Зодрӯзҳо дар моҳи сентябр

ҲАМИДОВ Акрамҷон (Тав. 4. 09. 1948, ш. Сталинобод, ҳоло – Душанбе), ҳуқуқшинос, полковники ВКД ҶТ. Дастпарвари мак. миёнаи № 48 ш. Душанбе (1964). Челонгари автоколоннаи № 2927 ш. Душанбе (1964-67). Баъд аз адои хизм. ҳарбӣ дар сафи Арм. Сов. (1967-69) дар шӯъбаи ғоибонаи фак. ҳуқуқш. УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ) таҳсил кардааст (1969-71): инспектори ШКД н. Роҳи Оҳан (ҳоло – Шоҳмансур)-и ш. Душанбе (1969-71). Мак. олии ВКД СССР-ро дар ш. Тошканд хатм кардааст (1988): инспектор, инспектори калон, ҷон. сардори шӯъбаи системаи Упр. муас. ислоҳи меҳнатии ВКД Тоҷ. (1971-93). Муовин, сардори шӯъбаи корҳои тарбиявии Раёсати кор бо ҳайати шахсии Ваз. мудофиаи ҶТ (1993-98). Аз с. 1998 – нафақахӯр. Бо мед. «Барои хизмати бенуқс»-и дараҷаҳои I , II, III, Грам. Фахрии ВКД СССР (1976), Ваз. мудофиаи ҶТ (1996), нишони « Барои хизмати шоиста дар ВКД СССР» (1982) мукофотонида шудааст.

 

 

 


БАҚОЗОДА Қаҳрамон (Тав. 5. 09. 1970, ш. Душанбе), муҳақиқи масъалаҳои иҷтимоӣ. Дорандаи унвони «Шахси хушсалиқаи соли 2012-и Душанбе». Фарзанди шоир Наримон Бақозода (ниг.). Мак. миёнаи № 65 ш. Душанберо бо мед. нуқра хатм кардааст (1987). Дар фак. физ. УДТ (ҳоло – ДМТ) таҳсил кардааст (1987-92). С. 1992-99 муомилагар. С. 1999 бо хоҳараш Хиромон Бақозода дар кишвар нахустин Маркази тадқ. иҷтимоии «Зеркало»-ро таъсис додааст, ки ин ташкилоти ҷамъиятӣ аз созмонҳои маъруфи мустақили кишвар буда, бо ширкатҳои зиёда аз 10 кишвари ҷаҳон робитаю ҳамкорӣ дорад. Мавсуф беш аз 100 унвон тадқ. гуногуни иҷтимоӣ ва маркетингӣ ташкил намуда, рохбарии онҳоро бар уҳда доштааст. Муаллифи зиёда аз 30 тадқ. ва хулосаҳои таҳлилӣ. Соҳаҳои асосии тадқ. ӯ ВАО, рушди соҳибкорӣ ва назарпурсии маркетингӣ мебошанд. Иштир. як силсила конф. байналмилалӣ. Ҳизматҳояш бо дипломи ифт. дар ҳамоиши созмонҳои тадқ. Русия, Маркази тадқ. иҷтимоии «Зеркало» (2011) қадр карда шудааст.

 

 

 


Адаш ИСТАД (Тав. 7. 09. 1946 м. Хоҷа Аҳрори н. Самарқанд), журналист, нависанда, тарҷумон. Узви ИН Тоҷикистон (аз с. 1975), дорандаи Ҷоизаи ба номи А. Лоҳутӣ – иттиҳодияи рӯзноманигорон (1986). Дастпарвари мак. миёнаи №16 н. Самарқанд (1964). Фак. суханш. (фил.) тоҷ. УДС ба номи А. Навоиро бо баҳои аъло хатм кардааст (1969). Ход. адабии рӯзн. «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло – «Ҷавонони Тоҷикистон»), хабарнигор, муд. шӯъба, муовини сардабири рӯзн. «Маданияти Тоҷикистон» (ҳоло – ҳафтаномаи «А. С», 1969-1993). С. 1993 ба зодгоҳаш ш. Самарқанд бозгаштааст: муд. шӯъбаи маънавиёти рӯзн. «Овози Самарқанд», паёмнигори рӯзн. «Овози тоҷик» (1993-06). Радиопиесаи «Таркиш» (1970), маҷмӯаҳои ҳикояҳои илмӣ-фантастикии «Мавҷи хаёлот» (1970), «Суруди офтоб», «Баъди ҳазор сол» (1987), маҷмӯаҳои афсонаҳои адабии «Парвози меъмор» (1985), «Чароғи сеҳрнок» (1989), «Зарчашма», «Мӯр ва пуффак» (1999), «Моҳе, ки дар зери кӯрпа мастур монд» (2001), маҷмӯаҳои ҳикояҳои таърихии «Ҳикояҳо аз рӯзгори Борбад» (1990), «Борбад» (русӣ 1991), маҷмӯаи афсонаҳои халқии тоҷ. барои хурдтаракон «Саргузашти нахӯдак» (1989), мазҳакаҳои «Хӯса» (1985), «Шайтонпарӣ» (1996), бисёр ҳикояҳои ҳаҷвӣ, аз ҷумла «Домоди якрӯза», «Кӣ чӣ мехоҳад?», «Иқтисоди бозор дар хона», «Даҳон», «Бузҳо ва гӯсфандон» («С. Ш. » №4, 1991),  Кӯдакатона ман газидам», «Рӯзи охирин», «Санги сарнавишт» (1994), «Нардбони хоҷа», «Даҳшатқул», «Мазори деҳаи Муғон», «Пир дар осмон» (1995). , мақолаҳои бахшида ба эҳёи фарҳанги ғании миллӣ аз қабили «Анъанаи нек куҷост?» («А. С.», 11. 1988), «Номҳо – нишонаи маърифат» («А. С.», 8. 12. 88), «Забони миллат – пояи миллат» («К. Т.» 7. 12. 1988), «Хоҷа Аҳрор кӣ буд?» («Т. С.» 27. 11. 1988), «Расмулхати бобоӣ – нури басари моӣ» («А. С.», 2. 11. 1989), «Миллати тоҷикро тақсим накунед!» («А. С.», 5. 07. 1991), «Рамзҳои миллӣ кадомҳоянд?», «Интернатсионализм аз чӣ сар мешавад?» («А. С.» 28. 05. 1987), манзумаҳои «Самарқанду Бухоро» (қасида бахшида ба акад. М. Шакурӣ), «Ҳавзи Хоҷа Аҳрор», силсилаи «Шеърҳо аз замони мозии Самарқанд» ва бахшида ба таърихи ш. Самарқанд зиёда аз 40 мақолаи илмии оммавӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Ҳикояҳояш ба заб. ӯзб., русӣ, укр., белор., чехӣ, қирғизӣ, туркм., озарӣ ва ғ., аз ҷумла чанд ҳикояи хаёлӣ ва фал. ба заб. русӣ дар маҷмӯаи «Вселенское время» (нашр. «Адиб», Душанбе, 1988) тарҷ. шудаанд. Бисёр ҳикояву радиопиесаҳои адибони кишварҳои гуногунро ба тоҷ. гардонидааст.

 


ЭШОНҚУЛОВА Бӯстон Остоновна (Тав. 6. 09. 1948, ш. Душанбе), фармаколог. Док. илми тиб (1999), дотс. (1995), проф. (2001). «Аълочии тандурустии ҶТ». Дорандаи дипломи «Зани муҳақиқ» (2003). Дастпарвари мак. миёнаи №10 ш. Душанбе (1966). Фак. муолиҷавии ИТТ (ҳоло – ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст (1972). Ординатор (1972-74), ассис. каф. фармакология (1974-76), асп. (1976-79), ассис. (1979-92). Аз с. 1995- муд. каф. фармакологияи ДДТТ. С. 2000-05 – ноиби рек. оид ба корҳои таълимӣ. Дар мавзӯи «Самараи таъсири картизон ва ибупрофан ба инкишофи артрит ҳангоми роҳҳои гуногуни тазриқи онҳо» рисолаи номз. дифоъ кардааст. С. 1991 соҳаи  фаъолияти илмиашро тағйир дода, ба омӯзиши гиёҳҳои шифобахши Тоҷ. машғул шудааст. Дар мавзӯи «Фармакологияи баъзе гиёҳҳои шифобахши қандфарории Тоҷикистон ва маъҷуни зидди диабетии онҳо» рисолаи док. ҳимоя кардааст. Муаллифи зиёда аз 180 таълифоти илмӣ оид ба ҷанбаъҳои гуногуни фармакологияи муосир, аз ҷумла 32 дастуру тавсияҳои методӣ ва 4 доруи зиддидиабетӣ ва ширарон – «Юнибет», «Фитобет», «Шираи ғӯраи ангур», «Шираи хушки ғӯраи ангур» аст. Иштир. бисёр семинарҳои байналхалқии ФР (ш. Дубна, 2003), ИМА (аёлати Флорида, ш. Тампа, 2004) ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ. Бо мед. «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ» мукофотонида шудааст.

 


БУХОРИЗОДА Раъно (Тав. 07. 09. 1951, ш. Душанбе), химияшинос. Номз. илми химия (1982), дотс. (1995). Фарзанди Абдураҳмон Бухоризода (ниг.). Дастпарвари мак. миёнаи № 21 ш. Душанбе (1968). Фак. химияи УДТ ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1973): лабор. калон (1973-76), асп. (1977-80). Дар мавзӯи «Изучение комплексных соединений Re (VI) c O, N и S- содержащими лигандами в неводных средах методом ЭПР» дар Ин.-ути химияи умумӣ ва ғайриорганикии ба номи Н. С. Курнакови АИ СССР рисолаи номз. дифоъ кардааст. Ход. хурди илмии Ин.-ути химияи АФ Тоҷ. (1980-86). Ассис. каф. химияи ғайриузвӣ ва биофиз. ИТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1986-90). С. 1990 ба кори УДТ гузаштааст: муал. калон (1990-95), дотс. каф. химияи физ. коллоид (1995-02). Аз с. 2002 – кот. илмии бахши ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқ. назди Раёсати АИ ҶТ. Беш аз 40 мақолаи илмиаш, аз ҷумла «Теоретическая интерпретация спекторов электронного парамагнитного резонанса (ЭПР)» дар маҷ.-ҳои илмии ҶТ, ФР ва диг. кишварҳо чоп шудааст. Ду патенти ихтироъ дорад.

 

 

 


АСАДУЛЛОЕВ Самад Ҳидоятович (Тав. 9. 09. 1939, гуз. Регистони ш. Самарқанд), пизишки амрози дарунӣ ва профпатолог. Дотс. (1983), доктори илми тиб (1998), проф. (2000). «Аълочии нигаҳдории тандурустии СССР», «Аълочии нигаҳдории тандурустии Тоҷ.» Фарзанди Асадуллоев Ҳидоят (ниг.). Баъд аз хатми мак. миёнаи № 30 ш. Самарқанд (1957), дар ИТТ (ҳоло – ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил карда (1957-63), соҳиби дипломи духтури табобаткунанда гардидааст: духтури беморхонаи с/зи «Сағирдашт», муд. шӯъбаи терапевтии беморхонаи минтақавии н. Қалъаи Хумб (1963-64). С 1964 ба пойтахт баргаштааст: ординатори клиникӣ (1964-65) ва ассис. каф. терапияи фак.-вӣ (1966-83), дотс. (1983-2000), проф. каф. бемориҳои дарунии №2 ДДТТ (2000-03). Аз с. 2003 – муд. каф. бемориҳои дарунии №1 ДДТТ. Масъалаҳои бемориҳои касбӣ, амрози дарун, микроэлементҳо аз мавзӯи таҳқ. ӯст. Дар мавзӯи «Миқдори микроэлементҳо дар хуни холиси беморони гирифтори фишори хун, атеросклероз, таъсири муолиҷаи комплексии рагвасеъкунанда ва витаминӣ ба миқдори микроэлеменҳо» рисолаи номз. ва дар мавзӯи «Хусусиятҳои клиникию патогенезии бемории ғалаёни хуни сокинони ноҳияҳои дорои шароити гуногуни табиию иқлимии Тоҷикистон, масъалаҳои табобат ва пешгирӣ» рисолаи док. ҳимоя кардааст. Муаллифи зиёда аз 150 мақолаву асари илмӣ, аз ҷумла ҳаммуаллифи «Клинико – патогенетические особенности некоторых заболеваний у жителей различных природно-климатических регионов РТ. » Международная конференция «Горные регионы Центральной Азии. Проблемы устойчивого развития» (Д., 1999); «Особенности течения бронхиальной астмы в условиях высокогорного Памира». Материалы IV международного конгресса пульманологов Центральной Азии, (Астана, 2004); «О синдроме Картагенера» дар маҷ. «Паёми Сино» №3 , Д., 2007 . Бо роҳбарии ӯ се унвонҷӯ рисолаи номз. дифоъ кардааст.

 


ҶАББОРОВ Сӯҳроб Мардонович (Тав. 10.09.1967, гуз. Себзори ш. Самарқанд), ҳуқуқшинос. Фарзанди хоҷӣ Мардон Ҷабборов (ниг.). Устоди варзиш оид ба баскетбол, унвонҷӯи каф. ҳуқуқш. ДМТ. Дастпарвари мак. миёнаи №42 ш. Душанбе (1984) . Баъд аз адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Арм. Сов. (1985-87) дар фак. ҳуқуқш. УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ) таҳсил кардааст (1984-91). Ҳуқуқш. филиали маркази агросаноатии «Промфермстрой» (1991), муассисаи хурди «Анбад»-и ш. Душанбе (1991-93), ком. гумруки ҶТ (1993-2004), дир. намояндагии корпоратсияи колсалтингии ПРАГМА (2004-07). Аз с. 2007 – дир. ширкати «Талко менеҷмент ЛТД».

 

 

 

 

 


НӮЪМОНОВ Талъат (Тав. 12. 09. 1962, ш. Душанбе), инженер-энергетик, омӯзгор. Номз. илми тех. (1996). Фарзанди Эшонхон Нӯъмонов (ниг.). Баъди хатми мак. миёнаи №34 ш. Душанбе (1979) дар фак. энергетикии ИПТ (ҳоло – ДТТ) ба номи М. Осимӣ таҳсил кардааст (1979-84). Инж.-электроники Ин.-ути тадқ. астрофиз. АФ Тоҷ. (1984-86), корм. хурди илмии шӯъбаи тадқ. илмии энергетикаи Тоҷ. дар назди Ваз. энергетикаи СССР (1986-87), ассис. каф. ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунонидашудаи электрикӣ ва мошинҳои электронии ИПТ (1987-90). Асп. Ин.-ути энергетикаи Москва (1990- 91), менеҷери шӯъбаи таъминоти ҶСП «Savva Car Land» (1994-96). С. 1996 дар Ин.-ути энергетикаи Москва рисолаи номз. дифоъ кардааст. Оператори ҶДММ «Telecom Technology LTD» (1997-98), оператори мошинҳои ҳисоббарорӣ,  менеҷери шӯъбаи «Почтаи электронӣ»-и Ташкилоти байналмилалии САДА (Агентии рушди Осиёи Миёна, 1998-05), ҳамоҳангсози барномаҳои тренингии лоиҳаи «Интернет барои рушд»-и Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет» (2005-06). Аз с. 2006 – роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ». Зимни фаъолияти асосӣ ҳамзамон дар Донишгоҳҳои ҷум. ба мутахас. соҳаи автоматиконии системаҳои идораи ҳаракатдиҳандаҳои электрикӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ таълим медиҳад.

 

 


САТТОРОВА Масъуда Назаровна (Тав. 16. 09. 1938, ш. Душанбе), муаллима. Фарзанди Исомиддинова Муҳаррама (ниг.). Дастпарвари мак. миёнаи №10 ш. Душанбе. Фак. физ. ва мат. УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло- ДМТ)-ро хатм кардааст (1961). Бо шавҳараш Сатторов Масъуд, ки хизматчии сохтори қудратист, дар Душанбе, Истаравшану Хуҷанд, Алмаатову Кобул кор карда, ҳазорон шогидонро таълиму тарбия додааст. Бо бисёр Ифт. соҳавӣ мукофотонида шудааст.

 

 

 

 

 

 


ЮНУСОВ Собирҷон (Тав. 20. 09. 1932, м. Хоҷа Аҳрори Валии н. Самарқанд), олими ботаник-систематик (набототш.). Номз. илми бот. (1970), дотс. (1985), проф. (1993). «Аълочии киш. Тоҷ.» (1986). Дар макт. миёнаи № 1 ш. Самарқанд хондааст (1942-53), фак. биол. УДС (ҳоло – ДДС) ба номи А. Навоиро хатм кардааст (1958). С. 1958 ба Сталинобод (ҳоло – Душанбе) омадааст. Корм. хурди илмии Ин.-ути бот. АФ Тоҷ. (1958-61), асп. (1961-69), корм. калони Ин.-ути бот. АФ Тоҷ. (1969-83), муд. каф. бот. ва ҳифзи растании ИХҚТ (ҳоло – ДАТ ба номи Шириншо Шотемур, 1983-93). Аз с. 1993 – муд. каф. бот. ва экологияи киш. ДАТ. Муаллифи зиёда аз 300 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла « Определитель растений ущелья реки Варзоб» (1986), «Красная книга Таджикистана» (1988), яке аз муаллифони асари машҳури 10-ҷилдаи «Флораи Тоҷикистон» (Ленинград, 1991), китоби минтақавии 10-ҷилдаи «Определитель растений Средней Азии» («Тавзеҳгари набототи Осиёи Миёна«, Тош., 1993), «Китоби Сурхи ҶТ» (1997), « Ботаника. Дастури таълимӣ – услубӣ доир ба номгӯи лотинӣ , тоҷикӣ ва русии растаниҳои ташаккулёфта « (Д., 2010), «Феҳристи ботаникии растаниҳои Тоҷикистон» (Д., 2010), « 100-летие со дня рождения академика П. Н. Овчинникова» (Д., 2010) ва ғ. Бо орд. «Шараф» (1999), мед. «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин», Дипломи «Барои фаъолияти пурсамар дар тайёр намудани мутах. баландпояи фарҳ. агросаноатӣ» (2011) мукофотонида шудааст.

 


КЕНҶАЕВ Масеҳҷон Салимович (Тав. 20. 09. 1941, ш. Душанбе), иқтисодшинос. «Аълочии молияи ҶТ» (1979), дастпарвари мак. миёнаи №7 ш. Душанбе (1958). Бародари Мирҷонова Марҳабат (ниг.). Фак. иқт. УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ)-ро хатм кардааст (1963). Иқтисодш. Шӯъбаи сохтмон (1966-68), муовини муд. шӯъбаи хоҷ. маҳаллӣ (1969-76), муд. шӯъбаи сохтмони Ваз. молияи ҶТ (1976-83), сардори Раёсати буҷет (1983-86), муд. шӯъбаи банақшагирӣ, молия ва таъминоти мод. ва тех. Сов. Ваз. Тоҷ. (1986-91), муовини ваз. молияи ҶТ (1991-93), ноиби през. БСТ «Тоҷикбонкбизнес» (1993-97), мушовири калони Ком. иқт. ва буҷети МНМО ҶТ (1997-2000), мушовири раиси Бонки миллии Тоҷ. (2000-06). Аз с. 2007 – нафақахӯр.

 

 

 

 


АБДУЛЛОЕВ Ҳасан Мӯъминҷонович  (Тав. 21. 09. 1952, ш. Душанбе), олими физикаю механикаи полимерҳо, омӯзгор. Док. илми физ. (2000), дотс. (1989), проф. (2002). «Аълочии маор. Тоҷ. » (2007). Узви Шӯрои диссертатсионӣ, узви комиссияи АИ ҶТ оид ба мукофот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, узви Шӯрои олимони фак. физ. ДМТ. Фарзанди Абдуллоев Мӯъминҷон (ниг.). Дастпарвари мак. миёнаи №53 ш. Душанбе (1969). Фак. физ. УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ)-ро бо дипломи сурх хатм кардааст (1974). Инж. (1974-78), ход. хурди илмӣ (1978-85), ход. калони илмӣ (1985-88), муд. Лабор. проблемавии физ. мустаҳкамии полимерҳои фак. физ. УДТ (1988-89). Рисолаи номз. дар Ин.-ути тадқ. илмии ба номи Л. Я. Карпови Москва дифоъ кардааст (1984). С. 1989 дар натиҷаи озмун ба вазифаи дотс. каф. физ. ва механикаи полимерҳои фак. физ. УДТ интихоб гардидааст. С. 2000 пас аз дифои рисолаи док. (дар Ин.-ути нафту химияи АИ ФР) дотс. каф. физ. механикаи полимерҳо (1999-2000), муовини дек. (2000-07), дек. фак. физ. ДМТ (2007-09). Аз с. 2009 – муд. каф. ҷисмҳои сахти фак. физ. ДМТ. Муаллифи зиёда аз 140 асари илмӣ, як мон., як ихтироъ ва 5 дастури таълимию методӣ. Асарҳояш доир ба тадқ. илмии масъалаҳои реология, сохтор ва хосиятҳои электрофизикии механикии полимерҳо дар бисёр кишварҳо – Россия, Украина, Англия, Олмон, Полша, Чехия, Словакия ва ғ. нашр гардидаанд. Бо орд. Шараф дараҷаи II ва Грам. Фахрии соҳавӣ мукофотонида шудааст.

 


ВАЛИЕВА Моҳира (Тав. 24. 09. 1948, д. Равонаки н. Самарқанд), омӯзгор, «Аълочии таълими халқии Ҷ. Ӯзб. », муал. тахассуси олӣ. Ҳамсари Ато Аҳроров ва фарзанди Абдураҳмон Валиев (ниг.). Дастпарвари мак. миёнаи №22 ш. Самарқанд (1967). Фак. фил. тоҷ. Ин.-ути пед. Самарқанд ба номи С. Айниро хатм кардааст (1971): лабор. каф. заб. тоҷ. ИПД (ҳоло – ДДОТ) ба номи Т. Шевченко (1971-75), муал. синфҳои ибтидоии мак. миёнаи №29 ш. Душанбе (1975-79), мураббияи боғчаи бачагони №136 (1979-88), муд. боғчаи бачагони №141 ш. Душанбе (1988-92). Дар Ин.-ути такмили ихтисоси муал. ш. Душанбе бинобар норасоии адаб. методӣба заб. тоҷ. барои мураббиёни боғчаҳои бачагони ш. вад. ҷум. аз фанҳои «Инкишофи нутқ», «Санъати тасвирӣ»,«Аппликатсия» маърӯза хонда, машғулиятҳои амалӣ\мегузаронд. Қайду мулоҳизаҳояш доир ба роҳу усулҳои таълим ва тарбияи томак. дар «Тавсияҳои методӣ»-и Ин.-ути такмили ихтисоси муал. ва маҷ. «Фирӯза» ба табъ расидаанд. С. 1992 ба ш. Самарқанд баргаштааст. Дар мак. миёнаи №16 аз фанни заб. ва адаб. тоҷ., инсон ва ҷомеа, ҳуқуқш. дарс гуфтааст. Қайду мушоҳидаҳояш доир ба таълими фанҳо дар синфҳои тоҷ. мунтазам дар рӯзн. «Овози Самарқанд», «Самарқанд» ва маҷ. «Зиёкор»дарҷ мешаванд. Аз соли 2010 – нафақахӯр.

 

 


БЕҲБУДӢ Шоҳрух Шавкатович (Тав. 23. 09. 1945, гуз. Хӯҷаҷонхӯҷаи ш. Самарқанд). Муал., корм. ком- сомол. Дар мак. миёнаи №38, 27 ва 21 ш. Самарқанд дар синфҳои русӣ хондааст (1963), фак. механикию мат. УДТ ба номи В. И. Ленин (1971), Мак. олии ҳизбии Тошкандро (1987) хатм кардааст. Амакбачаи Мидҳат Беҳбудӣ (ниг.). Хизмат дар сафҳои Арм. Сов. (1964-67), муал. фанни мат. Омӯз. пед. ш. Панҷакент (1971-72), комиссари отряди ҷум.-явии студентони бинокор (1972-74), муд. шӯъбаи ҷавонони донишҷӯи КМ ЛКСМ Тоҷ. (1974-81), мушовири созмони ҷавонони ҶДА (1980-81), инструктор (1981-85; 1987-89), ташкилотчии масъули шӯъбаи корҳои ташкилию ҳизбии КМ ПК Тоҷ. (1989-92), муд. шӯъбаи шуғли аҳолии Ваз. меҳн. Тоҷ. (1991-92). С. 1992 ба зодгоҳаш – ш. Самарқанд кӯчидааст. Аз с. 1998– муд. коргузории филиали бонки «Ипак-йӯли»-и ш. Самарқанд буд.

 

 

 

 


ӮРОҚОВ Зокир Ваҳҳобович (Тав. 24. 09. 1955, ш. Душанбе), инженер-технолог. Фарзанди Ӯроқов Абдуваҳҳоб (ниг.). Дастпарвари мак. миёнаи №65 ш. Душанбе (1973). Ин-ути политех. Тошкандро хатм кардааст (1978). Инж.-микробиол., усто ва и. в. корхонаи шароби «Роҳатӣ»-и заводи машруботи н. Ленин (ҳоло – Рӯдакӣ, 1978-83), усто, устокалон, сардори сехикупажкунонӣ, саршаробпаз ва сармуҳандиси заводи машруботи ш. Душанбе (1983-97), сармутах. соҳаи маш- рубот, роҳбари гурӯҳи шиносномакунонии намудҳои технологияи нави «Лабор. технологӣ»-и Кумитаи «Тоҷикпищепром»-и ҶТ (1997-2000), мутах. соҳаи маш- руботи корхонаи муштараки масъулияташ маҳдуди «Хӯрокворӣ»-и ш. Душанбе (2000-02), сармутах. Раёсати машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамокуи корпоратсияи «Хӯрокворӣ»-и ҶТ (2002-03), мутах. Шӯъбаи назорати давлатии стандартҳои Комплекси агросаноатии Аген- тии «Тоҷикстандарт» (2004-06). Аз с. 2007 – мушовири Раёсати машрубот, тамоку ва боғу токпарварии Корхонаи воҳиди давл. «Хӯрокворӣ»-и ҶТ.

 

 

 


МӮЪМИНОВ Қосим Ҳафизович (Тав. 27. 09. 1953, ш. Душанбе), иқтисоддон. Фарзанди Мӯъминов Ҳафиз Азизович (ниг.). Баъди хатми мак. миёнаи № 53 ш. Душанбе (1971) дар фак. иқт. УДТ ба номи В.И. Ленин (ҳоло – ДМТ) таҳсил кардааст (1971-75). Иқт. калони Упр. саёҳат ва экскурсияи ш. Душанбе (1976-80), иқт. Идораи буҷети давл. ва сардори Департаменти қарзҳои берунаи Ваз. молияи ҶТ (1986-92; 1997-01), муд. шӯъбаи иқт. Ваз. маҳсулоттайёркунии Ҷум. Тоҷ. (1980-86), Ваз. сохтмони деҳоти ҶТ (1992-93), Бонки саҳҳомию тиҷоратии «Тоҷикбонкбизнес» (1993-97), сардори Идораи назорати истифодаи амволи давл.,инвеститсия ва қарзҳо (2001-06), мушовири калони Ком. иқтисод, буҷет ва андози Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ (2006-09), мушовири Лоиҳаи барномаи рушди СММ «Дастгирии ҳамоҳангсозии самаранокии миллии кӯмаки беруна ва пешбурди сармоягузорӣ» (2009-11), роҳбари Кот. татбиқи Лоиҳаи «Таҳкими иқтидори Парлумон дар бахши молияи давлатӣ» (2011-12). Аз моҳи ноябри с. 2012 бо пешниҳоди През. ҶТ ва қарори МНМО ҶТ – сараудитори Палатаи ҳисоби ҶТ. Бо Ифт. ҶТ мукофотонида шудааст (2003).

 

 

 


ҶӮРАБЕКОВА Анзурат Ҳалимбековна (Тав. 27. 09. 1949, ш. Душанбе), мураббияи кӯдакистон, омӯзгор.Корм. шоистаи маор. халқи Тоҷ.(1977). Фарзанди Ҷӯрабеков Ҳалимбек (ниг.). Дастпарвари мак. миёнаи №11 ш. Душанбе (1965). Омӯз. тиббии ш. Душанберо бо дипломи сурх хатм намудааст (1968). Як сол дар ИТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино хонда, бинобар вазъи оилавӣ ба фак. психологияи (равонш.) ИПД ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло – ДДОТ ба номи С. Айнӣ) гузашта, онро с. 1973 хатм кардааст. Мураббияи кӯдакистони №83 «Бунафша» (1973-76), китобдор (1977-85). Аз с. 1985 – омӯзгори фанни пед., равонш., анатомия, гигиена дар Техн. тарбияи ҷисмонии Тоҷ. Барои такмили ихтисос борҳо ба кишварҳои хориҷӣ сафар кардааст. Бо бисёр мукофотҳои соҳавӣ қадр карда шудааст.

 

 

 

 


КАМОЛОВ Саидҷон Абдуҷамолович (Тав. 30. 09. 1955, ш. Душанбе), омӯзгор. Номз. илми тех. (1985), дотс. (1988). Фарзанди Миркамолов Абдуҷамол (ниг.). Дастпарвари мак. миёнаи №5 ш. Душанбе. Фак. сохтмони саноати ИПТ (ҳоло – ДТТ) ба номи М. Осимиро хатм кардааст (1977). Ассис. каф. сохтмони саноатии ДТТ, асп. Ин-ути сохтмони Москва (1981-85). Аз. с. 1985 дотс. каф. ДТТ. Муаллифи бештар аз 30 мақола ва асари илмию методӣ.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *