Зодрӯз муборак!

АЛАМОВ Илҳом Мӯҳтаддинович (Тав. 6.04.1943, д. Қулбаи Поёни н. Самарканд), ҳуқуқшинос, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Полковники ВКД. Фарзанди Нуруллоева Роҳат (ниг.). Дастпарвари мак. миёнаи № 7 ва 10 ш. Душанбе. Фак. ҳуқуқш. УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ)-ро хатм намудааст (1966): коромӯзи прокуратураи н. Ленин (ҳоло- Рӯдакӣ, 1966), хизмат дар сафи Арм. Сов. (1966-67). Аз с. 1968 дар мақомоти корҳои дохилӣ ба сифати корм. ваколатдори ОБХСС, муфаттиш, сармуфаттиш, сардори шӯъба ва муовини сардори Упр. тафтишот, сардори шӯъбаи штаб, корм. Упр. кофтукови ВКД, ҷон. сардори Упр. корҳои дохилии вил. Ленинобод (ҳоло Суғд) оид ба кадрҳо, сардори Упр. кадрҳои ком. гумрук, ҷон. идораи соҳибкорӣ (1994-97) кор кардааст. Бо Грам. Фахрии ВКД СССР ва ВКД Тоҷ., мед. «Ветерани меҳнат» мукофотонида шудааст.

 

 

 


УСМОНОВА Ҳамроҳ Ҷӯрақуловна (Тав. 08.04.1947, ш. Душанбе), дерматовенеролог. Пизишки тахассуси олӣ. Номз. илмҳои тиб (1983), дотс. (1993). «Аълочии нигаҳдории тандурустии СССР» (1989). Дастпарвари мак. миёнаи № 12 ш. Душанбе (1964). Фак. муолиҷавии ИТТ (ҳоло – ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст (1970). Духтури бемориҳои пӯст ва зӯҳравии Беморхонаи ш.-рии клиникии №1 (1970-73), лабор. Калон (1973-77), ассис. каф. бемориҳои пӯст ва зӯҳравии ИТТ (1977-93). Аз с . 1993- дотс. каф. мазкур. Дар мавзӯи «Таъсири сирояти сифилис ба баъзе нишондиҳандаҳои системаи лахтабандии хун ва роҳҳои муолиҷаи он» рисолаи номз. дифоъ кардааст. Муҳаққиқи масъалаҳои системаи лахтабандӣ ва зидди лахтабандии хуни беморони гирифтори сифилис, барас (витилиго), дерматози аллергӣ ва дерматози хурӯҷкунандаи музмини пӯст, бемориҳои вирусӣ ва пиококкии пӯст. Барандаи барномаи тел.-ии «Тандурустӣ» (1987-92), раиси Шӯрои пизишкон ва занони ДДТТ (1996-05), узви Шӯрои диссертатсионӣ ва Ком. проблемавӣ оид ба фанҳои терапевӣ (1999-2000), узви Ассот. духтурони бемориҳои пӯсту зӯҳравӣ. Муаллифи зиёда аз 100 таълифоти илмӣ, 10 дастури таълимию методӣ ва 2 пешниҳоди ратсионализаторӣ, аз ҷумла «Изучение показателей гемостаза у больных витилиго». Маҷ. «Вестник дерматологии и венерологии», (Д., 1985, №7); «Пузырные и вирусные дерматозы» (тавсияи методӣ, Д., 1989, ҳаммуаллиф); «Методика обследования ребенка больного кожным заболеванием. Патогистология кожи. Принципы общего и наружного лечения больных» (маҷмӯаи таълимию методӣ, Д., 1993); «Болезни волос и их лечение» дар китоби «Медицина эпохи Саманидов», (Д., 1998); «Краткий дерматологический словарь таджикско-русско-латинско-англиский», (Д., 2000, ҳаммуаллиф); «Сегментарная оценка состояния тканей пародонта при дерматозах». Маҷ. «Вестник Авиценны», (Д., 2008).

 


АБДУВОСИЕВА Зебуннисо Самиевна (Тав. 10.04.1946, ш. Сталинобод, ҳоло – Душанбе), дотсент (1984), омӯзгор. Номз. илмҳои техникӣ (1982). Дар мак. миёнаи №14 ш. Душанбе таҳсил кардааст (1953-1964). Ин.- ути энергетикии Москва (ФР)-ро хатм намудааст (1971). Ассис. каф. автоматика ва тех. ҳисоббарории ИПТ (ҳоло – ДТТ ба номи М. Осимӣ,1971-79), аспиранти УДТ (ҳоло ДМТ), коромӯзи ИПК ( Украина, 1974-79), омӯзгори ИПТ (ҳоло – ДДОТ ба номи С. Айнӣ) (1972-1996). Аз с. 1997-дотсенти кафедраи информатика ва системаҳои иттилоотии Донишгоҳи Славянии Россияву Тоҷикистон (ДСРТ).

 

 

 

 

 

 


САЪДИЕВА Шоиста Самаровна (Тав. 12.04.1960, ш. Душанбе), терапевт. Номз. илмҳои тиб (2002), дотс. (2007). «Аълочии маорифи ҶТ» (2005). Фарзанди Саъдиев Самариддин (ниг.). Дастпарвари мак. миёнаи №11 ш. Душанбе (1977). ИДТТ (ҳоло – ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст (1983). Ассис. (1983-1998), муал. калон (1998-2007), дотсент (2007-2008) ва  мудири кафедраи валеология ва тарбияи ҷисмонии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2009 –2017). Аз соли 2017 ходими калони илмии Маркази таҳқиқотии технологияҳои инноватсионии Академия илмҳои ҶТ. Дар мавзӯи «Таъсири морфологию вазоифии диафрагмаи калламушҳои сафед ҳангоми таъсири ҳарорати паст» рисолаи номз. дифоъ кардааст. Муҳаққиқи натоиҷи таъсироти омилҳои экстремалӣ ба организми одам ва ҳайвонот, инчунин технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи тиб. Муаллифи беш аз 50 таълифоти илмӣ ва 1 пешниҳоди ратсионализаторӣ ва сертификатҳои муассисаҳои илмии байналмилалӣ, аз ҷумла «Особенности ультраструктурной реакции мышечных волокон и гепатоцитов адаптированных к холоду животных на «острое» охлаждение». Бюллетень СО РАМН, М., 1997, №1; «Структурные преобразования мышечных волокон диафрагмы белых крыс под влиянием низких температур» (Вестник Авиценны, Д., 2000, №3-4) ва диг. Бо Ифт. Ваз. тандурустии ҶТ ба муносибати 10-солагии истиқлолияти давл. ҶТ мукофотонида шудааст.

 


МУНИЕВА Саида Ҳамроқуловна (Тав. 14.04.1972, ш. Душанбе), пизишки амрози пӯст. Номз. илмҳои тиб (2006). Мак. миёнаи №53 ш. Душанберо бо мед. нуқра хатм кардааст (1989). Лабор. каф. амрози чашми ИТТ (ҳоло – ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1989-91). ДДТТ-ро бо дипломи сурх хатм кардааст (1997). Баъди хатми ДДТТ дар каф. Дон. амрози пӯсти (дерматовенерологияи) таълими баъдидипломии кадрҳои тиббии интернатураи клиникии Тоҷикистон ва сипас дар ординатураи клиникӣ таҳсил кардааст (1997-2000). Асп. ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2000-03). Аз с. 2003 – ассис. каф. амрози пӯсти ДТБКТТ. Рисолаи номз.-ро дар Академияи ҳарбии тиббии Санкт-Петербург (ФР) дифоъ намудааст.

 

 

 

 

 


ВАЛИЕВА Мӯътабар Абдусолиевна (Тав. 15.04.1931, м. Шаҳри Нави ш. Самарқанд), иқтисодшинос. Номз. илмҳои иқт. (1957). Ҳамсари Бадрӣ Шамсиев (ниг.). Баъди хатми синфи 7 мак. миёнаи №34 ш. Самарқанд дар Техн. молиявию иқт. Самарқанд таҳсил кардааст (1946-49). Ҳамон сол ба Ин.-ути молиявию иқт. ш. Тошканд шомил шуда, онро с. 1953 бо дипломи сурх хатм кардааст. Асп. Ин.-ути иқт. АФ СССР (Москва, 1953-57), ход. хурд, ход. калони Ин.-ути иқт. АИ Тоҷ. (1957-86). Ҳамзамон дар фак. молия ва кредити УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ, 1958-73) ва дар ИПТ ба номи М. Осимӣ (1973-79) ба ҳайси муал. калон дарс гуфтааст. Муаллифи 15 асари илмӣ доир ба иқт., аз ҷумла мон. «Инкишоф додан ва ҷойгиронии қувваҳои истеҳсолкунанда дар с. 1990-2000». Ҳаммуаллифи Атласи Тоҷикистон бахши «Саноати хӯрокворӣ». Бо мед. «Барои хизмати шоён. Ба муносибати 100- солагии рӯзи тавалуди В. И. Ленин» ва Грам. Фахрии През. Сов. Олии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

 

 

 


ҲАКИМОВА Мунира Нарзуллоевна (Тав. 15.04.1958, ш. Душанбе), наттоқи радио ва телевизиони Тоҷикистон (Ваз. фарҳ. ва иттилооти ҶТ). «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» (1998). Ҳамсари Ҳакимов Фаридун (ниг.). Дастпарвари мак. миёнаи №35 ш. Душанбе. Тех. сабти овози Киностудияи «Тоҷикфилм» (1975-76), китобдори Хонаи афсарони гарнизони Душанбе (1976-87), наттоқи Сардирексияи барномаҳои рад. КДТР ҶТ (1988-2004). Сарпродюссери КДТР ҶТ (2004-2008). Аз с. 2009- директори Кохи Ҷомӣ буд. Аз синни 6-солагӣ дар дубляжи филмҳои ҳунарию мустанад, аз ҷумла филмҳои «Насимӣ» (Озарбойҷон), «Субҳи ин ҷо соқит аст» (Мосфилм), «Афсонаҳои нави Шаҳрзод», «Бирав ва бубин», «Воқеа дар фурудгоҳ» ва ғ. (ҷамъ беш аз 200 филм) иштирок кардааст. Таҳиягар ва мурат. барномаҳои «Саодат», «Паёми рӯз», «Насими айём», «Рангинкамон», «Зулхамс», «Афкор», «Ҳаёти деҳот», барандаи барномаҳо аз ҳаёту фаъолияти овозхонон Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Муродов, Давлатманди Хол, Нигина Рауфова, Абдуҷалил Ҳошимов ва ғ. Муаллифи очеркҳои телевизионии «Пайванд», «Банди ҳунар», «Файзи Баҳористон», «Сарвари гулдаст», «Устоди омӯзгорон», «Ҷавонмардӣ биомӯз» ва диг. Бо Ифт. През. ҶТ мукофотонида шудааст (1995).

 

 


ИСОМИДДИНОВА (Самиева) Мавҷуда Назаровна (Тав. 17.04.1950, ш. Душанбе), китобдор. Фарзанди Исомиддинова Муҳаррама (ниг.). Баъди хатми синфи 8 (1965) дар Омӯз. пед. томактабии Душанбе ба номи Н. К. Крупская таҳсил кардааст (1965-1970). Ҳамчун толибаи болаёқат барои давом додани таҳсил ба ИПД ба номи Т. Г. Шевченко равон карда шудааст. Пас аз хатми фак. китобдорӣ- китобш. олидараҷаи ИСТ ба номи М. Турсунзода дар каф. китобдории МДСҲ ба ҳайси муд. кабинет ва ҳамзамон муал. каф. (1974-76), муд. китобхонаи №2 шаҳри Турсунзода, методисти Системаи марказонидашудаи китобхона (1976-79), аввал муд. шӯъбаи корҳои иттилоотию китобш. ва баъд дир. Системаи марказонидашудаи ш. Душанбе ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (1979-93), муд. хоҷагии меҳмонхонаи «Авасто» (1993-2003), муал. гурӯҳи рӯзаш дарози Фонди хайрияи «Некҳамсоягӣ»-и Хонаи кӯдакон (2003-06), муал. синфҳои ибтидоии гимназияи Фонди хайрияи «Сарпараст» (2006-09) кор кардааст. Аз с. 2009 – муал. боғча-мак. №111. буданд.

 

 


СОЛИЕВ Равшан Бозорович (Тав. 19.04.1953, ш. Душанбе), инженер-зооветеринар, соҳибкор. Фарзанди Солеҳов Бозор Раҳимович (ниг.). Номз. илмҳои зооветеринарӣ (1984). Дар мак. миёнаи №7 ш. Душанбе таҳсил кардааст (1961-71). Фак. зооветеринарии ИХҚТ (ҳоло – ДАТ ба номи Шириншо Шотемур)-ро хатм кардааст (1976). Ассис. каф. зооветеринарии ИХҚТ (1976-79), асп. Акад. ветеринарии Москва (1979-83). Ход. калони илмии Ин.-ути тадқ. илмии ветеринарии Душанбе (1984-87), омӯзгори калони ИХҚТ (1987-92). Аз с. 1992 – соҳибкор, муомилагар.

 

 

 

 

 


АБДУЛЛОЕВ Мӯъминҷон Маҳмудович (Тав.20.04.1957, гуз. Хоҷа Ғуломи ш. Самарқанд), химик – омӯзгор, инженер- металлург. «Аълочии маор. Тоҷикистон » (1996). Номз. илми тех. (2000). Дастпарвари мак. миёнаи №16 ш. Самарқанд (1974). Фак. хим. УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ, 1980) ва фак. металлш. Ин.-ути политехникии Қаз.-ро (1989) хатм кардааст. Корм. хурди илмии Ин.-ути химияи АФ Тоҷ. (1980-83), устои баст, устои калон, технолог, муовини сардори сехи электролизи Заводи алюминийи Тоҷ. (ҳоло- КВД «Ширкати алюминийи Тоҷикистон», 1983-93). Муовини дир. (1993-94), дир. Техн. металлургии ш. Турсунзода (1994- 08). Дар мавзӯи «Коркарди партовҳои истеҳсолии КВД «Ширкати алюминийи Тоҷикистон» рисолаи номз. дифоъ кардааст. Муд. шӯъбаи маор. ш. Турсунзода (2008-09), дир. литсейи През.-ии ш. Турсунзода (2009-10). Аз с. 2010 – дир. Коллеҷи металлургии ш. Турсунзода. Бо чандин Ифт. Ваз. маор. ҶТ, Заводи алюминийи Тоҷ., мақомоти иҷроияи ҳокимияти давл. ш. Турсунзода мукофотонида шудааст.

 

 


РАҲМАТОВ Акрам Субҳонович (Тав. 24.04.1962, ш. Душанбе), инж.- бинокор. Номз. илмҳои иқт. (2001), дотсент (2003). Фарзанди Субҳон Раҳматов ва Музаффар Рустамова (ниг.). Баъди таҳсил дар мак. миёнаи №53 (1970-80) фак. инж. бинокори ИПТ (ҳоло –ДТТ) ба номи М. Осимӣ (1985), Акад. гумруки Москва (ФР)-ро хатм кардааст (2000). Инж., сардори сехи Комб. коркарди чӯбу тахтаи Ваз. Сохтмон (1985-89), сардори сех, саринж., дир. Трести сохтмону монтажи ВКД ҶТ (1989-94), сардори шӯъба, муов. Раиси хадамоти гумруки ҶТ (1994-2000), омӯзгори Дон. иқт. ва ДСРТ (1996-2004). Аз с. 2004 – мушовири калони миллии барномаи Рушди СММ дар ҶТ. Вак. халқи Шӯрои вак. халқи н. Синои ш. Душанбе (2006) интихоб шудааст.

 

 

 

 


ШАРОПОВ Фаттоҳ Олимович (Тав. 27.04.1940, гуз. Қӯшҳавзи ш. Самарқанд), инженери иншооти обрасонӣ ва корез. Бародари Шароповҳо Насриддин ва Абдуғаффор (ниг.). Дастпарвари мак. №21 ва №5. ш. Самарқанд (1957). Фак. Сохтмони иншооти обрасон ва сантехникаи ИПТ (ҳоло – ДТТ)-ро хатм кардааст (1964). Ёрдамчии челонгар, челонгари дараҷаи 2 Упр. сохтмони №9 «Спецстрой »-и ш. Душанбе (1960-61), инж. шӯъбаи сантех., инж. калон, инж. гурӯҳ (1965-69), саринж. лоиҳаҳо, сармутах., сардори шӯъбаи иншооти инж.-рӣ (1969-81), сардори шӯъбаи обрасонӣ ва корези Ин.-ути давл. лоиҳакашии «Тоҷикгипроселстой»-и ш. Душанбе (1981-2000), муовини сардор, сардори шӯъбаи рушдилоиҳаҳои раёсати муштараки лоиҳасозии ҷамъияти саҳҳомии «Лоиҳа»-и Агроинвестбонки ш. Душанбе (2000-07), инж. ва мушовир оид ба лоиҳакашии иншооти обрасони ширкати хориҷии БЕТС Консалтинг Сервисез Лтд (Бангладеш, Ҳиндустон дар ш. Душанбе, 2007-09). Аз с. 2009 – корм. ширкати КОСКS YNGE NIEURE (Олмон)дар Душанбе. Дар курсҳои олии инж.- рӣ таҳсил карда, донишу малакаи инж.-риашро такмил додааст (1971, 1984), барои мубодилаи таҷриба ва омӯзиши технологияҳои нави соҳаи фаъолияташ ба бисёр мамлакатҳои ҷаҳон – Мисру Япония, Венгрияву Чехословакия, Туркияву Хитой сафар кардааст.

 


СОЛИЕВА Мунаввар (Тав. 30.04.1946, ш. Душанбе), омӯзгор. «Аълочии маор. халқи ҶТ» (2001). Фарзанди Ғуломова Муҳайё (ниг.). Дастпарвари мак. миёнаи №11 ш. Душанбе (1965). Фак. заб.-ҳои хориҷии (бахши франсавии) ИПД ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло – ДДОТ ба номи С. Айнӣ)-ро хатм кардааст (1970): лабор. (1969-70), китобдори китобхонаи УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ, 1970), роҳбари маҳфили тарҷ. заб. франсавии Хонаи пионерони ш. Душанбе (1970-71), лабор. калон (1971-72), муал. каф. заб.-ҳои хориҷӣ (1972-78), муал. забони русӣ (1978-84), инж. шӯъбаи тадқ. илмӣ (1984-88), муд. шӯъбаи асп.-ра (1988-90), и. в. муд. каф. заб.-ҳои хориҷӣ ва ҳамзамон муал. каф. (1990- 97), муал. калон ва ҳамзамон муд. каф. мазкур (1997-98), муд. каф. (1998-2007). Аз с. 2007 – муал. калони каф. заб.- ҳои хориҷии ДДОТ. Дар Ин.-ути пед. заб.-ҳои хориҷии Тошканд (1980), Ун.-ети давл. ба номи С. М. Кирови Қаз. (1987), Донишгоҳи Фаронса (2003), ДДОТ ба номи С. Айнӣ (2009), Донишгоҳи Нию Йорки ИМА (2010; 2011) такмили ихтисос кардааст. Муалифи чандин мақола ва таълифоти илмӣ, аз ҷумла асари таълимию методии «Je harlerai francais» («Ман ба заб. фаронсавӣ сухан кардан мехоҳам», бо ҳамқаламии К. А. Азизова), «Деваштич», Д., 2007; «Луғати франсавӣ – тоҷ. » (бо хамқаламии И. С. Раҷабова), «Нодир», Д., 2010. «Второй язык как средство коммуникации». Маводи конф. илмии амалии «Языковая и культурная коммуникация в обучении иностранным языкам» ( бо ҳамқаламии И. С. Раҷабова), Д., 2011 ва ғ. Бо бисёр Ифт. Ҳук. ва соҳавӣ мукофотонида шудааст.

 


МАНСУРОВ Қобилҷон Ҳотамович (Тав. 30.04.1949, ш. Душанбе), омӯзгор, номз. илмҳои физика ва мат. (1989), дотс. (2008). Фарзанди Мансуров Ҳотам (ниг.). Пас аз хатми мак. миёнаи русии №14, тоҷ. №34, №10 ва 53 ш. Душанбе (1966) фак. физ. УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ)-ро хатм кардааст (1971). С. 1971-73 дар сафи Арм. Сов. хизмати ҳарбиро адо кардааст. Паз аз ҷавоб шудан аз хизмати ҳарбӣ муал. фанни физ. дар мак. миёнаи Ғаровутии н. Колхозобод (ҳоло- Ҷалолиддини Румӣ, 1973-76), мак. миёнаи №62 ш. Душанбе (1976-80), инж. калон, корманди илмии Лабор. физ. ултрасадои ДДОТ ба номи С. Айнӣ (1981-88), ҷон. декани фак. индустриалӣ- пед. оид ба корҳои тарбиявӣ (1989-92), ҷон. дек. оид ба корҳои таълим (1992-93), и. в. дек. фак. (1993-02). Аз с. 2002-дотсенти каф. «Методикаи таълими технология»-и ДДОТ.

 

 

 



 

Сарчашма ниг.:   Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, —  184 с. — ISBN 978-99947-958-2-6