва), драматург ва адабиётшинос. Бародари Абдусалом Деҳотӣ (ниг.). Дар мак. кӯҳна ва мак. усули ҷадид таълим гирифтааст (1922-1930). Бо тавсияи С. Аӣнӣ дар шӯъбаи Нашр. давл. Тоҷ. Дар Самарқанд ба ҳайси тарҷ. ва муҳар. фаъолият кардааст (1930-1933). С. 1934 ба Сталинобод (ҳоло – Душанбе) омадааст. Фак. заб. ва адаб. тоҷ. ИПС ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло – ДДОТ ба номи С. Аӣнӣ)-ро хатм кардааст (1937). Муҳар. шӯъбаи адаб. бачагонаи Нашр. давл. Тоҷ. (1934-1939), донишҷӯи шӯъбаи сенарияи Ин.-ути умумиит. кинемат. Москва (1940-1941). Моҳи июли с. 1941 ихтиёрӣ ба ҳимояи Ватан рафта, дар муҳорибаҳои Москва иштир. кардааст ва моҳи январи с. 1942 дар наздикии Москва қаҳрамонона ҳалок шудааст. Фаъолияти эҷодиаш аз миёнаи с. 30 чун тарҷ. оғоз ёфта, чанд китоби бачагонаро аз заб. русӣ ва ӯзб. ба тоҷ. гардонидааст. Дар баробари ин дар нашри луғати дуҷилдаи русӣ-тоҷ., дар таълифу таҳрири китобҳои дарсӣ барои мак. миёна иштир. намудааст. Муаллифи як силсила мақолаҳо роҷеъ ба эҷодиёти Т. Г. Шевченко, Ш. Руставели, Вл. Маяковский. С. 1935 бо ҳамқаламии Ғанӣ Абдулло аз рӯи достони ҳамноми «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ драмаи «Рустам ва Сӯхроб»-ро навиштааст. Ин намоишнома с. 1938-1939 дар моҳн. «Барои адабиёти сотсиалистӣ» нашр гардид. С. 1940 асари мазкур ҳамроҳи драманависи рус В. Волкенштеӣн аз нав кор кард ва он с. 1941 дар Даҳаи адаб. ва санъ. тоҷ. ба тамошобинони Москва намоиш дода шуд.

 


САИДМУРОДОВА Анзурат (Тав. 25. 09. 1945, д. Туркманқишлоқи ш. Самарқанд – ваф. 20. 10. 2007, ш. Душанбе), пизишки амрози ҷигар. Пизишки терапевт ва эндоскописти дараҷаи олӣ. Доктори илми тиб (2004). Ҳамсари Усмонов Неъматулло Усмонович (ниг.). Мак. миёнаи №21 ш. Самарқандро бо мед. нуқра (1964), баъд аз он Ин.-ути давл. тиббии Самарқанд ба номи И. П. Павловро бо дипломи сурх хатм кардааст (1970). Дар ординатураи клиникии каф. терапияи госпиталии Ин.-ути мазкур аз рӯи ихтисоси «бемориҳои дарунӣ» ба кор пазируфта шудааст (1970-1972). Асп. каф. ҷарроҳии госпиталии Ин.- ути давл. тиббии Самарқанд, ки баъдан ба Ин.-ути тадқ. илмии гостроэнтрологияи АИ Тоҷ. равон карда шудааст (1972-1975). Ход. хурди илмӣ (1975-1985), ход. калони илмии шӯъбаи эндоскопияи Ин.-ути мазкур (1985-92), ассис. каф. пропедевтикаи бемориҳои дарунии №1 (1996-1997), ассис. каф. «Духтурони дорои таҷрибаи умумӣ»-и Донишгоҳи давл. тиббии Самарқанд (1997-2000), муд. шӯъбаи Лабор. эндоскопия ва тибби лазерии Донишгоҳи давл. тиббии Самарқанд.  Муаллифи зиёда аз 90 асару мақолаи илмӣ. Иштир. фаъоли конгрессу симпозиум ва конф. ватанӣ ва хориҷӣ, ки Ин.-ути тадқ. илмии гостроэнтрологияи АИ Ҷум. Тоҷ. ташкил кардааст.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *