Рӯзҳои ёдбуд дар моҳи ноябр

БАҲРОМ Фирӯз (Бобоев Баҳром) (Тав. 01. 11. 1939, д. Бузургати н. Нуратои вил. Самарқанд – ваф. 25. 09. 1994, ш. Хуҷанд), шоир ва нависанда, узви ИН (аз с. 1971). Дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ (1991). Дастпарвари мак. миёнаи зодгоҳаш (1954). Омӯз. пед. тоҷ. Самарқанд (1956) ва ИПЛ (ҳоло – ДДОХ)-ро хатм кардааст (1962). Муал. ҳамин Ин.-ут (1962-64), муҳар. шӯъбаи адаб. КДТР назди Ҳук. Тоҷ. (1964-68, 1972-78), муд. шӯъбаи рӯзн. «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло – «Ҷавонони Тоҷикистон», 1967-68), маҷ. «Садои Шарқ» (1969), муд. ред. адаб. бачагону наврасони нашр. «Маориф» (1978-80), шӯъбаи адаб. бадеии рӯзн. «Маориф ва Маданият» (ҳоло – «Омӯзгор» ва «Адабиёт ва Санъат», 1980), муҳар. нашр. «Маориф» (1981-87), нашр. «Адиб» (1987-90). Шеърҳояш дар маҷ. «Розҳои маҳтобшаб» (1967), «Силсила» (1973) ва «Тафти дил» (1984), очерку ҳикояҳояш дар маҷ. «Паи ситора» (1976), «Ганҷ дар вайрона» (1977), «Як рӯз не, як рӯз» ва «Муаллими сахтгир» (2007) гирд оварда шудаанд. Ҳамчунин муаллифи повестҳои «Рухсора» (1978), «Ту танҳо нестӣ» (1980), ҳикоёти «Ҳақиқати талх» (1981), «Саҳнаи гардон» (1993). Намунаҳои насру назми халқҳои гуногуни ҷаҳон, матни қариб 50 филми бадеиро ба тоҷ. гардонидааст. Чанд повесту ҳикояҳояш ба заб. русӣ, арманӣ, литвонӣ, молдавӣ, ӯзб. ва ғ. чоп шудаанд.

 


БОБОЕВ Юрий   (Тав. 2. 11. 1917, ш. Самарқанд – ваф. 1996, ИМА), мунаққид ва адабиётшинос. Узви ИН СССР (1950), дотсент (1956), доктори илми филология (1958). «Аълочии маор. халқи Тоҷикистон» (1954). Муал. хизм. мак. Тоҷикистон (1977). Дастпарвари мак. миёнаи № 15 ш. Самарқанд. Дар рабфаки назди УДӮзб. (ҳоло – ДДС) таҳсил намуда, ҳамзамон дар рӯзн. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамчун корм. адабӣ ҳамкорӣ кардааст (1932-38). С. 1939-40 ба талабагони синфҳои 6 – 7 мак. № 21 ш. Самарқанд аз заб. ва адаб. тоҷ. дарс гуфтааст. УДС ба номи А. Навоиро хатм кардааст (1945). С. 1945 ба Тоҷикистон омада, дар матбуот ва муас. илмӣ кор кардааст: кот. илмӣ (1945-48), асп. каф. адаб. (1948-50), ход. илмии Ин.-ути таърих, заб. ва адаб. АФ Тоҷикистон (1950-52), референти През. АФ. Тоҷикистон (1951-52). Аз с. 1947 то охири умр муал. ва с.-ҳои зиёд муд. каф. адаб. тоҷ. дар ИПД ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло – ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буд. Доир ба масъалаҳои гуногуни таъриху назария ва танқиди адабӣ беш аз 400 асару мақ. илмӣ таълиф намудааст. Аз ҷумла китоби «Жанри таърихӣ» ва романи «Ғуломон»-и С. Айнӣ (1948), мон. «Асосгузори адабиёти советии тоҷик» (1958), «Садриддин Айнӣ» (дар китоби «Адабиёти советии тоҷик», 1952-87), «Айнӣ – устоди таҳлили педагогӣ» (1956), «Аҳамияти ҳозиразамонии повесту романҳои таърихӣ ва С. Айнӣ» (1966), «Оид ба таҷрибаи романнависии С. Айнӣ ва анъанаҳои он» (1966), «Ҳақиқати револютсия ва нигоришҳои роман» (1977), «Айнии романнавис ва романҳои ҷаҳонӣ» (1984), мон. «Ҷалол Икромӣ» (1970-85), 100 мақолаи илмӣ ва 7 мон. доир ба ҳаёту эҷодиёти М. Турсунзода – мон. «Мирзо Турсунзода» (1961), «Сипаҳсолори назм» (1971), «Певец солнечных вершин» (1978) ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Муаллифи китобҳои дарсии «Адабиёти советии тоҷик» (бо ҳамқаламии Н. Маъсумӣ, Х. Мирзозода, Н. Содиқова), муаллифи нахустин китобҳои дарсии назарияи адаб. барои дон. олии ҷум. – «Муқаддимаи адабиётшиносӣ».

 


БУХОРИЗОДА Абдураҳмон Латифович (Тав. 3. 11. 1909, гуз. Иброҳимхоҷаи (Булбулаки) ш. Самарқанд – ваф. 24. 09. 1987, ш. Душанбе). Олим, забоншинос, луғатшинос, этимолог. Доктори илми филология. Фарзанди маорифпарвари шинохта Мирзо Бухорӣ, ки ҳанӯз с. 1897 дар Конгресси умумироссиягии археологҳо маърӯза карда, ба Осорхонаи археологии Санкт-Петербург 1200 тангаи қадимаи коллексияашро тӯҳфа намудааст, ки онҳо дар Эрмитаж маҳфузанд. Дар курси дусолаи муаллимтайёркунии Самарқанд хондааст (1924-26), Техн. маор. Тошкандро хатм кардааст (1928). Ҳамон сол бо роҳхати Комиссариати маориф ба Тоҷикистон омадааст: муал. заб. ва адаб. тоҷ. Мак. марказии ҳизбӣ, муд. каф. мат. Мак. олии коммунистӣ (1928-34), роҳбари Сарупр. санъ., муҳар. масъули рӯзн. «Барои маорифи коммунистӣ» (1934-36), дир. Ин.-ути пед. Ғоибона (1936-38), муал. ва дир. аввалин мак. миёнаи ш. Сталинобод (ҳоло – Душанбе, 1938-41), сардори Упр. мак., ҷон. комиссари маор. халқи Тоҷ. (1941-44), муҳар. гурӯҳи нашрияи Сов. Комиссарони Халқи СССР дар Москва ва дар айни замон Ин.-ути заб. ва мафкураи АФ СССР (1944-46), муҳар. масъули рӯзн. «Газетаи муаллимон» (1946-48), муд. кабинети заб. ва адаб. тоҷ. Ин.-ути такмили ихтисоси муал., дек. фак. таъриху фил. УДТ (ҳоло – ДМТ) ба номи В. И. Ленин (1948-59), муд. сектори луғати ИЗА ба номи Рӯдакии АФ Тоҷ. (1959-61). Аз с. 1962 – омӯзгори каф. заб. ва адаб. тоҷик УДТ. Муаллифи аввалин ду китоби дарсӣ барои синфҳои 3 ва 4-уми мак. лотиниасос (1932, 1934), бисёр мақолаҳои илмӣ доир ба забонш. ва этимологияи калимаю ибораҳо, ки дар китоби «Саргузашти калимаҳо» (Д., 2005) гирд оварда шудаанд. Хусусан дар тадвину таҳрири луғатҳои истилоҳоти соҳавӣ, луғатҳои дузабона, аз ҷумла, асари дуҷилдаи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» хизмати шоиста дорад. Бо бисёр мукофотҳои Ҳук. ва соҳавӣ қадр карда шудааст.

 


БАҲОВАДДИНОВ Алоуддин Маҳмудович (Тав. 5. 11. 1911, гуз. Регистони ш. Самарқанд – ваф. 23. 07. 1970, Душанбе), файласуф, акад. АФ Тоҷ. (1953), док. илми фалс. (1951), проф. (1952), Ход. хизм. илми Тоҷикистон (1961), барандаи Ҷоизаи давл. ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1967). Иштир. ҶБВ-ии с. 1941-1945. Акад. пед. Самарқандро хатм кардааст (1931), асп. ҳамин Акад. ва дар баробари ин муал. Ин.-ути пед. Самарқанд (1931-1933), ёвари раиси Сов. комиссарони халқи Тоҷ. (1933-35), фаъолияти илмию пед. (1935- 41) ва дипломатӣ (1941-50), муд. шӯъбаи фалс. АФ Тоҷ. (1951-59) ва ҳамзамон муд. каф. фалс. УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ), дир. Ин.-ути таърихи ҳизби назди КМ ПК Тоҷ. (1962-70). Барои тадқ. «Ақидаҳои фалсафии Ибни Сино» ба унвони номз. илми фалс. (1948) ва барои тадқ. «Аз таърихи афкори ҷамъиятӣ ва сиёсии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри 19 ва ибтидои асри 20» ба унвони док. илми фалс. (1951) мушарраф шудааст. Асарҳои асосии ӯ ба таърихи фалс. ва афкори ҷамъиятию сиёсии халқи тоҷ. бахшида шудаанд. Муаллифи асарҳои «Доир ба масъалаи муттаҳидии миллати тоҷик» (1957), «Очеркҳои таърихи фалсафаи тоҷик» (1961). Яке аз муаллифони «Очеркҳои таърихи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон» (Душанбе, 1964, 1969) ва «Таърихи ташкилотҳои коммунистии Осиёи Миёна» (Тошкент, 1967). Дар Мак. олии ҳизбии назди КМ ҳизби меҳнаткашони Ветнам аз материализми диалектикӣ ва таърихӣ дарс гуфтааст (1959-61). Иштир. Конгресси IV умумиҷаҳонии сотсиологҳо дар Италия (1957), сардори ҳайати вакилони файласуфони шӯравӣ дар конгресси сотсиологҳои Ҳиндустон ва Покистон (1963). Тарҷ. ва нашри асари Ибни Сино «Донишнома» ба забони русӣ саҳми босазои ӯст. Дар илм ӯ доир ба таҳлили ақидаҳои фалс. ва иҷтимоии мутафаккирон Ибни Рушд, Ибни Боҷа, Ибни Халдун, инчунин фалс. Ихвонуссафо асарҳои илмӣ таълиф намудааст. Тадқ. фалс. ва афкори ҷамъиятӣ ва сиёсии халқи тоҷ. дар асрҳои 19-20, ақоиди фалс.-иҷтимоии асосгузори маор.-варӣ Аҳмади Дониш, ҳамзамонон ва паӣравони ӯ – Шоҳин, Асирӣ, Сиддиқӣ, Айнӣ ва диг. Аъзои КМ ПК Тоҷ. ва деп. Сов. Олии Тоҷ. (даъвати 7). Дон. фалс. ва яке аз кӯчаҳои ш. Душанбе ба номи ӯ гузошта шудааст. Бо орд. Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ» ва бисёр мед. Мукофотонида шудааст.

 


ҒАНИЕВ Ӯктам Самадович (Тав. 5. 11. 1937, ш. Сталинобод (ҳоло – Душанбе) – ваф. 4. 05. 2002, дар ҳамон ҷо), математик, номз. илми мат. (1972). Фарзанди аршади адиби ҳаҷвнигор Самад Ғанӣ. Дастпарвари мак. миёнаи №3 (ҳоло – №7) ш. Душанбе (1955), фак. физ. Ва мат. УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ)-ро хатм кардааст (1960). Ход. хурд (1960-67), ход. Калони Ин.-ути сохтмони зилзилабардор ва зилзилашиносии АФ Тоҷ. (1970-80), таҳсил дар асп. (1967-70). Кот. илмӣ, ход. хурд, ход. калони илмии Ин.-ути мат. ва маркази ҳисоббарории АФ Тоҷ. (1980-90). Бо чандин Ифт. мукофотонида шудааст.

 

 

 

 

 


РАСУЛОВ Ҳасан Орифович (Тав. 5. 11. 1929, гуз. Чорраҳаи ш. Самарқанд – ваф. 17. 07. 2011, ш. Душанбе), рассоми сиёҳқалам. Ход. хизм. санъ. Тоҷ. (1977), узви ИР СССР (аз с. 1964). Бародари Мушаррафа Қосимова (ниг.). С. 1931 бо падару модараш ба Тоҷ. кӯчида омадааст. Дар ятимхона (1938-41), интернати Ваз. маор. ва Ваз. мад. Тоҷикистон  тарбият ёфтааст (1941-45). Омӯз. рассомии ш. Сталинобод (ҳоло – Душанбе)-ро хатм кардааст (1950). Муал. расмкашии мак. миёнаи №7 ш. Сталинобод , хизмат дар Арм. Сов. (1951-54), рассоми Фонди рассомони Тоҷ. (1954-55). Аз с. 1955- саррассоми маҷ. ҳаҷвии «Хорпуштак». Мавзӯи асосии асарҳояш мазаммати камбудиҳои ҳаёт. Муаллифи карикатураҳои «Ҷои кори ӯ» (1963), «Савдо чӣ хел?», «Пахш мекунем!» (1964), «Порахӯр ба командировка меравад» (1964), «Хоб дидам, ки маро ба кор даъват кардаанд» (1967), «Наврас дар паси растаи савдо» (1977), «Ҳосили соли 1981» (1981), «Хоби бригадир» (1982) ва ғ. Ҷанбаҳои ҳаҷвӣ ва тарғиботии эҷодиёташ ҳангоми дар ташкилоти «Агитплакат»-и ИР Тоҷ. кор карданаш равшан тар зоҳир шуданд («Боғбони сулҳ», 1967; «Мубориза», 1979; «Барои беҳтар шудани сифат», 1980; «Дарди сар», «Офати ҷон», 1980 ва ғ.). Карикатура ва ҳаҷвҳои ӯ дар намоишгоҳҳои Габрово (Булғория, 1973, 1975, 1977) гузошта шуда буданд. С. 1970 албоми расмҳои ҳаҷвиаш аз силсилаи «Устодони ҳаҷви советӣ» ба табъ расидааст. С. 1973 бо қарори ИР СССР дар Москва намоиши асарҳояш сурат гирифт. Борҳо деп. Сов. меҳн. ш. Душанбе интихоб шудааст. Бо мед. ҷашнии «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» ва 3 мед. Намоиши байналмилалии «Ҳаҷв дар мубориза барои сулҳу амният», 9 мед. ва Грам. Фахрии соҳавии ҷумҳ.-ҳои собиқ Осиёи Миёна ва Қаз. мукофотонида шудааст.

 


ҒОЗИЕВ Муҳаммад Бурҳонович (Тав. 05. 11. 1931), гуз. Лучакони ш. Самарқанд – ваф. 12. 02. 2000, ш. Душанбе), омӯзгор, ихтироъкор. «Ихтироъкори шоистаи Тоҷ.» (1980). Баъд аз хатми мак. миёнаи № 14 ш. Самарқанд (1948), дар Техн. роҳи оҳан хондааст (1948-51). С. 1951 ба Тоҷ. омада ба фак. физ. Ва мат. УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ) шомил шудааст (1951-56). Омӯзгори мак. миёнаи №15 ш. Душанбе (1956-61), ход. илмии Ин.-ути сейсмологияи АФ Тоҷ. ( 1961-82), муал. калони ИХҚТ (1982-92), инж. барқкори ҶСХТ «Барқи Тоҷик» (1992-2000). Муаллифи 5 ихтироот дар соҳаи сохтмон, барқ. Аз ҷумла дорандаи Шаҳодатномаи ихтирооти №1784708 «Дастгоҳи Ғозиев барои гарм кардани ағлаб битум» (бо ҳамдастии Ғозиев Шокир, 1. 09. 1992), шаҳодатномаи ихтирооти №1219699 «Дастгоҳи гарм кардан ва хушконидани масолеҳи сохтмон» (бо ҳамдастии Ғозиев Шокир, Икромов Рустам, 22. 11. 1985) ва ғ. Бо Грам. Фахрии През. Сов. Олии Тоҷ. ва бисёр Ифт. соҳавӣ мукофотонида шудааст.

