Регистон. Шаҳзодаи Самарқандӣ

 

Шаҳзода Назарова (Самарқандӣ)

 

Регистон


2016

 

 

 

 

 

Ба чашми дилат дид бояд ҷаҳон,

Ки чашми сари ту набинад ниҳон.

Рӯдакии Самарқандӣ

 

 

 

 

 

Фасли аввал

 

 

Шарора

 

Самарқанд дар якнавохтии бисёрсола нафас мекашид. Навоварӣ кори чанорҳои канори хиёбон буд. Тағйир кори дарунӣ буд, тиҳӣ аз нишонаҳои берунӣ. Тану нон дар волотарин мақом. Чашмҳо асири одат ва қаноъат. Дар чунин фазое буд, ки бо синаи дамида ва абрувони кашида ба тарроҳони утоқ бори дигар дастур додам:

Дар шаҳр ҷаззобияти зиндагиро дар лаҳзаҳо мешавад ҷусту завқ бурд аз лаҳзаҳои кӯтоҳи ҷаззоби кашфҳои ҷадид. Дар лаҳзаҳои шавқу шӯри урёнӣ дар миёни боғе аз ниҳоли қомат. «Деворҳо саршори ойинакорӣ…»

Офтоби Самарқанд аз ҳамон сари субҳ талқин мекард: «Бихоб, бихоб». Он қадр хобида будам, ки мехостам бедориро кашф кунам. Он қадр дар хоб китоб хонда будам, дар хоб мадраса рафта будам ва дар хоб донишгоҳ ба итмом расонда будам, ки ҳоло мехостам бедор бимонам. Чашмонамро битавонам боз нигаҳ дорам. Ҳатто барои як сония. Ҳатто вақте ба ойинаҳои атрофам нигоҳ кунам, чизеро бибинам, ки эҳсос кунам, ки бедорам.

Хаставу безор аз назми низомии коммунизм бар рӯи опортумони кӯчаке дар миёни садҳо эъломияи фурӯш ангушт гузоштам. Ҳоло мешавад бо савти тори худ бирақсам ва бо собуни ҳеч касе либос нашӯям. Ҳатто дар маҳдудаи чордевор бошад ҳам, нафасе дар фазои мутафовит ба дарун бикашам. Дар қалби Самарқанд кӯчактарин опортумони якхобаро бо пойинтарин нархи бозор харидам. Дар замоне ки бисёриҳо маскан мефурӯхтанд, аз маъдуд харидорон будам. Ин танҳо роҳе буд, ки аз гарониҳои шаҳрнавардӣ эман бошам.

Ҳамдарсиҳоям мустаъид буданд бизананд миёни ҷомеъа ва касби шуғлу издивоҷ. Ҳатто барои фарзандони ҳанӯз назодаи худ ном доштанд. Таҳҷоиҳои пулдор маҳалли дафнашон ҳам мушаххас буд, чи бирасад ба маҳалли зисту ҷашну арӯсӣ. Дафтаре барои ҷамъоварии шоҳбайтҳои муносибе барои санги мазори азизони ҳанӯз барҳаёт низ доштанд.

Толеъам аз ин бобат баланд буд. Шаҳрзода набудам ва саркашӣ аз ин қайду шартҳои шаҳр бароям на айб, балки ҳусн буд. Донишгоҳ омада будам, то дар тӯдаи ҳамсинну ҳамсӯҳои худ боз муддате чанд пинҳон шавам. Донишҷӯӣ даврони дурӣ аз зиндагии маъмулу роиҷ аст. Панҷ сол таъхир аст дар омехта шудан ба ягонагии рӯзгори якдасту якмаром. Панҷ сол замон доштам, то рӯзҳоямро он гуна ки меписандам, бигзаронам, на он гуна ки интизор меравад. Кош бишавад барои ҳамеша дарс хонд. Борҳо шунида будам китоб модари дониш аст, нашнидаам касе гуфта бошад, ки дониши такрорӣ модари якнавохтиҳост.

Муҳимтарини асомии торихӣ барои мо Роҳи Абрешим аст ва ҳамлаи муғулу салтанати Темуриён. Ҳар касе инҷо шаҳрзодест ва ривоятҳои садрангу садраванди зидду нақиз аз торих қисса мекунад. Донистани ҷузъиёти дақиқу воқеъӣ аз ҳақиқати ҳол дар мадди назарҳо нест. Ҳазору як ривоят дорем аз торих ва интиқоли сина ба синаи он саргармии ҳазоронсолаи мост. Рифоҳу самар дар ин шаҳр аз дониш барнахезад ва ончи фаровон, коғазбозӣ аст ва ончи ноёб, донишу хонишу куниш аст, дар ин Самарқанди сурх, ки рӯзгоре нишемани шоҳони амалу пайғамбарони  шеър буда. Шамшери торих дар ғилофи Темуриён дармондаву занг бардоштааст дар осорхонаи бостонии шаҳр. Торих ноҳинҷор ва дар сукути катибаҳо аз лабаҳои шикастаи кӯзаҳои ҳазоронсола оби зангзада менӯшад. Порчаҳои пӯсидаи хилъатҳои заррин мунтазири як пуфи махуф.

Дар қалби якнавохту якмароми шаҳр, дар ин опортумони якхоба ҳарими махсусе сохтам. Дере нагузашт, ки мутаваҷҷеҳ шудам дар чашми ҳамсоягон ба зани хатарноке табдил шудаам. Зане, ки ниёз ба сабру қаноъат надорад. Зани ҷавони муҷарраде, ки тоза мадраки донишгоҳ ба даст гирифта ва бо кафши пошнабаланду гардани наҳифу дарозаш ҳарҷо биравад, шуғле мавҷуд аст ва рӯи хуше боз. Устоди коромӯз дар донишгоҳи забонҳои хориҷӣ ва муҷрии барномаи хабарҳои иҷтимоъиву фарҳангии ҳафта дар шабакаи телевизиюни шаҳр. Анҷоми ҳамзамони ин шуғлҳои поравақт таъмини харҷи барқу зарқи як духтар мешуд, аммо на тағзияи моҳонаи як шиками холӣ. Байни ин машоғил фурсате ҳам доштам, ки соъоте баъд аз зуҳр миёни ҳаёҳуи шаҳр парса бизанам дар кӯчаҳои каҷу килеби шаҳри нав, шаҳри куҳна, шаҳри куҳнатару куҳнатарин. Дар хиёбонҳои ошнову бегонаи шаҳр андар шаҳр қадам бизанам ва боз хаставу холӣ баргардам ба халвати хона.

Дар ин гӯша буд, ки омӯхтам ба тани худ, ба даруни худ, ба зери пӯсти худ бидуни қазоватҳои сиёҳу сафеди роиҷ ба хатту хато ва ихторҳои Худову халқаш бингараму бияндешам. Барои аввалин бор метавонистам дар утоқ урён роҳ биравам. Аз зери дӯш берун биёяму миёни утоқи нишеман қатраҳои об рӯи пӯсти гарму нармам ламс кунам ва ваҷаб дар ваҷаби талъати табиъатро дар худ кашф. Асрори азал агар ҳаст, дар зери пӯсти инсон аст.

Бар ойина дидани таксири «ман»-ҳои худ гиҷкунанда буд, аммо дер тӯл накашид, то ба издиҳоме аз худ одат кунам. Гӯӣ дар бӯстоне мехиромидам, ки «фард» дар он ҷилва дошт. На банда, на камина, на ғулом, на хоксор, на ҳақир, балки «ман». Мане, ки гоҳе чун гиёҳе, ки аз ламси нозук баргҳояшро бармечинад ва аз як оҳи кӯтоҳ паноҳ мебарад дар лаззати будан. Бахт дар фазои утоқ рӯи фарш, рӯи рахт, рӯи махмали тахт ғел мезад. Дар ин боғи фаровонӣ «ман» будаму «ман» буду «ман»-ҳои мукаррари «ман» бар синаи ойинаҳои «ман», бар деворҳои «ман», бар сақфи болои сари сабзи «ман», дар баробари пешонаи тобони «ман» ва манзили танҳо они «ман».

Як сол ё каме беш ба бадани бараҳнаи ойинаҳо хира шудам. Аз ҳар зовияи мумкин бо ҳаяҷони нафасгир ба муҷассамаи мамнӯъиятҳо нигоҳ мекардам, ғарқи асрори бадан. Дар ойина тағйироте медидам, ки дар хиёбонҳои шаҳр пайдо набуд. Дар расона, дар муколама, дар замзамаҳои рафиқон набуд. Як сол тӯл кашид, то даст ба тани ойина барам, лаб ба оташи сарди ойина. Пой аз хатти набоядҳо бардоштаму бо табу тоб ғел задам дар лаззати кашфи тозаҳои тани худ, дар ҳассостарин рагҳову рӯдҳои ҳассоси тани худ. Дар танҳоӣ ҳикмате буд. Асолате дошт хилват гузидан ва дар ниҳон пайдо шудан. Асрори шаҳрро миёни ин ойинаҳо меҷустам. Шигифтзада аз тасовири пуриктишофи расадхонае бо ҳазорон нигоҳи дӯхта ба умқи хештан будам.

Ёд аз расадхонаи Улуғбек мекунам. Канори дарвозаи вурудии шаҳр фаромӯш шудааст. Муддатҳост ситорашиносӣ низ санги сарди ниёиш ва парастиш аст инҷо. Ин ҳаким, ки синаи замин шикофта, расадхона кошта, то аз раҳми торики замин ба синаи ҷавҳарпӯши осмон ва нутфаҳои саргардони каҳкашон хира шавад, ҳоло дар мақоми пайғамбарист. Ҳакиме, ки танҳо роҳи фирораш аз сиёсат ва кашокаши салтанати меросӣ расад кардани буду набуди фалаку мулкҳояш буд дар ҳарими осмон. Донишвари хилватпарасте буд ё беурзатарину беғайраттарин ҳоким дар сулолаи худ? Ҳарки буд, сар-ба-ҳаво-тарин фарзанди фарзонаи даврон буд. Набуд? Ҳоло камтар касе ба ситораҳояш хира мешавад, аз зовияи чашмони ғайббини ӯ. Ба ситораҳои Улуғбек, ба ситораҳои каҳкашон, ба Ҳафтдодарон, ба ҳарими малакути малоикон.

Қиссаву ривоят аз ҳафт осмон низ содаву мухтасар аст дар ҳазору як гапи мардуми шаҳр. Зуҳра ҳам муддатест ба доди ҳеч корвоне намерасад дар қад-қади Роҳи Абрешим, ки дар дили биёбони Қароқум хуфтааст. Корвонҳо аз якнавохтии шаҳр рахт бастаанд. Корвонсарои куҳнаи шаҳр бозори нон аст. Нони гарми Самарқанд, ки тоблуи наққоширо мемонад. Нони Самарқанд бӯи биҳишт медиҳад. Мадрасаи маҳзуни Бибихоним дигар истабли мусофирони жӯлида нест. Уштурҳо дар биёбонҳои ҷоддаи Хива тоқа-тоқа ҳатто бидуни алоқа ба ҷуфтгирии солона мечаранд. Ҷавҳари қидмат дар мунҷамидии имрӯзии шаҳр аст, гӯё ки ҳар қадр карахттару харобтару абгортар, муътабартар.

Занон куртаҳои зардӯзиву гулдӯзӣ бар порчаҳои ҳариру атлас ва шоҳиву панбаӣ дар тан доранд ва саргираки сафеду овезон бар сари даст ба деворҳои мадрасаи Улуғбек даст мекашанду ба рухсори худ мемоланд. Ин аз саҳнаҳои рӯзмарра дар ғуруби шаҳр аст. Занон ниёишгарони вафодори ин шаҳранд. Ҳарчи куҳнаву ҳарчи қадимӣ, муқаддас аст барояшон.

Регистон ва сангфаршҳояш, мадрасаи Улуғбек, Гӯри Мир, мадрасаи Бибихоним, Шоҳи Зинда ва қабрҳои беохираш ҳама муқаддасанд ва ҳар ғуруб дасте бар сангест ва ба рухсори тар молон. Мардуми ин шаҳр асилтарин парҳезкорони ториханд. Тавбагарони қаҳҳор аз ҳар ончи армон ва нигарони рӯзи растохез. Аз рӯбарӯ шудан бо ниёкони худ дар Афросиёб, Мароканди куҳна ва Самарқанди нав. Ин ду шаҳр канори ҳам дар интизори рӯзи қиёмат, дар интизори додхоҳӣ, дар интизори интиқом аз ҷаҳолатҳои мудом бо шонаҳои хамида зери овори замон хобидаанд. Такя бар шерозаи расадхонаи Улуғбек менишинам, дасте бар хоки нақб мемоламу ба рухсор мекашам. Мутабаррик[12] мешавам аз атру ғубори ҳазоронсола. Дар нимнигоҳи ғуруб хун дамидааст. Гӯӣ ба ойинаи торих табдил шудааст. Хоки Афросиёб сурхтар аст, аммо ҷароҳатҳои Самарқанд амиқтар, барӯзтар, тозатару бозтар.

Телескупи Улуғбек, он дурбини нуҷумии исторашиноси шаҳрамро дидам, баъд аз ҳафтаҳо аз утоқ берун омадаму ойинаи бештаре суфориш додам. Барои ойинакории сақфҳо. Аз зовияи Худо ба худ бояд нигарист. Аз зовияи ситораҳо. Ойинаҳои сақф чун осмони фирӯзаранги шаҳр лоя дар лоя аст. Ситора надорад. Чин дар чин ҷараққаву ҷӯшу хурӯш аммо дорад. Ранг дар ранг пинҳони инсон қобили муқоиса бо шигифтиҳои кайҳон аст. Кайҳон куҳнаву такрорӣ ба назар мерасад, селулҳои тани инсон мунҳасир ба фард. Инсон мудом нав мешавад, ҳатто дар лаҳзаҳои танҳоӣ ва берағбатӣ, дар ғори зинҳорҳои заминии худ низ ҳар он дар ҳоли туғёну тағйир аст, бо суръати муътадил. Тағйире, ки бо чашми урён мешавад дид. Кайҳон навардиданист. Инсонро кофист бибинӣ, ламс кунӣ. Аммо бо чашми дил.

Дар табу тоби кашфи асрори шаҳр бо зарофатҳои рӯзмаррагӣ қаҳр будам. Нороҳат аз ин ки эътироз нишонаҳои ночизе дошт, ки танҳо дар либоси занон медурахшид. Ҳамин либосҳои хушрангу нигоранд, ки бо якрангии замона меҷанганд ва ҳайф, ки ин муътаризони хушпӯш лошаи нимҷони забон дар даҳон доранд. Бӯи нохушӣ медиҳад ҳар суҳбате, ки ҷорист. Бениёз аз дарки фараҳмандии шукуфтани ғунчаҳои ғариза, миёни чордевори бошукӯҳи конуни хонавода лашкари шикастхӯрдаи шаҳранд, ки мушти ҳар навъ мубориза боз кардаанд ва кафҳои ниёиш дароз. Чун сайёраҳо дар интизори кашфи кирдори ҷаҳон нишастаанд ва чун исторагон дар фурсати кӯтоҳи ҷараққа мурдаанд… Ҳуфрагариям дар ҷаҳони ниҳони ҳамшаҳриҳоям аз инҷо шурӯъ шуд. Аз тарси пушаймониву пир шудан дар миёни чордевори баланду сахти тақдир. Мисли саги пири бӯбурда мефаҳмидем, ки тақдир чизе шабеҳи дом аст, чизе шабеҳи таслим шудан ва пой ниҳодан ба коми доми дигарон. Ингуна буд, ки шурӯъ кардам ба саркашӣ, ба шаккокӣ.

Дар муддати бисёр кӯтоҳ ба шодтарин лаҳзаҳо расидам ва дар муддати бисёр кӯтоҳ ба танҳотарин фарди ин шаҳр табдил шудам, вақте чашмонам аз чилтиккаи суолҳои бепосух пур шуд. Нишонашинос шуда будам дар фанни такрори ойинаҳо, дар мантиқи хатхатии нур дар тобуҳои тани мо. Бо як нигоҳ мешавад инсонҳоро гурӯҳ бибандӣ, табақа бибандӣ, тафриқа бияндозӣ ва саранҷом аз васли ҳам масрур созӣ. Боварам мешуд, ки башар қобили пешбинитарин мавҷуди зинда аст.

Рӯзи аҷиберо гузаронда будам. Ҷаласаи умумии кормандони донишгоҳ шояд бузургтарин ҷаласае буд, ки дар он ба унвони корманд ҳузур доштам. Дафаъоти зиёде дар ҷаласоти расмии шаҳрдор ба унвони мухбир ҳузур доштаам. Агар мавзӯъи ҷаласаро ба ман медоданд, метавонистам бидуни ҳузур дар он гузориши онро бинвисам. На хабари кӯтоҳ, балки гузориши муфассали онро бинвисам ва чунин ҳам ҳатмӣ мешуд, ки бидуни фиристодани хабарнигор гузоришҳои пуру паймон ва саршор аз нақли қавлҳо мунташир шавад ва касе ҳам шикоят накунад, ки чунин набуду чунин суханоне гуфта нашуд. На танҳо гузориш ва ҷаласаҳо, балки тамоми мантиқи кормандӣ ва шуғл ташрифотӣ буд. Бо мухбироне ингор рӯбарӯ ҳастӣ, ки медонӣ самбалкорони ашаддӣ ҳастанд ва хавф дорӣ аз ин ки оё ҳарфи туро аз қабл нивиштаанду фиристодаанд барои чоп ё нишастаанд, ки чи бардоште аз он бигиранд, то бозгӯ кунанд?

Канори панҷара дар сафи муаллимони донишгоҳ нишаста будам. Байни асотиди рӯзгордида ва орди тамоми осиё бар сарашон рехта, ки на танҳо мӯи сар, балки куту шалворашонро ҳам сафед пӯшидааст. Дар канори асотиде, ки замон ранги нохушоянди худро бар чеҳраҳояшон нишон дода, духтаре лоғару наҳифҷусса фарқе бо гулдони канори панҷара надорад. Ҳаст, ки буда бошад, то холигии ҳузури занон пӯшида бимонад, набудани ҷинси муаннас дар ҷамъ рӯпӯш ва тазйин шуда бошад. Рӯямро ба панҷара гардондам. Баргҳои гардгирифтаи дарахтон гоҳе беҳтарин ҳамсуҳбатанд. Шарм буд? Ё тардид аз ин ки оё дар ҷойи дурусте қарор дорам? Оё истихдом шуданам дар ин донишгоҳе, ки онҷо дарс нахондаам, тасмими дурусте буд? Намедонам.

Оркестри баргу шохҳои дарахт ҳузури сабзи баҳорро ёдовар мекард.  Садое маро аз ҳамнавоии дарахтон дар қоби панҷара берун кашид. Раиси донишгоҳ дар шурӯъи ҷаласа теша ба шишаи халват дар ҷамъи ман зада буд. Мутаваҷҷеҳ шуда буд, ки таҳи утоқи бузург на танҳо ба ҳарфҳои ӯ диққат надоштам, балки ҳатто намедонистам инҷо чи кор мекунам. Баланд шудам ва ба се тарафи худ гардан гардондам, ба маънои хушбошӣ аз ҷамъ хаму рост шудам ва бо даст гиребони пироҳанамро гирифта будам, ба маънои намедонам чӣ. Эҳтиром, ё тавозуъ ё ин ки пистонҳоям дида нашаванд? Ин ҳолатҳо дар ғаризаи нохудогоҳи занони Самарқанд медамад. Касе ҳам масалан ба ман нагуфта, ки чоки куртаатро бигир, пистонҳоят берун науфтанд. Пистоне шояд надоштам, ки касе ба ман тазаккур бидиҳад. Аммо чиро ҳама, чи пистондору чи бепистон, даст ба чоки куртаи худ дар баробари мард-ҷамоъат хаму рост мешавем, ки гӯӣ ҷинни аз кӯзаи Аловиддин берунҷаста бошем. Ин ҳолатҳо ва ин одатҳо мисли алафи ҳарза дар ҳувияту шахсияти мо мерӯяд ва бояд то ҳастӣ, анҷом бидиҳӣ ва риъоят кунӣ, магар ин ки инқилобе дарунӣ сурат бигирад. Мехостам дубора биншинам, ки садои раиси донишгоҳ баланд шуд:

– Ҳанӯз бо Шумо кор дорем муаллима!

Ва ҳама хандиданд. Дар Самарқанд хонумҳо ё модаранд, ё муаллима ва ё мулло. Ҳарсе ба маънои эҳтиром аст ва ба маънои ин ки бо дигар занон тафовут доранд. Эҳтиром бояд бишаванд, чун модаранд, чун таҳсилкардаанд ва ё аз бастагонат ҳастанд. Ба ин даста аз занон намешавад дар хиёбонҳо гап паронд ё, ба қавли маъруф, маталак гуфт. Чиро хандиданд? Ҳанӯз омоҷгоҳи хандаҳо будам, ки:

– Муаллима, назари Шумо чи ҳаст? Чи роҳкоре барои ҷалби таваҷҷуҳи донишҷӯҳо доред?

Агар хостед касеро хароб кунед, ҳамин суолро аз ӯ бипурсед. Он ҳам вақте ки на аз даврон хабаре ҳаст ва на аз гузаро будани он ва на аз ин ки чи чизе дар сари донишомӯзон мегузарад. Он ҳам дар рӯзи аввали корӣ. Беҳтарин посух куллигӯист ва дарвоқеъ сукут аз он беҳтар аст:

– Устодони арҷманду бособиқа албатта беҳтар медонанд, ки ин шаҳр давронҳои сахттар аз инро ҳам пушти сар гузоштааст. Фикр мекунам ёдоварии даврони гузашта дар муқоиса бо имконоти кунунӣ ва мусалламан оянданигарӣ бояд кумакашон бишавад, ки дил ба дониш диҳанд. Мо даврони сахттар аз инҳоро доштем ва ин саҳл аст.

Ба ҳеч тамасхуре пай набурдам. Аммо сукути тӯлонӣ водошт, ки биншинам. Ин бор касе нахандид, вақте раиси донишгоҳ суҳбати дунафараро бо оромиш идома дод.

– Аз назари Шумо фурӯпошии Ҷамоҳири Шӯравӣ кори саҳл аст?, – абрӯ ба ҳам кашид раиси донишгоҳ. Бешак дил чиркин шуд.

Чи ҳарфи аблаҳона задам. Рӯзи аввал бидуни пурсуҷӯи зиёд бо рӯи хушу дили боз дархости кории маро пазируфт. Шояд мехоҳад назди ин устодони бособиқа, ки аз чашмонашон мехонам ба ин меандешанд, ки чиро ин духтари ҷавонро гузоштаанд мудири бахше ба ин аҳаммият бишавад… Донистам, ки мехоҳад маро аз оташи додхоҳӣ рад кунад. Оё метавонистам аз ин ҳалқаи оташ бигзарам? Ҳатмӣ муҳлати озмоишӣ доранд. Аммо касе аз қавонини истихдому кор бароям тавзеҳ надода буд, вақте исмам ба унвони мудири бахши шарқшиносии донишгоҳи забонҳои хориҷӣ дарҷ шуд. Ҳарчи бодо бод! Дубора бархостам.

– Барқарор нигаҳ доштани иттиҳод ба назарам мантиқӣ нест, вақте Маскав тавон ё хоҳиши мудирияташро надорад.

Ҳамаи сарҳо ба сӯи раиси донишгоҳ баргашт. Раиси донишгоҳ нигоҳи қаноъатманде ба худ гирифт:

– Аммо Шумо медонед, ки Ҷумҳурии Советии Узбакистон алоқа дорад иртиботи ҳамешагии худро бо Маскав ҳифз кунад?

– Бале, – саросемагиям ошкор буд ва нигарониям аз ин ки чиро раис мехоҳад назди ҳама аз ман имтиҳони сиёсат бигирад.

– Хуб?, – ҳамчунон исрор дошт раис.

– Ба назарам, хуб мешуд, агар Маскав ҳам чунин алоқае медошт. Вале…

– Бале, маълум аст.

Истиқболе аз ин навъ истидлол дар ҳолаташ пайдо набуд. Шабеҳи Ленин ду мушт рӯи миз гузошт, рӯ ба ҳозирон:

– Ин бону намояндаи насли ҷавони ин кишвар аст. Донишҷӯёни мо ҳам мисли ин муаллима фикр мекунанд ва ҳама тарафдори ин ҳастанд, ки кишвари мо мустақил бошад. Бояд устодони ҷавонро вориди ҷамъи худ кунем. Умеди кишвар ба ҳамин насли ҷавон аст. Вазифаи мост, ки аз онҳо пуштибонӣ кунем.

Ман ба изофаи ин ки ҳаросону нигарон будам, сурх ҳам шудам. Аммо ин бор мунтазир шудам, то худаш иҷоза бидиҳад бинишинам ва нигоҳам зор мезад, ки чизе напурсад. Чун дигар эҳтимолан садоям дар намеомад, ҳатто агар ҳарфи задан дошта бошам ҳам. Аммо вақте нишастам ва ба асотид нигаристам, чашмонашон барқ мезад. Маро ба ҷамъи худ пазируфтаанд…

То охири ҷаласа лаҳни раис тундтару тундтар мешуд ва дастур пайи дастур ва ноҳинҷории мардони чаҳорпаҳлӯ ва дар орзӯи даррафтан аз ин қафаси танг. Гӯё бори дигар хост кашиши шарми маро бисанҷад:

– Аз муаллима ёд бигиред, намешавад?! Чи тавр ӯ дуруст дарк мекунад. Бояд ҳарфро рӯрост гуфт ва на ин ки пӯшонд. Ҳадди ақал бигӯед ин кор шуданӣ нест…

Ниҳоли наҳифи маро ба сурати дигарон мезад. Нигоҳҳои нарму дӯстона маҳв шуда буд.

Ҷаласа, ки тамом шуд, сар зер афкандам ва то утоқи кории худ барнадоштам. Дарро бастам. Як-ду нафар дар заданд ва шахсан чанд «боракаллоҳ» таҳвилам доданд, аммо бақия дар роҳрав ё хиёбон саре такон доданду рад шуданд. Аввалин бор буд узви созмоне ба ин бузургӣ будам. Дилам танг шуда буд барои ду рӯзи охири ҳафта, ки бо ҷамъи кӯчаки панҷнафара дар сохтмони телевизиюн машғули таҳияи барнома мешудам. Аммо барои таъмини рӯзгор сабурӣ чораам буд. Телевизиюн ду моҳ ҳуқуқи кормандони худро надода буд. Донишгоҳ танҳо маҳалле буд, ки ҳанӯз мураттаб ҳуқуқ медод.

Тобистони зерурӯгаре буд тобистони 1991. Фориғуттаҳсилӣ ва харидани опортумон. Муҷрии телевизиюн шуда будам ва ҳоло мудире аз мудирони донишгоҳи тозатаъсиси забонҳои хориҷӣ. Зерзаминӣ ва пинҳонӣ хатти форсӣ ёд гирифтам ва родиюи «Садои Хуросон» гӯш доданам бароям ҳунаре шуда буд, ки ҳоло бо роҳандозии ин донишгоҳ харидори ин дониш ҳам пайдо шуда буд. Ҳоло дигар омӯхтани хатти форсӣ мамнӯъ набуд. Аммо ҳамчунон музҳик буд хориҷӣ талаққӣ додани порсӣ ба қавми тоҷик. Аммо суди шиноварӣ бар хилофи ҷараёни рӯд чист? Шуғле эҷод шуда ва фариштаи раҳнамоии ғаризаам маро ба сӯи ишғоли он меронд, то давроне гузаро дар ҷое қарор бигирам, ки на сих сӯзаду на кабоб. Ҳам кор ба даст ояду ҳам ёр наранҷад. Ин буд шояд шурӯъи идғоми зеҳни кӯҳистониям бо фалсафаи шаҳр. Гарчи хӯ гирифта буд дили ваҳшиям бо ҳикмати куҳнаи кӯҳистон, ки «на, гуфтан буд ба хорӣ, на, гуфтан буд ба ёри ҷафокоре».

Вақте барои аввалин бор вориди опортумонам шуд, пӯзханд дар чеҳрааш шукуфта буд. «Худшефтае чун ту метавонист маро аз роҳ бадар кунад». Бероҳ на водошта будамаш он касе бошад, ки дар дарунаш сарбазер асту қадркоста. Савдогаре буд ба сони бозориҳои зираки Самарқанд. Аммо чи дода ва чи ба даст оварда… На худ донад, на Худо…

Мехостам зуд асрорашро кашф кунам ва биравам суроғи идомаи рӯзмаррагиҳои ҳамешагиям. Рӯзмаррагиҳое, ки мисли хотироти амирони ин шаҳр якнавохт буду такрорӣ. Ӯ маро дар бедорӣ дар роҳрави донишгоҳ дид ва аз девори қаноъатмандӣ пойин ҷаҳид. Ман низ.

Аз канорам рад шуд. Нима баргашту як нигоҳ ба сӯям ва як нигоҳ ба сӯи марди ҳамроҳаш каҷакӣ роҳ мерафт. Марди ҳамроҳаш сокит буд. Дубора баргашт. Ҳанӯз рӯ сӯи он ду будам. Бори дигар вақте дидамаш, дами дари вурудии донишгоҳ истода будам. Шояд мунтазири касе будам. Шояд ҳам мунтазири бори дигар дидани ӯ. Нигоҳе давомдор. Нимтаъзиме ва ба маънои иродатмандӣ. Бори севум бидуни муқаддима вориди утоқаш шудам.

Муйҳои мошу биринҷ, шалвори обии тира ва пироҳани остинкӯтоҳи сафед дошт. Кровот назада буд ва мӯйлаби мошу биринҷӣ дошт. Ин ҳама нишонаи мутафовит бо дигарон. Дар ҷаласаи умумии рӯзи душанбе ӯ ҳам буд ё набуд? Кош буд ва маро дида буд. Байни ин ҳама баргаштанҳо, хира шуданҳо дидани ӯ ҳисси дигаре дошт. Боз дунболи ҳуфрагарӣ уфтодам. Ҳисси ғаризаам мехост аз ӯ бештар бидонам.

Бо котибаи зебои худ истода буд ва қоматашро ба сони манори Шердори Самарқанд боло кашида буд. Утоқ пур аз виқор буд. Котиба низ аз ӯ камӣ надошт. Ба сони манори Тилокорӣ рӯбарӯи ӯ камар кашида буд ва рухсораш барқ мезад аз офтоби тоқи манори Шердор. Миёнашон ҳавзе аз ишваҳои нағзу ғаризӣ. Пистонҳояшро бархезонда буд. Офтобгардони зарринранге буд дар канори ӯ. Нигоҳ на, сеҳру афсун дошт. Маъно дар чашмони раъно пайдо буд.

Чун маро дид, ду қадам бо шодӣ пеш омад:

– Шарора-ойтӣ! Хеле хурсанд шудам аз омаданатон. Нағз гаштед?

– Салом. Нағз, Худо-ба шукр. Шумо чи тур?

Дастам аз кафи котиба шорид ва дар кафи танӯри доғи дастонаш гарм шуд.

– М. Д!, – бо эҳтиёт дастамро чун ҳаббаи ях фишурд.

Дари баланду сиёҳранги утоқаш чармӣ буд. Ба сабки мебелҳои клосик радиф-радиф мехкӯбӣ шуда буд. Шабеҳи тахтаи шашка. Нарму барроқ боз монда буд ва одам ҳавас мекард ҳамзамон, ки ворид бишавад, дасте ҳам ба тани нарму барҷастааш бикашад. Ҳарду ворид шудем. Сандалиро кашид, ки биншинам.

– Дар фикр будам, ки худам равам наздатон, ки омадед. Хушам меояд, вақте занон пешдастӣ мекунанд.

– Шумо ҳанӯз инсонро ба зану мард тақсим мекунед?, – хостам ба бозӣ бикашамаш.

Сурати худро ба каноре кашид:

– Зарба дарёфт шуд, як нумре ба суди Шумо!

– Инҷо наёмадаам шох ба шохи Шумо бигзорам.

Ҳамчунон лабханд мезанам ва талош мекунам малеҳона бошад, аммо ҳамчунон мағрурона аст рафторам. Сахт аст аз ин қоб[23] берун оям. Ин қоб часбида ба ман. Қоби танги қавонини комсомол пои занонагиро бемалол бастааст. Ҳатто агар бо зӯр бихоҳӣ лабханде бизанӣ ҳам, намешавад.  Ингор ихтиёри рухсорат ҳам дасти худат нест.  На танҳо лаб, балки мижгону абрӯ ва гунаҳоят низ беҳаракат мемонанд. Танҳо гавҳараки чашмон аст, ки ҳамеша соҳибихтиёр аст ва ҳамеша ҳам алоқа дорад ба гавҳараки чашмони тарафи муқобил рост бингарад.

– Барои чи пас омадаед?, – аз лаҳни худ дар хиҷил буд М. Д. ва гавҳар аз гавҳари чашмонам наканда пурсид.

Эҳсос мекунам, ки ранги чашмонам тағйир мекунад. Эҳтимолан сабзтар шудааст ё сабзи омехта бо асалӣ. Ранги аҷибе ба худ мегиранд чашмонам, вақте эҳсосотам туғён мекунад. Чашми тарафи муқобил низ шурӯъ мекунад ба давидан байни ин чашму он чашми ман. Ингор мехоҳад мутмаин шавад, ки дуруст дида ё таваҳҳум аст. Бӯқаламуне дар чашмонам хона дорад, ки намешавад нодида гирифт.

Маълум буд аз нигоҳи аввал мехост ҳарчи зудтар маро бишносад ва бидонад кистам. Фиристодаанд маро? Кӣ? Раиси донишгоҳ? Ҳамсараш? Тошканд? Барои чи кор? Ин шаҳрро мисли кафи дастонаш мешиносад, аммо чиро маро на…

Бо эҳтиром аз ҷой бархост. Бидуни ҳеч тавзеҳ аз ҷой баланд шуд ва маро танҳо гузошт. Аҷиб ин буд, ки тамоми ҳаракоташро мехонам. Тамоми андешаҳояш бароям хоно буд. Ин ойинаҳо нерӯ мебахшиданд? Ё сокинони ин шаҳр ҳама бидуни истисно аз як ҷавҳаранд? Дилам мехост ӯ мутафовит буд, пӯшида буд, асроромез буд.

Вақте қонуни ишораро омӯхтӣ, қонуни интиқоли паём низ пеши туст. Ҳатто аз он сӯи девор метавонистам ҳадс бизанам ҳоло ки дарро баст, нарм қадам сӯи мизи котиба зад. Пушти сари котиба истод. Шояд ҳам даст ба туррааш бурд. Шояд ҳам бо ангушт турраи рӯи абрӯ уфтодаи ӯро канор зад. Шояд ҳам на. Аммо даҳонашро наздик бурд пушти гӯши ӯ, ки бипурсад:

– Ин кист?

Ҳатмӣ ӯ низ мегӯяд:

– Рафиқ М.Д., чи тур намешиносед? Ин кас корманди телевизиюн ҳастанд.

– Инҷо чи кор мекунад?, – эҳтимолан ин гуна идома медиҳад ӯ.

– Батозагӣ барои мо ҳам кор мекунанд.

– Чи кор?

– Мудири бахши шарқшиносӣ бознишаста шуданд, ин кас ба ҷояшон омаданд.

Эҳтимолан ин суҳбат ин тур пеш меравад:

– Ин, ки бача аст.

– Ин ҳама ҷавони дигар, ки истихдом шуданд, чиро ин кас нашаванд?

– Самарқандӣ аст?

– Бале.

– Пас чиро лаҳҷа дорад?

– Аслан аз рустоҳои атрофи шаҳр аст, агар иштибоҳ накунам. Самарқанд, аз сараш гардам, аввалу охираш пайдо нест.

Ба атроф нигоҳ мекунам. Утоқ ҳаҷми мутавассит дорад. Дари баландтар аз маъмул. Қафасаи китоб ва ҳамаи ҷиҳози утоқ мишкӣ ва тира аст, ба ғайр аз сандалиҳо, ки ранги сурхи ҷигарӣ доранд. Рӯбарӯям панҷараи бузург аст. Ба яке аз чаҳорроҳҳои бузург боз мешавад. Ҳамон чаҳорроҳе, ки аз панҷараи утоқам нигоҳ мекунам, бозу баста мекунад намои пуродами онро бо пардаҳои баланду сафед. Утоқам дар охири ҳамин роҳрав аст, ки вурудии утоқи котибаи М. Д. рӯ ба он аст. Аммо на ӯро ва на котибаашро дар роҳрав надидаам. Роҳрав маҳалли интизори донишҷӯҳост ва устодону мудирон бидуни навбат ва бемалолу сареъ мегузаранду вориди утоқ мешаванд.

Барнома рӯи онтен рафт ва ба таври зинда мисли ҳамеша иҷро кардам ва се гузориши кӯтоҳи фарҳангӣ ва гузорише ҳам аз дарахтони куҳансоли хиёбони донишгоҳ. Пас аз барнома савори мошини телевизиюн шудам ва дар хиёбонҳои шаҳр ба тамошои ин раҳгузарон нишастам. Занон, духтарон, мардҳо ду-ду, як-як, гурӯҳ-гурӯҳ дар қоби худрав варақ мехӯрданду рад мешуданд. Ҳар кудом китобе нонивишта буд. Ҳар раҳ, ки барои сабти гуфтугӯ мерафтам назди ин ё он сокини шаҳр, шинохти дасти аввал, аммо ноқисе аз рӯзгору афкорашон пайдо мекардам. Мисли варақ задани китобе бидуни жарф рафтан бар умқи воқеъии он. Умқи воқеъии китобро ҳатто худи нивисанда душворӣ мекашад, ки бидонад чист, ҳамонгуна ки Офаридгор дар умқи пайдоиши абнои башар. Роҳгузарон ба сони авроқи парешони китобе мусаввар хушранг, хушлибос, хушрӯ, хушандом, хушадо, хушоянд ва хушу хушу хуш буданд. Ҳатто асомии хиёбонҳои шаҳр рӯи нақшаи қадимии кишвар ба сони хутути шугуни хушбахтӣ дар таҳшини пиёлаи қаҳва бар кафи дасти зане фолбин маъонии нуҳуфта доштанд.

Ин шаҳрро аз азал шатранҷвор сохтанд. Ҳамчунон бо қавонини шатранҷ амал мекунанд ё ҳамон «шоҳмот», ки исми дигари ин бозист. Бозии яксон мавриди алоқаи шоҳону шаҳрдорону шаҳрвандон. Ҳарчанд содатар. Вақте тахтаи шатранҷро бо диққат бингарӣ, комилан возеҳ аст, ки манзурам чист. Тасаввур кун, радаи аввал дар тӯли торих ҳазф шуда ва ончи дар майдон монда, радаи дувум бошад ва ранги тарафи муқобил низ ҳамранги сангҳои самти мутақобил. Танҳо кофист диққати бештару мулоҳизаи амиқтар дар ҳифзи собиқаи афроду ақвом ва мавзеъҳояшон дошта бошӣ.

Шеваи ҳаракот аммо якгома асту рез-рез, дугом ё духона ҷилав рафтан муддатҳост, ки мамнӯъ аст ва дигар ҳатто дур аз тасаввур. Радаҳои аввал холиянд. Аммо бо ин ҳол ишғоланд. Онро бояд бо чашми дарун дид ва дар зеҳн супурд. Пиёдагардҳо, ки мардуманд, иҷозаи вуруд ё  фузулӣ ба хатти муқаддам надоранд. Ҳамеша бояд мудофеъ ва муроқиби аҳриман буд. Фармонҳо шифоҳиянд ва бештари авқот ниёз ба фармон нест. Тамоми қавонини бозӣ дар рӯҳи бозигарон ҳак шудааст, чун нақшҳои нигорини Регистон. Фармонфармоён ғоибанд. Ниёзе нест дар саҳна зоҳир бошанд. Аммо ҳамеша чашм ба майдон дар шикори бозу уқоб ё харгӯшу гург ва оҳубачаҳои махӯфи низом. Ҳамон беҳтар аст, ки аз саҳна ғоиб бошанд. Вагарна бақия раъятвор даст бар синаву гиребон, бетаҳаррук мемонанд ва то калонтарҳо аз саҳнаи бозӣ нопадиду хориҷ шаванд, сар аз замин барнадоранд. Кулли шаҳр аз фаъолият мемонад, агар сарони шаҳр берун аз локи муҳофизи худ бишаванд. Бозӣ мутаваққиф мешавад, замон меистад. Ин иттифоқ хушбахтона соле як ё ду бор рух медиҳад. Танҳо ба таври нумодин ва сареъу кӯтоҳ ибрози ҳузури болонишинон асту бас. Аз вақте шоҳ дар роҳ аст, надимон фарёд мезаданд: «Чашмҳову гӯшҳо баста бод!» Охирин бор Амир Темур аз ин хиёбон гузашта буд ва ҳамин фарёд буд ва то ҳанӯз мардум чашму гӯш боз накардаанд. Ҳатто вақте Амир Олимхон, охирин амири Бухоро, аз Самарқанд рад шуд, ҳайрон буд, ки чиро касеро ӯ на дид ва на шунид. Бозӣ идома дорад ва танҳо чизе, ки дар он ҳаётист, шинохти мавқеъият аст. Тухми ҷиҳатёбӣ дар мардумони ақаллият дар нутфа баста мешавад. Тамоми асрори бозӣ ҷиҳатёбӣ ва шинохти шароит ва пешбӯии хатар. Ҳеч санге аз радаи дувум ба радаи тарафи муқобил намегузарад. Хатти муқаддам охири хатти бозист ва танҳо бо либоси расмӣ ва низомӣ ё корти шиносоии бастагони болотарҳо мешавад ворид шуд. Бақия дар сатҳи баяғморафтаи шаҳр, дар майдони пиёдагардҳо муроқиб бояд бошанд, ки ғайб назананд. Ғайб задани ногаҳонӣ қонуни ин бозист. Регистон, виҷдони шаҳр, ҳайрон аз доси даврон, ки пои ҳарчи фозил даравидааст.

Баҳси ин ки ибтидову интиҳои марзҳои Самарқанд куҷост, мавзӯъи чанд барномаи «Чашми дил» буд. Охирин шуморааш пахш шуда буд ва ҳанӯз намедонистам бардошти мардум аз он чист. Дари таҳририяро касе назада буд, пас яъне вазъият қобили таҳаммул аст.

Расонаҳо мерасонанд ва баъд муҷрӣ агар кунҷков аст, дар кӯчаву хиёбонҳо мегардад ва сарнахи таҳлилро боз мекунад, ки «назаратон чист?» Фарҳанги таҳлил ва интиқоди усулӣ дар дасти афроди хатти муқаддам аст ва бар асоси баҳ-баҳу чаҳ-чаҳ мечархад ё бар асоси тақ-тақ задани дар.

– Хулоса, бояд муроқиб бошед поятон ба чархи сиёсат напечад, – моро ихтор медод мудири телевизиюн. – Хатҳои иртибот яктарафа аст. Хатҳои телефун сетарафа, муроқиби ҳарфу забони худ бошед. Ҳамеша гӯши нафари севум дар миён аст. Бисёре аз корҳоро рӯдаррӯ ва дар дашту даман анҷом медиҳем, дар гузиниш байни шулуғӣ ва шаҳр, то ҳадди ақал гӯши севуме дар миён набошад, – механдид, вале асабонию нигарон буд. Намедонист, ки ин ҳарфҳояш ба боло мерасад ё ҳамин ҷо байни мо мемонад.

Ӯ ҳам зодаи шаҳр набуд. Аз рустои дурдасте худро расонда буд ба ин мансаб ва барояш бисёр арзиш дошт, ки «афроди худӣ»-ро даври худ дошта бошад. Бо ин ки маълум набуд ба кудом табақаи шаҳр мансуб аст, мабно ва бақои таъорузи табақотии шаҳрро кашф карда буд.  Ин ҳарфҳоро барои имтиҳони мо мезад ё худ эътиқод дошт, ки бояд сиёсатро давр зад, то ҳарфи мардумро ҳам бишавад бозтоб дод. Ҳамаи инҳо ҳаяҷони кори таҳририяро боло мебурд. Мо дар тардиду шаккокият кори худро идома медодем ва тазоҳури ҳамфикрӣ. Ҳама дар локи танҳоии худ гардан фурӯ бурда будем. Ингуна роҳаттару фориғтар будем. Қавлу қароре бо касе надоштем ва аз ҷаласот фирорӣ будем. Парҳез пешаи мо буд, аз ҷамъҳои ҳассосу суҳбатҳои доғи рӯз. Ба хотири бақои фаъолияти барнома ҳамаи ҳамзабонон бо ёрии ғариза таъаҳҳуд бар ин қавонини нонивишта доштем.

Инҷо ҳам бидуни қарору муқаддима омаданам паём дорад. Медонад. Медонам. Аммо бояд барои котиба достоне сохт. Масалан, мехоҳем дар барномаи муштарак аз таҷрубаҳои омӯзиши бахши инглисӣ истифода кунем. Ҳарчанд М. Д. устоди бособиқае нест, таҷрубаи чандоне дар тадрис надоштааст. Диплумот буда ва диплумот монда. Бар асоси қавонини бозӣ аз хатти муқаддам касе барнамегардад. Ҳамонҷо барои абад зери заррабини давлат мемонад ва монда буд.

Донишгоҳи забонҳои хориҷӣ дарвозаи шаҳр аст. Ҳамаи иртибот бо меҳмонон ва созмонҳои хориҷӣ аз тариқи ин донишгоҳ аст ва ҳар чизе марбут ба хориҷӣ ва хориҷа ва чи қадр тарс дошт ин вожаи бегона, ин дунёи пурвоҳима. Албатта, ҳанӯз пойи гардишгари хориҷӣ ба шаҳр боз нест. Аммо доштани барномаҳое барои мусофирони дохилӣ аз рисолатҳои ҷоуфтодаи Донишгоҳи забонҳои хориҷӣ аст дар ин шаҳр, ки шаҳр нест, музеи саргушодаи осори бостонист.

Бидуни андешаи жарф навбат гирифта будам барои дидор бо раиси донишгоҳ:

– Мехоҳам бо Шумо ҳамкорӣ кунам.

Бо ҷиддият, аммо кунҷковона пурсид:

– Чиро маҳз бо мо?

– Ба ақидаи ман, Донишгоҳи забонҳои хориҷӣ дарвозаи шаҳр аст. Беҳтарин маҳал барои кашфи ҷаҳони берун ва фурсати хубе барои пурсидан аз устодони хориҷӣ, ки чиро Самарқанд?…

– Шумо мехоҳед аз хориҷиҳо дар бораи шаҳри худатон бипурсед?, – мунтазири посух нашуд ва идома дод раис. – Албатта сармашғулии худи ман ҳам ҳамин аст. Муаллима, аз ҳамин имрӯз ҳамкори мо ҳастед.

– Ҷиддӣ!? Аз имрӯз?, – бо ҳаяҷон мепурсам.

– Ҳар замоне ки омода бошед, – бидуни исрор ва хушҳолӣ мегӯяд Юнус Абдиевич, раиси донишгоҳ.

Ингуна буд, ки дарҳои ин донишгоҳ, ин дарвозаи шаҳр ба рӯям боз шуд. Ҳамингуна бидуни ҳеч подармиёнӣ, ҳеч гуна мадраку номаи муъаррифии хоссе, ошнобозӣ ва ришвабиёрию подармиёнӣ. Ҳамаи роҳҳо софу суфта шуд пеши поям ва бо ӯ вохӯрдам. Ба таври тасодуфӣ дар саҳни донишгоҳ.

– Ин тур бидуни муқаддима вориди утоқи Шумо шудам, бибахшед. Суолҳое дорам, ки шояд битавонед кумакам кунед. Инҷо тозакорам ва ба роҳнамоӣ ниёз дорам, – нимнафас ва беист ҳарф мезадам, то ором гирифтаму нафаси амиқ кашидам.

– Професор Р. Ғ.-ро мешиносед? Устодам буданд.

Вақте баъд аз иттилоъ гирифтан дубора вориди утоқ шуд, бо ҳамон ҷиддият суҳбатро аз сар гирифтам, дар ҷавоб ба «хӯӯӯӯш». Дар чашмонам ғарқ буд, ҳамон тур, ки хира буд, ба умқи андешаҳоям бирасад. Ҳуруфи нигоҳам резтар аз заррабини ҳадсу гумонаш буд. Танҳо чизе, ки медидам, нигоҳаш бар нигоҳам банд мондааст.

– Бале.

Аз ин чашм ба он чашм мекард. Пай бурда буд ба мавҷи бозии сабзи рангомезии чашмонам. Эҳтимолан ба сабзи рӯшани лимӯӣ мезад ранги чашмонам ё сахрае бо ғилзати сабз.

Ӯ ҳам аз мост ё мехоҳад сар аз қасдам дарбиёварад, маро имтиҳон кунад? Лабханд дар нигоҳаш буд ва мехонд нигоҳамро. Ларзиши торҳои аъсобамро. Сафҳа-сафҳа варақ мезад мижаҳоямро. Бе муқаддимаву баҳона мехост биҷаҳад ба ҳавзи моҷароям. Ман низ…

Аз мо набуд, аммо буд. Тарҷеҳ медод бошад. Оне, ки аз мо буд, ҳатмӣ «Чашми дил»-ро медонист ва ҷумъаҳо пои телевизиюн мехкӯб мунтазир мемонд, то бибинад оё ҳамчунон барнома дорем. Танҳо барнома ба забони модарии мо ним соъат ҳар ҳафта бо пуштибонии молии мардум гардонда мешуд. Барномаи аввал, ки пахш шуд, кулоҳи гадоӣ даст гирифтему рафтем идораҳои давлатӣ, ки саҳме дар барномаи баъдӣ бигузоранд. Дар иваз? Дар иваз аз созмони шумо ёд мекунем, ташаккур мекунем дар барнома ба поси кумак ба забони модарӣ ва фарҳанги бумӣ…

– Тарҷеҳ медиҳем исме аз мо оварда нашавад, беҳтар аст инро бигиреду…, – даст ба ҷайб мебаранд хелеҳо ва дасташонро лоъилоҷ мефишорӣ барои вопасин…

Дар бозори «Сиёб» ва «Бозори Ленинӣ» кам савдогаре ҳозир мешуд аз дастам пуле бигирад. Ҳатто агар ноневу пиёзе харида бошам. Муташаккир аз сина сипар кардан дар дифоъ аз фарҳанги ниёгон буданд. Ман куҷову таҳаммули ин ҳама илтифот. Эҳсоси як муфтхӯрро доштам. Ҳеч коре батанҳоӣ анҷом намешавад. Ҳамаи корҳо натиҷаи заҳмати ҷамъист. Агару магарҳое, ки ҳамеша дар соя мемонанд, исму расме доранд ва бешак дасте, ки ҳамеша барои кумак ба дигарон дароз аст. Ҳатто мағозадорон низ саҳм доштанд дар ин барнома, вақте ҷинсҳои худро бо камтарин қимат, ҳатто наздик ба ройгон, мефурӯхтанд. Барги сабзашон барои пуштибонӣ аз фарҳанги ниёгон ин буд. Эҳдои беҳтарин либоси ғурфаи худ ба муҷрии танҳо барнома худ суди маънавии бисёре дошт. Таваҷҷуҳи мардум масъулиятзо буд. Хобу оромиш мебурд тарҳи беҳтари барномаи баъдӣ. Ҷаззобтар аз ҳама он буд, ки тақрибан ҳамаи сокинони шаҳр даст ба дасти ҳам медоданд, ин барномаи ҳафтагӣ сохта мешуд, пахш мешуд, овозаю дарвоза мешуд, азони шоми ҷумъаи форсизабонон мешуд ва бори дигар танин медод байти Рӯдакӣ, пайғамбари мо, ки «Ба чашми дилат дид бояд ҷаҳон…» Аз нонво то мағозадор, аз сигорфурӯш то соҳиби рестурон, чойхоначӣ ва қаҳвахонадор ва ҳатто ронандагони токсӣ… Ва ӯ аз ин ҳама бехабар буд. Ӯ хиҷил буд, ки маро намешинохт. Нашнохтани ӯ ва дур будани ӯ аз ин дунё ҳам ҷаззобияте дошт ва ҳам нигаронӣ. Оё мехоҳад сар аз кори ману дӯстону рафиқонам дарбиёрад? Ё дунболи кайфу сафое дар сайёраи дигар? Ё Дун Жуонест, ки умдатарин нигаронияш барқу ҷилои кафшҳояш аст ва тири шалвору нақши галстуки такнусха ва мунҳасир ба фардаш.

– Магар мешавад бо Р. Ғ. ошно бошеду «Чашми дил»-ро надонед?

– Ба иттилоъоти дасти дувум руҷӯъ намекунам, мавриди алоқаам нест. Мутаассифона, чунин хӯ кардаам, – ҳирфаӣ ва сиёсатмадорона ба лаҳни масхараомезу шайтанатдораш посух дод М. Д.

– Ман инҷо наёмадаам Шуморо бо забони модариятон ошно кунам ё аз вазъи вахими рӯ ба инқирозаш варроҷӣ[30] кунам. Омадаам бибинам оё таваҷҷуҳе ба фарҳанг доред?, – нигоҳам ҳамчунон рост ба чашмонаш банд монда, дар ҳоли қироати афкораш аст.

– Фарҳанг?! Бону, вақте мо гузарнома ислоҳ мекардем, ки тоҷик тоҷик бошаду рус рус, бо омори тақаллубӣ мубориза мебурдем, Шуморо ҳанӯз назоида буданд, – маълум набуд чигуна ҳам он сӯи соҳил буда ва ҳам ин сӯяш.

– Пас танҳо гузарнома ҳувияти моро таъйин мекунад? Дониш ва полудагии забону фарҳанг чи тур? Забони модарӣ?, – бо суол посух додам ба куллигӯиҳояш.

– Ҳеч ҳувиятеро бидуни пояи сиёсӣ қабул надорам. Даруни деги сиёсат ҳастам ва инҷо муфидтарам, то дар берун бесамар тохтан. Мувофиқ нестед?

– Муваффақ шудед?, – дастикам мегирифтам ҳар коре ҳам карда ё накарда бошад. Баъид набуд бофтаи хаёлаш бошад. Пас муҳим чи чизе буд дар ӯ?

Парвонаи замон ноъаён аз зеҳни мо парида буд. Чи қадар тӯл кашид ин дидор ва куҷо бояд бурид ин лаззати бисёрро? Ҳарду ҳамзамон аз ҷой бархостем. Дастони ҳамдигарро дами дари хурӯҷӣ рӯбарӯи котиба фишурдем. Кулчаи гарме буд кафи дастам. Қурси хуршед буд кафи дасташ. Аз нигоҳи аз зери турраи радиф буридаи котиба фаҳмидем, ки замон беш аз маъмул аз дастамон даррафтааст.

[1] Яъне: Ҳамаи коғаздевориҳоро бардоред.

[2] Бо собуни ҳеч касе ҷома нашустан – дастур аз касе напазируфтан

[3] Мустаъид будан – истеъдод доштан, омодагӣ доштан

[4] Таҳҷоӣ – мардуми маҳаллӣ, бумӣ

[5] Парса задан – чарх задан, гардиш кардан

[6] Таксир – бештар кардан, афзоиш додан, ҷамъ кардан

[7] Ғел задан – ғалт задан

[8] Истабл – ҷои нигаҳдории асбу шутур

[9] Мунҷамидӣ – инҷимод, ях задан, сахт шудан, ҷомид шудан

[10] Саргирак – рӯсарӣ

[11] Армон – ормон; ҳамчунин суратест аз ҳирмон

[12] Мутабаррик шудан – хайру баракат ёфтан

[13] Лоя дар лоя – қабат андар қабат

[14] Ҷараққа – шарора ё шуълае, ки ногоҳ пайдо шавад

[15] Ҳуфрагарӣ – ҳаффорӣ, канду ков, таҳқиқ

[16] Мухбир – хабарнигор

[17] Самбалкорон – касоне, ки танбалона кор кунанд

[18] Советӣ – шӯравӣ

[19] Идғом – ба ҳам пайвастан, даромехтан, яке кардан

[20] Кровот – галстук

[21] Ойтӣ – дар гӯиши самарқандӣ ба маънои хоҳари бузург аст

[22] Нумре – шумора, инҷо ба маънои имтиёз дар бозӣ аст

[23] Қоб – чорчӯб, чаҳорчӯба, рамка

[24] Ингор – гӯё

[25] Турра – зулф, банди гесу

[26] Мишкӣ – сиёҳ, тираранг

[27] Махуф – хавфнок, тарсовар

[28] Лок – сипари сангӣ, ки бархе ҷонварон монанди сангпушт доранд

[29] Муҷрӣ – иҷрокунандаи барнома, гӯянда

[30] Варроҷӣ кардан  — пурҳарфӣ кардан, пургӯӣ кардан