Ҷашни Наврӯз дар солҳои 2010 ва 2015

Наврузи ҷамъияти самарқандиҳои ш. Душанбе

Маросими зиёфати «Ҳалиса» барои мардон.

соли 2010

 


 

соли 2015

 

Ҳалиса

Маълумот аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳалиса, ҳалила

(Дар баъзе адабиётҳо ҳариса)

Як навъ таоми миллии тоҷикист. Гандумро шуста, ба деги обдор андохта, якуним соат меҷўшонанд. Баъд гандумро гирифта, каме мехушконанд ва аз гӯштқимакунак мегузаронанд. Дар деги дигар ба муддати 2-3 соат гӯшти гӯсфанд ва говро дар об мепазанд, сипас гандуми резашуда ва пиёзро аз болои гӯшт меандозанд. Он 3-4 соат меҷӯшад, дар ин вақт бо кафлез дегро кофта меистанд. Одатан, дегро бо кафлез кофтан, кори мардон аст. Ҳалиса баъд аз пурра ҳал шудани гӯшту устухон ва гандум, дар натиҷаи ҷӯшидану бо кафлез кофтан, ҳамчун таом барои хӯрдан тайёр мешавад. Ҳалисаро дар рӯзҳои идҳои миллӣ ба мардум ҳамчун таом пешкаш мекунанд. Дар Панҷакент, Шаҳринав, Ҳисор, Душанбе нимфаъол аст.