 

 

 


КАРИМОВ Азиз Кенҷаевич (Тав. 7. 11. 1926, гуз. Мирзопӯлоди ш. Самарқанд – ваф. 8. 03. 1984, ш. Душанбе), омӯзгор, забонш., жур. «Аълочии маор. халқи Тоҷ.» (1980). Бародари Каримова Мусаввара (ниг.). Мак. миёнаро дар ш. Самарқанд хондааст (1932-41). Фак. заб. Ва адаб. ИПС ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст (1945). Омӯзгори ИПС (1945-47; 1956-72), ход. калони Ин.- ути тадқ. илмии илмҳои пед. Тоҷ. (1972-84). Муаллифи зиёда аз 200 мақолаю асари методӣ ва дастуру китоби дарсӣ доир ба таълими заб. ва адаб. тоҷ., аз ҷумла «Тарзи баплангирӣ ва таълими сифат» (1947), «Такрори материалҳои грамматикӣ дар синфи 8» (1949), «Таълими калима ва таъбирҳо дар синфи 5» (1974), «Тартиби гузаронидани машқ аз забони модарӣ дар синфҳои 4-8» (1976). Солҳои зиёд аъзои ҳайати таҳририяи маҷ. «Русский язык в таджикской школе» буд. Бо мед. «Барои шуҷоати меҳнатӣ» ва Грам. Фахрии През. Сов. Олии Тоҷ., Ваз. маор. Тоҷ. мукофотонида шудааст.

 

 

 


ҲОШИМОВ Ҷавод Мамедович (Тав. 7. 11. 1914, м. Боғимайдони ш. Самарқанд – ваф. 7. 10. 1980, ш. Душанбе), инфексионист. Саринфексионисти Ваз. нигоҳдории тандурустии Тоҷ. (аз с. 1953). Док. илми тиб (1967), проф. (1968). Духтури хизм. Тоҷикистон (1957). Бародари навис. Раҳим Ҳошим (ниг.). Ин.-ути тиббии Самарқандро хатм кардааст (1936). Ординатори беморхонаи касалиҳои сироятии ш. Душанбе (1936-42), ассис. (1942-50), дотс. каф. (1951-53), муд. каф. бемориҳои сироятии ИТТ (ҳоло – ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1953-80). Муаллифи беш аз 60 асару мақолаи илмӣ доир ба масъалаҳои гуногуни бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла «Клинические особенности брюшного тифа в последние годы» дар маҷ. «Здравоохранение Таджикистана», 1960, №2; «Клинические особенности кишечного амёбиоза в Таджикистане », Труды Таджикского Госмединститута, том IV, Д.,1962 ва ғ. Бо орд. Байрақи Сурхи Меҳнат, »Нишони Фахрӣ», мед. ва Грам. Фахрии През. Сов. Олии Тоҷ. мукофотонида шудааст.

 

 

 


ИСОМОВА Офтобхон Исматовна (Тав. 7. 11. 1917, ш. Самарқанд – ваф. номалум ). сароянда ва раққоса. Арт. хизм. Тоҷ. (1941). Фаъолияти бадеияш дар Театри драмаи мус. яҳудиёни ш. Самарқанд оғоз шудааст (1934). Сарояндаи ТДОБТ ба номи С. Айнӣ (1936-59). Санъ. Рақси балети класс.-ро аз К. Я. Голейзовский, А. И. Протсенко ва Ғ. Валаматзода омӯхта, бо иҷрои рақси «Занг» машҳур гардидааст. Дар ҳунари рақс маҳорати том дошт. Партияҳои Лола («Лола»-и С. Баласанян, А. Ленский, С. Урбах, 1939), Заррагул («Ду гул»-и А. Ленский, 1941), Зарема («Фаввораи Боғчасарой»-и Б. Асафйев, 1948), Дилбар («Дилбар»-и А. Ленский, 1957) аз беҳтаринҳоянд.

 

 

 

 

 


НЕЪМАТОВ Файзулло Ҳикматович (Тав. 7. 11. 1937, гуз. Козикалони ш. Самарқанд – ваф. 19. 11. 1996, ш. Душанбе), омӯзгор. Номз. илми пед.(1972). Дотс. (1976). Мак. миёнаи №22 ш. Самарқандро бо мед. тилло хатм кардааст (1954). Дар фак. физ. ва мат. УДС (ҳоло – ДДС) ба номи А. Навоӣ таҳсил намудааст (1954-59). Омӯзгори Мат. олии фак. физ. ва мат. УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ, 1959-72). Асп. УДМ ба номи М. Ломоносов (1969- 72), дотс. каф. Мат. олии УДТ (1977-95). Бо мед. «Ветерани меҳнат» (1988) ва бисёр Грам. Фахрии соҳавӣ мукофотонида шудааст.

 

 

 

 

 


НАРЗИҚУЛОВ Ибодулло Қосимович  (Тав. 12. 11. 1909,гуз. Қозӣ Калони ш. Самарқанд – ваф. 2. 04. 1973, ш. Душанбе), иқтисодшинос. Ходими давлатӣ, номзади илми иқтисод (1950), профессор (1968), акад. АИ Тоҷикистон (1953), Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1964). Мак. олии техникии Ленинград (1931) ва Ин.-ути индустриалии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург)- ро хатм кардааст (1935). Иқтисоддони Ком. давл. барномарезӣ (Госплан, 1935-37), иқтисоддони Трести ғалла (1937-38), иқтисоддон, сардори шӯъбаи реҷакашӣ ва иқт. Комиссариати халқии матлуботи саноатӣ (1938- 41), ёвари раиси Сов. Комиссарони Халқ (1941-43), раиси Госплани Тоҷ. (1943-46), асп. Ин.-ути иқт. АИ СССР (1946-50), ҷон. раиси През. филиали Тоҷ.-нии АИ СССР (1950-52), акад.- кот. АИ Тоҷикистон (1951-53), рек. УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ,1954-56), ҷон. Раиси Сов. Ваз.  Тоҷикистон (1956-57), ноиби аввали През. АИ Тоҷикистон (1957-66), и. в. През. АИ Тоҷикистон (1966-68), раиси Сов. омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷ. (1968-73). Деп. Сов. Олии  Тоҷикистон даъватҳои 5 ва 6 (1959-63; 1963-67). Асоситарин асарҳои илмиаш ба таърихи саноати Тоҷ., қувваҳои истеҳсолкунанда, масъалаҳои ташаккули комплекси истеҳсолии ҳудуди ҷанубии Тоҷ. бахшида шудаанд. Бо ду орд. Байрақи Сурхи Меҳнат, орд. «Нишони Фахрӣ», мед. ва Грам. Фахрии През. Сов. Олии Тоҷ. мукофотони

 


БУЗРУКОВ Пӯлод Субҳонович (Тав. 17. 11. 1934, гуз. Даризанҷири ш. Самарқанд – ваф. 23. 07. 2007, дар ҳамон ҷо), инженер, технолог, бинокор. Дар мак. миёнаи №21 ш. Самарқанд хондааст (1942-48). Техн. гӯшту шири ш. Самарқанд (1948-52), ИПТ ба номи М. Осимӣ (1958), Ин.-ути инж. бинокории ш. Новосибирски ФР-ро хатм кардааст (1961). Ёрдамчии устои сехи ҳасиббароррии Комб. гӯшту шири Сталинобод (ҳоло – Душанбе, 1952), тахнологи Трести гӯшту шири вил. Кӯлоб (1952-54). Баъд аз адои хизм. ҳарбӣ (1954-56) инж. навбатдори заводи маснуоти оҳану бетони ш. Қайроққум, сардори сех ва саринж., сардори Комб. хонасозии вил. Ленинобод (ҳоло – Суғд; 1961-65), дир. Заводи маснуоти оҳану бетонии №2 ш. Душанбе (1966-68), ҷон. сардори Трести «Металлостройиндустрия»-и Ваз. мелиор. ва хоҷагии оби Тоҷ. (1968-69), дир. Заводи таҷрибавии қубурҳои ба фишор тобовар ва маснуоти оҳану бетонии ш. Душанбе (1969-72), ҷон. сардори Трести дар Самарқанд будаи «Узселэлектрострой»-и Ваз. энергетикаи Ӯзб. (1973-75), дир. Заводи маснуоти оҳану бетонии н. Ҷомбойи вил. Самарқанд (1976-77), дир. Иттиҳодияи «Промстройматериалы»-и ш. Душанбе, дир. Заводи маснуоти оҳану бетонии №1, дир. Базаи истироҳати Заводи маснуоти оҳану бетонӣ, сардори Комб. хонасозии ш. Душанбе (1974-82). С. 1983 ба зодгоҳаш – ш. Самарқанд кӯчидааст: муд. хоҷ. ГУМ-и ш. Самарқанд (1983-85), ҷон. саринж. (1985-87), дир. заводи чӯбу тахтаи Иттиҳодияи «Самарқандводстройиндустрия » (1987-89). Ду даъват (1967-69 ва 1970-72) деп. Сов. деп.-ҳои меҳнаткашони н. Ленин (ҳоло-Рӯдакӣ)-и Ҷум. Тоҷ. интихоб шудааст. Бо орд. «Нишони Фахрӣ», мед. «Шуҷоати меҳнатӣ» ва бисёр Грам. Фахрии соҳавӣ мукофотонида шудааст.


ИСОМОВ Нуриддин Ҳайдарович (Тав. 20. 11. 1937, д. Равонаки н. Самарқанд – ваф. 16. 09. 1985, ш. Душанбе), олими зилзилашинос. Номз. илмҳои физ. ва мат. (1975). Ҳамсари Ашурова Шамсия (ниг.). Дастпарвари мак. миёнаи №2 н. Комсомоли вил. Самарқанд (1954). Фак. физ. ва мат. УДТ ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1960): лабор., ход. хурди илмии Ин.-ути сохтмони иншооти ба зилзила тобовар ва сейсмологияи АФ Тоҷ. (1960-63), ход. хурди илмии Лабор. зилзиласанҷии минтақаи Вахш (1963-66), муд. Стансияи зилзиласанҷии «Обигарм» (1966-72), ход. хурди илмии Лабор. зилзиласанҷии регтонҳои маҳаллӣ. С. 1975 дар мавзӯи «Тадқиқи режими ба зилзилатобоварии минтақаи Душанбе-Вахш» рисолаи номз. дифоъ намуд, ки барои сохтмони минбаъдаи обанбору нерӯгоҳи азими Норак аҳамияти калон дошт. Дар корҳои якҷояи тадқ.-ии Иттифоқи Советӣ ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка аз рӯи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зист – пешгӯии зилзила бо олимон-кормандони пешбари Обсерваторияи геологии Ломант-Дохертии Донишгоҳи Колумб фаъолона иштирок кардааст. Муаллиф ва ҳаммуаллифи зиёда аз 30 мақолаи пурарзиши соҳаи зилзила. Бо бисёр Грам. Фахрии соҳавӣ мукофотонида шудааст.

 


МИРБОБОЕВА (Мавлонова) Маърифат Юлдошевна (Тав. 24.11.1937, гуз. Тошкандии Орифҷонбойи ш. Самарақанд-ваф. 21.08.2005, дар ҳамон ҷо), ҳуқуқдон, омӯзгор. Капитани хадамоти амният. Хоҳари Юлдошева Моҳира (ниг.). Баъд аз хатми синфи 7 мак. миёнаи № 21 ш. Самарқанд (1952) дар Техн. пед. занонаи ба номи Н. К. Крупскаяи ш. Самарқанд таҳсил кардааст (1952-54). Муал. мак. миёнаи № 21 ш. Самарқанд (1954-59). С. 1959 ба Сталинобод (ҳоло – Душанбе) омада, дар фак. ҳуқуқш. УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло –ДМТ) шомил гаштааст. Пас аз ба тарзи экстерн имтиҳон супурда, бо дипломи сурх хатм кардани УДТ (1961) дар шӯъбаи тафтишотии КГБ Тоҷ. кор кардааст (1961-74). Сипас ҳуқуқдони СМУ-116 ш. Душанбе будааст (1974-80). С. 1980 – 1993 дар мак.-ҳои олии пойтахт аз фанни ҳуқуқ дарс гуфтааст. С. 1993 ба нафақа баромада, ба зодгоҳаш – ш. Самарқанд кӯчидааст. Бо 6 мед. Ваз. мудофиаи СССР, мед. «Барои хизматҳои ҷангӣ», «20-солагии ғалаба дар ҶБВ», «25-солагии ғалаба дар ҶБВ», «Барои шуҷоат» ва чандин Грам. Фахрии КГБ СССР, Ваз. мудофиаи СССР мукофотонида шудааст.

 


МУҲАММАДИЕВ Рафиқ Аминович (Тав. 30. 11. 1931, гуз. Лабиғори ш. Самарқанд – ваф. 6. 07. 2006, ш. Душанбе), корм. мақомоти низомӣ, полковники хадамоти амнияти давл. Техн. тиббии Самарқандро хатм кардааст (1951). Бо пешниҳоди ВЛКСМ ба кори мақомоти низомӣ гузашта, дар ш. Могилёви Белор. дар мак. корм. хадамоти амният таҳсил кардааст (1951-53). Хизмат дар Ком. бехатарии РСФСР ва Тоҷ. (1953-73), таҳсил дар Мак. олии ҳизбии Москва (1967-69), сардори шӯъбаи умумии КМ ПК Тоҷ. (1973-80), сардори Упр. Посбонони ғайриидоравии Тоҷ. (1980-87), муовини қисми сиёсии савдои ҳарбии №806 ш. Душанбе (1988-89), роҳбари Шӯрои автом.-cтони ш. Душанбе (1990-91), яке аз ташкилотчиёни маркази варзишии ТАЭКВАНДО-и ҶТ. Дар инкишофи ин намуди варзиш хизмати калон кардааст. Бо 4 мед. ва бисёр Грам. Фахрии През. Сов. Олии Тоҷ., Ваз. (ҳоло – Ком.) амният мукофотонида шудааст.

 


АСАДУЛЛОЕВ Ҳидоят (Тав. 30. 11. 1909, м. Тайлоқи н. Самарқанд – ваф. 01. 11. 1995, ш. Душанбе), корманди сохторҳои қудратӣ. Подполковники мустафъӣ. Падари Самад ва Ҳикмат Асадуллоевҳо (ниг.). Дар мак. миёнаи нопурра хондааст (1921-29), муаллими мак. миёнаи нопурраи н. Риштони вил. Фарғона (1930). Курси дусолаи Акад. пед. Самарқанд (1930-31), Мак. олии ВКД СССР-ро дар Тошканд хатм кардааст (1958-62). Тарҷ. Ит. матлуботи н. Панҷакент (1931-32), маъмури театри н. Ҷиззахи вил. Самарқанд (1932), талабаи Комб. таълимии Ҷамъияти умумиит. баҳисобгирии сов. сотсиалистии назди Комиссариати халқии меҳнати Ӯзб. (1932-33), муҳосиби к\зи «Янги деҳқон»-и н. Панҷакент (1933-35), ход. адабии ред. рӯзн. «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло – «Овози тоҷик», 1935-36), омӯзгори курси кормандони деҳшӯрои назди КИМ-и ҶТ (1936-38), омӯзгори мак. ҳуқуқш. ш. Сталинобод (ҳоло – Душанбе, 1938-40), ҷон. сардори мак. милитсияи Сталинобод (1940-51), ҷон. сардори шӯъбаи 6-уми Упр. милитсияи ш. Ленинобод (ҳоло – Хуҷанд, 1951-53), сардори шӯъбаи сиёсии Упр. милитсияи ВКД (1953-54), сардори Упр. милитсияи ш. Навободи вил. Ғарм (1954-55), саринструктори шӯъбаи сиёсӣ, ҷон. сардори шӯъбаи хадамоти Упр. милитсияи ш. Сталинобод (1955-57), сардори инспексияи махсус, ҷон. сардори шӯъбаи оташнишонии ш. Сталинобод (1957-60). Сардори ҳабсхонаи №1 Ваз. ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ (1962-63), намояндаи фаврии Упр. милитсияи Ваз. ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ (1963-64), сардори шӯъбаи посбонони ғайриидоравии ш. Душанбе (1964), сардор, саринспектор, муал. калон ва методисти шӯъбаи кадрҳои Ваз. ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ (1965-68). Муал. – методисти Мак. олии ВКД СССР дар Тошканд (1968-74). Бо мед. «Барои хизматҳои ҷангӣ», «Барои ғалаба бар Германия», «Барои хизмати бенуқсон»-и дараҷаи 1, «Ветерани меҳнат» ва ғ. мукофотонида шудааст.

 

Зиндагиномаҳои мазкур аз китоби «Аслҳо ва наслҳо». — Душанбе, 2013. ISBN 978-99947-958-2-6 оварда шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *