Зодрӯзҳо дар моҳи ноябр

СОЛЕҲОВ Акрам Аббосович (Тав. 5. 11. 1952, д. Галаосиёи н. Самарқанд), инженер-лоиҳакаш (тарроҳ). Дар мак. миёнаи №35 н. Самарқанд хондааст (1959-69). Техн. сохтмони ш. Душанбе (1972), фак. сохтмони ИПТ (ҳоло – ДТТ) ба номи М. С. Осимиро хатм кардааст (1982). Инж. тарроҳи Ин.-ути лоиҳакашии «Тоҷикгипроводхоз»-и ш. Душанбе (1972-75), саринж. «Иттиҳодияи истеҳсолии «Промстройматериалы»-и Ваз. мелиоратсия ва хоҷ. оби Тоҷ. (1977-89), сардори шӯъбаи сохтмони Ваз. манзилу коммуналии Тоҷ. (1989-92), саринж. Трести «Тоҷикстройиндустрия»-и Ваз. сохтмони ҶТ (1992-96). Аз с. 1998 – менеҷери сохтмон дар ширкати World Development Сorp.

 

 

 

 

 


ҲОМИДОВ Аҳмадрафиқ Анварович (Тав. 5. 11. 1956, ш. Душанбе), инженер – гидротехник, иқтисодшинос. Фарзанди Ҳомидов Анвар Кенҷаевич (ниг.), ҳамсари Ҳомидова Қаноат Иброҳимовна (ниг.). Дастпарвари мак. миёнаи № 53 ш. Душанбе (1973). Фак. гидротех. ИХҚТ (ҳоло – ДАТ ба номи Ш. Шотемур) – ро хатм кардааст (1978). Устои заводи коркарди оҳану бетони №6 ш. Душанбе (1978-80), кот. ком. комсомолии Техн. индустриалии ш. Душанбе (1980-81), инструктор, муовини муд. шӯъбаи КМ комсомоли ҶТ (1984-87), инструктори ком. ҳизби н. Роҳи Оҳан (ҳоло – Шоҳмансур,1987-89), сарвари заводи қубурҳои ба фишор тобовар ва коркарди оҳану бетони ш. Душанбе (1989-91), раиси комиссияи деп. комиҷроияи н. Шоҳмансур (1991), сарвари Маркази тиҷоратии комиҷроияи н. Шоҳмансур (1991-95), маъмури Сафорати ҶТ дар ҶИЭ (1995-97), сарвари Маркази тиҷорати Ҳук. н. Шоҳмансур (1997-98), мушовир, ҷон. аввали намояндаи тиҷоратии ҶТ дар ҶИЭ (1998-2000), муовини Раиси н. Шоҳмансур (2000-04), раиси Комиҷроияи ҲХДТ н. Шомансур (2004-10). Аз с. 2010- муд. бахши омор ва бақайдгирии шӯъбаи ташкилии Дастгоҳи комиҷроияи марказии ҲХДТ.

 

 


ЮСУПОВА Норинисо Авазовна (Тав. 06. 11. 1941, ш. Сталинобод, ҳоло – Душанбе), олими химик., омӯзгор, док. илми химия (1990 ), проф. (1991), узви вобастаи Акад. илмҳои байналхалқии мак. олӣ. Фак. химияи УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ)-ро хатм кардааст (1966): лабор. Ин.-ути химияи ба номи В. И. Никитини АФ Тоҷ. (1966- 67), коромӯз-тадқ. Лабор. спектроскопияи молекулавии каф. химияи физ. фак. химияи УДМ ба номи М. В. Ломоносови ФР (1967-68), асп. Ин.-ути умумиит. тадқ. илмии коркарди нафти ш. Москва дар назди Ваз. саноати нафти СССР (1969-72). С. 1973 дар мавзӯи «Тадқиқоти масс-спектрометрии гетерокомпонентҳои нафти конҳои депрессияи Тоҷикистон » рисолаи номз. дифоъ намуда, дар Ин.-ути химияи АИТ ба ҳайси корм. хурд, корм. калони илмӣ кор кардааст (1973-90). С. 1990 дар Шӯрои илмии Инт.-ути нафт ва гази ба номи И. Губкин (ФР) дар мавзӯи «Пайвастагиҳои гетероатомии сулфур ва нитрогендори нафти конҳои Тоҷ.» рисолаи док. ҳимоя намудааст. Проф. (1991-92), муд. каф. химияи ДАТ (1993-12) ва роҳбари аспирантон аст. Мавзӯи асосии тадқ. илми-аш аз таҳқиқи таркиби химиявии гетеропайвастагиҳои органикии нафти серсулфури Тоҷ. иборат аст. Аз соли 1991 ин ҷониб бо масъалаҳои омӯзиши таркиби химиявии растаниҳои эфиру равғандори Тоҷ. (хусусан анҷибар – «шамъдонаи гулобӣ» ва навъҳои гуногуни пудинаву райҳон) ва таҷзияи ҷузъҳои муаттари онҳо машғул аст. Соҳиби шаҳодатномаи муаллифист. Аз рӯи натиҷаи корҳои тадқ. илмии худ дар симпозиуму конф. умумиит. ва байналхалқӣ дар ш.-ҳои Москва, Рига, Таллин, Боку, Киев, Тбилиси, Лейпсиг, Прага, Машҳад ва ғ. сухан кардааст. Муаллифи зиёда аз 100 мақолаи илмӣ ва илмии оммавӣ, дастури методӣ, курси лексия аз химияи органикӣ, аз ҷумла «Комплексҳои рений бо сулфидҳои сиклӣ – катализаторҳои раванди барқароркунӣ ва изомеризатсияи олефинҳо» (Известия АН СССР (химия), №4, 1988, Москва), «Таркиб ва сохти тиасиклонҳои нафти депрессияи Тоҷикистон» (Маҷ. «Химия ва технологияи сӯзишворӣ ва равғанҳо» (Москва, 1989), «Компонентҳои ғайрикарбогидридии нафти Тоҷикистон ва роҳҳои истифодаи он» (Д., 1991), «Таркиби химиявии равғани шамъдонаи гулобӣ» (Машҳад, ҶИЭ, 1993), «Проблемаҳои тадқиқоти растаниҳои эфиру равғандори Тоҷикистон» (Маҷ. «Кишоварз», Д., 2003) ва ғ.

 


АБДУВОСИЕВ Фаррух Самиевич (Тав. 07. 11. 1947, ш. Сталинобод, ҳоло – Душанбе), олими зоотехник, корманди пешбари илми иқтисодиёти аграрӣ. Фарзанди Абдувосиев Самеъ (ниг.). Номз. илми кишоварз. (1979), дотс. (2007). Дастпарвари мак. миёнаи №53 ш. Душанбе (1971). ИХ.Т (ҳоло – ДАТ ба номи Ш. Шотемур)-ро хатм кардааст (1975). Ассис. каф. «Тех. байтории хусус.» (1975-79), корм. калони илмии Ин.- ути тад.. илмии заминдор. (1979-83), сармутах. илмии Ин.-ути тад.. илмии иқт. ва ташкили хоҷ. қишл. (1983-91), корм. пешбари илмии Маркази тадқ. стратегии назди През. ҶТ (1991-01), Ин.-ути тадқ. Илмии Ваз. иқт. ва савдои ҶТ (2001-07). Аз с. 2007 – дотс. каф. зотпарварӣ ва генетикаи чорвои ДАТ ба номи Ш. Шотемур. С. 1996 дар семинари «Сиёсати аграрӣ ва фаровонии маҳсулоти назди Бонки ҷаҳонӣ» ва с. 2000 дар семинари «Комёбиҳои истеҳсолии илмию техникии соҳаи истеҳсолоти аграрӣ»-и назди Бонки ҷаҳонӣ такмили ихтисос кардааст. Муаллифи беш аз 100 мақолаи илмӣ дар бобати рушд ва ислоҳоти хоҷ. қишл., амнияти озуқав., истифодаи самарабахши истеҳсолоти қишл. ва маҷмааи агросаноатӣ.

 

 


АШӮРОВА Шамсия Қаюмовна (Тав. 7. 11. 1944, гуз. Тошкандии ш. Самарқанд), омӯзгор. «Аълочии маор. халқи Тоҷ. ». Ҳамсари Исомов Нуриддин Ҳайдарович (ниг.). Баъд аз хатми мак. миёнаи № 10 ба номи С. Айнии ш. Душанбе (1963) дар бахши англисии фак. заб. хориҷии ИПД ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло – ДДОТ ба номи С. Айнӣ) таҳсил кардааст (1963-67). Муал. мак. миёнаи №38 ш. Душанбе (1967-69), муал. заб. англисии мак. миёнаи н. Обигарм (1969-75), муал. мак. миёнаи №47 н. Навобод (1975-90), муал., муд. қисми таълимии мак. миёнаи № 47 м. Лучоби н. Фрунзеи (ҳоло – Синои ш. Душанбе, 1990- 2008). Иштир. олимпиадаҳои талабагони лаёқатманди донандаи заб.-ҳои хориҷӣ. Бо бисёр Ифт. Ваз. маор. Тоҷ. мукофотонида шудааст. Аз с. 2008 – нафакахӯр.

 

 

 

 


РАҲИМОВА Мавлуда Муродовна (Тав. 07. 11. 1952, ш Душанбе), оториноларинголог. Док. илми тиб, дотс. (2012). «Аълочии тандурустии Тоҷ. ». Дастпарвари мак. миёнаи №3 ш. Душанбе (1970). Фак. муолиҷавии ИТТ (ҳоло – ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст (1976). Духтури интерн (1976-77), муд. шӯъбаи сурдологопедияи ҷум.-явӣ (1977-86), муд. шӯъбаи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии Беморхонаи клиникии ҷум.-явии №3 (1986-92), ассис. каф. бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии ДДТТ (1992-04). Аз с. 2004 – дотс. каф. бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии ДДТТ. Дар мавзӯи «Шунавоии фазоӣ барои ахбори нутқӣ ва аҳамияти он дар ташхиси аудиологӣ» рисолаи номз. (1994) ва дар мавзӯи «Клиническое теченияе паталогии лорорганов у беременных женщин» рисолаи док. (2012) дифоъ кардааст. Муҳақиқи раванди бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии занҳои ҳомила. Муаллифи қариб 60 мақола ва 6 пешниҳоди ратсионализаторӣ. Бо мед. «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» ва Грам. Фахрии ВССПС мукофотонида шудааст.

 

 

 


СОЛИЕВ Фаррух Шодиевич (Тав. 7. 11. 1944, ш. Самарқанд), пизишк, омӯзгор, олим. Номз. илми тиб (1980). Дорандаи Ҷоизаи олимони ҷавони АФ Тоҷ. (1980), Фак. муолиҷавии ИТТ (ҳоло – ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст. (1969). Лабор. каф. патанатомияи ИТТ (1967-69), коромӯз, тадқ. ход. хурди илмии шӯъбаи морф. Ин.-ути тадқ. илмии гастроэнтрология (1969-77). Асп. Ин.-ути тадқ. илмии ғизои Акад. илмҳои тиббии СССР (1977-80), ход. калони илмӣ, и. в. муд. шӯъбаи морф. Ин.-ути гастроэнтрологияи Ваз. нигаҳдории тандурустии Тоҷ. (1980-82). Дар СССР бори аввал исбот кард, ки ҷигари шахси бемор – гиахини машрубот – унсури зардранги бо заррабини электронӣ дидашавандаро дорост. Муал. калон (1982- 84), дотс. каф. анатомия ва физиологияи мӯътадил ва варзиши Ин.-ути тарбияи ҷисмонии Тоҷ. (1984-1995). Муаллифи беш аз 30 асару мақолаи илмӣ доир ба соҳаи тиб. Дар аӣни замон пизишки варзишгарони Қасри варзиши «Тоҷикистон», нозири саломатии ҳайати мунтахаби варзишгарони ҶТ ва ҳамзамон омӯзгори каф. анатомия ва физиологияи Техн. тиббии пойтахт (1995-2001). Бо Грам. Фахрии давл. ва соҳавӣ мукофотонида шудааст.

 

 


САЪДИЕВ Шӯҳрат Самарович (Тав. 08. 11. 1954, ш. Душанбе), омӯзгор, дотсент. Номзади илми таърих (1990). Фарзанди Саъдиев Самариддин (ниг.). Баъд аз хатми мак. миёнаи №53 ш. Душанбе (1971) дар фак. таърихи УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ) таҳсил кардааст (1972-77). Муаллим, дотсенти каф. Таърихи ДДСТ (1977-96), аспиранти УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ, 1986-89). Дотсенти каф. таърих ва фарҳ. халқи тоҷ. дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1996-2002). Аз с. 2002 – дотсенти каф. фалс. ва таърихи соҳибкории ДСХТ, ҳамзамон  мудири шуъбаи илм ва робитаҳои берунаи донишкада. С -ҳои 2013-2014 мудири кафедраи Донишкадаи такмили ихтисоси корм. муас. олии касбии назди ДМТ. Аз соли 2014 дотсенти каф. таърихи умумии Донишгоҳи Славянии Русияву Тоқикистон. Инчунин мудири донишномаи онлайнии Википедияи тоҷикӣ ва сомонаи «Аслҳо ва наслҳо» мебошад. Муаллифи беш аз 70 таълифоти илмӣ ва дастури таълимӣ аз қабили «Тоҷикистон: роҳи сулҳ ва ризоят» (Д., 2002), «Таджикистан: путь к миру и согласию» (Д., 2002), «Саҳифаҳои муҳимтарин аз таърихи халқи тоҷик» (Д., 2008; 2010), «Важные страницы из истории таджикского народа» (Д., 2008; 2010), «История таджикского народа». Курс лекций (Д., 2012, 2017), «Тоҷикистон: саҳифаҳои таърихи кишвари кӯҳан» (Д., 2012, 2014) ва мақолаҳои диг. дар маҷмӯаҳои илмии Федератсия Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон. Бо мед. «5-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ифт. мукофотонида шудааст.

 


ҲАМРОҚУЛОВА Норӣ Раббимқуловна (Тав. 10. 11. 1953, ш. Душанбе), шоира, тарҷ. Дастпарвари мак. миёнаи №2 ш. Душанбе (1970). Фак. фил. русии УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ)-ро хатм кардааст (1986). Фарзанди Ҳамроқулов Раббимқул (ниг.). Муҳар. хурд, муҳар., муд. ред. адаб. бачагонаи нашр. «Маориф», «Адиб» (1986-94), ҷон. муҳар. рӯзн. «Ҳомии Ватан»-и Ваз. мудофиаи ҶТ (1994-2001), омӯзгори асосҳои журн.-каи муосир дар ташкилоти ғайриҳук. «Хонаи ҷавонон», ки он рӯзн. «Сайёраи бачаҳо»-ро ба заб. тоҷ. ва русӣ интишор мекунад (2001-07), сармуҳар. маҷ. кӯдаконаи «Чигӯяк» ба заб. тоҷ. ва русӣ (аз с. 2005), муд. бахши русии шӯъбаи тарҷ., таҳрир ва нашри Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ (2007-2012). Аз с. 2012 – нафақахӯр ва дар айни замон сармутах. Шӯъбаи табъу нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ. Аввалин шеъру ҳикояҳояш бо тахаллусҳои Н. Раббимдухт ва Озар ҳанӯз с. 1972 ба табъ расидаанд. Асарҳои ҷудогонаи навис. Абдуҳамид Самадов, Кароматулло Мирзоев, Ӯрун Кӯҳзод, Абдурофеъ Раббиев, Сорбон, Баҳманёр, Равшан Ёров, таронаҳои Мавлудаи Равшанёр, рубоиҳои Соҳибназар, шеърҳои Ноҳид, шоири Эрон Сӯҳроби Сипеҳрӣ ва дигаронро ба русӣ тарҷума кардааст. Муаллифи очерку мақолаҳои зиёд аз ҳаёти ҷомеаи имрӯзаи ҶТ. Шеъру тарҷ. дар маҷ. «Для милых дам», «Помир», «Дарё» ба табъ расидаанд.

 


ЮСУПОВ Зафар Абдуллоевич (Тав. 10.11.1946, ш. Душанбе), таърихшинос. «Аълочии маор. Халқи Тоҷ.». Фарзанди Абдулло Юсуфӣ ва Юсупова Хадича Убайдуллоевна (ниг.). Баъд аз хатми мак.миёнаи №7 ш. Душанбе (1964) дар фак. таърихи УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ) таҳсил кардааст (1964-69). Ход. хурди илмии Ин. – ути таърихи АФ Тоҷикистон ба номи Аҳмади Дониш (1969-77). Аз с. 1977 – омӯзгор, омӯзгори калон каф. таърихи халқи тоҷики ДМТ. Муаллифи зиёда аз 70 таълифоти илмӣ, аз ҷумла «Формы феодальных институтов пожалований в Средней Азии» (1996), «Что такое икба, суюргал и танхох» (ҳаммуаллиф, 1998), «Барпошавии Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон» (1999), «Таърихи ақлгароии (мазҳабгароии) давлатдории исломӣ дар давраи халифҳои рошиддин ва уммавиҳо (632-750)», (ҳаммуаллиф, 2010) ва ғ.

 

 

 

 


ҲАКИМОВА (Абдулҳамидова) Лютфия (Тав. 10. 11. 1945, гуз. Сӯзангарони ш. Самарқанд), омӯзгор. «Аълочии маорифи Тоҷ.» (2000). Муаллимаи тахассуси олӣ (2009). Ҳамсари Абдулҳамидов Фазлиддин (ниг.). Пас аз хатми мак. миёнаи №3 ш. Самарқанд (1962) дар нашр. «Ирфон» ба ҳайси нусхаҳон кор кардааст (1965-71). С. 1971-75 дар фак. заб. Тоҷ. ва адаб. ИПД (ҳоло – ДДОТ) таҳсил кардааст. Китобдори китобхонаи мак. миёнаи №12 ш. Душанбе (1974-80). Аз с. 1980 – муал. Синфҳои ибтидоии мак. мазкур. Хизматҳояш бо чандин Грам. Фахрии соҳавӣ қадр карда шудааст.

 

 

 

 

 


 

Амриддини АСЛИДДИН (Тав. 15. 11. 1938, гуз. Хоҷа Ғуломи ш. Самарқанд), журналист, Корм. шоистаи ҶТ (1998). Барандаи (2 карат) Ҷоизаи журн. Тоҷ. (1977, 1988). Дар мак. миёнаи №14 ш. Самарқанд хондааст (1947-57). Хизм. дар саф. Арм. Сов. (1958-61). Шӯъбаи заб. Ва адаб. тоҷ. фак. таъриху фил. УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ)-ро хатм кардааст (1966). Муҳар. хурд, муҳар. калон, сармуҳар. идораи барномаҳои иқт. Шӯъбаи хоҷ. қишл. КДТР назди Сов. Ваз. Тоҷ. (1966-98). Аз с. 1998 – нафақахӯр.

 

 

 

 

 

 


МИРҶОНОВА Марҳабат Салимовна (Тав. 16. 11. 1934, ш. Душанбе), омӯзгор, ношир, тарҷ. «Аълочии матбуот» (1984). Ҳамсари Мирҷонов Ҳоҷӣ Абдулҳамид (ниг.). Дар мак. миёнаи №10 ш. Душанбе таҳсил намудааст (1944). Фак. физ. ва мат. ИПС ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло –ДДОТ ба номи С. Айнӣ)-ро бо баҳои аъло хатм кардааст (1956). Яке аз гирандагони стипендияи Сталинӣ. Муҳар. Нашр. давл. Тоҷ. (1956-66), ассис . каф. мат. элементарӣ ва методикаи таълими мат. (1966-68), муҳар., муҳар. калони шӯъбаи нашри китобҳои таълимӣ(1969-83), муд. шӯъбаи физ., мат. ва химияи нашр. «Маориф» (1983- 92). Бисёр китобҳои дарсиро аз фанни физ., мат., алгебра, таҳлили мат., геометрия, астрономия, химия ба тоҷ. гардонидааст. Бо мед. «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» (1970), «Зарбдори меҳнати сотсиалистӣ » (1976), «Ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ» (1978), «Барои меҳнати софдилонаи дарозмуддат» (1984), «Ветерани меҳнат» (1984) мукофотонида шудааст.

 

 

 


АБДУРАҲМОНОВА Мутаҳҳара Ҳабибовна (Тав. 17. 11. 1932, н. Сиёби ш. Самарқанд), педиатр. «Аълочии тандурустии ҶТ». Пизишки тахассуси олӣ. Фарзанди Абдураҳмонов Ҳабиб (ниг.). Дастпарвари мак. миёнаи №15 ш. Самарқанд (1949). Фак. муолиҷавии ИТС (ҳоло – ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо тахассуси пизишки дармонбахш хатм кардааст (1956). Пас аз таҳсил дар ординатура (1956-57) пизишки шӯъбаи дармони кӯдакони Беморхонаи клиникии Ҳук. ш. Душанбе (1957-88). Муаллифи чандин тавсиянома ва мақолаҳо оид ба пешгирии бемории кӯдакон ва табобати онҳо. Аз с. 1988 – бознишаста. Бо мед. «Ветерани меҳнат» ва бисёр Грам. Фахрии соҳавӣ мукофотонида шудааст.

 

 

 

 


ҚОСИМОВА Раъно Абдулҳакимовна (Тав. 18. 11. 1927, гуз. Чорраҳаи ш. Самарқанд), омӯзгор, иқтисоддон. Иқтисодш. хизм. Тоҷ. (1981). Ҳамсари Арт. халқӣ, кинореж. Тоҷ. Раҳимов Абдусалом, фарзанди Қосимов Абдулҳаким ва Қосимова Музаффара (ниг.). Ба Душанбе с. 1933 омадааст. Техн. пед. Занонаи Конибодом (1954), фак. иқт. УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ)-ро хатм намудааст (1959). Корм. Сарупр. матлуботи саноати Тоҷ. (1959-60), сармутах. шӯъбаи саноати вазнин, шӯъбаи масолеҳи бинокорӣ ва саноати сохтмони Госплани Тоҷ. (1962-88). Бо мед. «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» (1970), «Барои меҳнати шоиста» (1973), «Ветерани меҳнат» (1987), нишони «Аълочии планкашии хоҷагии халқ» (1976), Грам. ҷашнии Госплани СССР ба муносибати 50-солагии таъсиси Госплани Тоҷ. (1974) ва бисёр Грам. ва Сипосномаҳои соҳавӣ мукофотонида шудааст. Аз с. 1988 – нафақахӯр.

 

 

 


БАҲОР Фирӯз (Тав. 19. 11. 1942, ш. Сталинобод (ҳоло – Душанбе), оҳангсоз. Фарзанди Ҳоҷӣ Аҳмадов (ниг.) ва Мулук Баҳор. Ҳунарманди хизм. санъ. Тоҷ. (1990). Барандаи Ҷоизаи Озмуни умумиит. оҳангсозони ҷавон (1969), Ҷоизаи Комсомоли Ленинии Тоҷ. (1977), Ҷоизаи Озмуни умумиит. Оҳангсозон бахшида ба 60-солагии Инқилоби Октябр (1978), дипломдори Фест. санъ. театрии «Парасту» дар ҶТ, барои операи «Мақоми ишқ» (1993), Ҷоизаи аввали Озмуни байналмилалии композиторон ба номи С. Прокофйев (Санкт- Петербург, 2008). Омӯз. мус. ш. Душанбе, фак. фортепианои Ин.-ути давл. мус.–пед. ба номи Гнессинҳои Москва (1967) ва фак. оҳангсозии Конс. Тошкандро хатм кардааст. Омӯзгори каф. назарияи мус. ИДҲЗТ (ҳоло – ДСТ) ба номи М. Турсунзода (1971-76). Кот. Прав. ИБ Тоҷ. (аз с.1976). Дар жанрҳои гуногуни мус. муосир (балет, симфония, кантата, хор, достонҳои симфонӣ, консерт барои созҳои гуногуни мус.), барои спектаклу кинофилмҳо ва ғ. асарҳо эҷод кардааст. Аз ҷумла балети «Дувалронии нозанин» (1981), 4 симфония (1974, 1976, 1980, 1984), симфонияи «Бузург» (ба хотираи Абӯалии Сино) инчунин симфонияҳои «Достон» (1969) ва «Мароканд» (1970). Достони симфонии «Мароканд» шӯҳрати муаллифро дар саросари собиқ СССР ва хориҷа (Англия, Булғория, Чехословакия, Югославия) афзудааст. Муаллифи зиёда аз 50 суруд, инчунин суруду мус. намоишнома ва кинофилмҳост.  С. 1996 бо оилааш ба Олмон кӯчидааст. Дар Берлин маҳфили мус. «Найи пурасрор»-ро таъсис додааст (1997- 07). Бо орд. «Дӯстӣ» (ҶТ) мукофотонида шудааст (2007).

 


НОСИРОВА Ибодат Туйчиевна (Тав. 19. 11. 1951, ш. Душанбе), омӯзгор. Мушовири хизм. давл. Дараҷаи 1-ум. Фарзанди Носиров Тӯйчӣ Орзуқулович (ниг.). Баъд аз хатми мак. миёнаи № 62 д. Ҷӯйибодоми н. Ленин (ҳоло – н. Рӯдакии) ҶТ дар фак. заб. ва адаб. русии ИПД ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло – ДДОТ ба номи С. Айнӣ) таҳсил кардааст (1968-73). Муал. заб. ва адаб. руси мак. миёнаи № 62 зодгоҳаш (1973-81), коргузори шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии н. Фрунзеи (ҳоло – н. Синои) ш. Душанбе (1981-82), муд. шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии н. Марказии (ҳоло – н. Фирдавсии) ш. Душанбе (1982-08). Бо чандин Грам. Фахрии Ҳук. ш. Душанбе мукофотонида шудааст.

 

 

 

 

 


УМАРОВ Ҳайдар Умарович (Тав. 19. 11. 1938, м. Даҳбеди ш. Самарқанд), зоотехник. Номз. илми киш. (1971). Корм. шоистаи ҶТ (1999). Дар мак. миёнаи №8 м. Даҳбеди ш. Самарқанд хондааст (1945-55). Фак. зоотехникии ИХҚТ (ҳоло – ДАТ ба номи Ш. Шотемур)-ро хатм кардааст (1961). Зоотехники калони к/зи «Москваи» деҳшӯрои Ёрии н. Панҷакент (1961-63), зоотехники к/зи «Правда» (ҳоло – ба номи С. Ҷӯраев)-и н. Вахши вил. Хатлон, (1963-64). Асп. ИЧИХҚТ (ҳоло – Пажуҳишгоҳи чорводории Тоҷ., 1965-71), ход. хурди илмӣ, ход калони илмӣ (1971-90). Аз с. 2000 – ход. пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи чорводории Тоҷ. Муаллифи зиёда аз 60 асару мақолаи илмӣ.

 

 

 

 

 


ҲОМИДОВА Қаноат Иброҳимовна (Тав. 22. 11. 1955, ш. Душанбе), ҳуқуқшинос. Ҳамсари Ҳомидов Аҳмадрафиқ Анварович (ниг.). Дастпарвари мак. миёнаи №31 ш. Душанбе (1975). Методисти Комб. курси таълимии Ваз. савдои Тоҷ. (1975). Фак. ҳуқуқш. УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ)-ро хатм кардааст (1980). Мушовири калони Идораи мақомоти судии Ваз. адлияи Тоҷ. (1980-83), нозири ҳуқуқии меҳнати Шӯрои ит. касабаи Тоҷ. (1983-90), мутах. дараҷаи 1-уми Котиботи Шӯрои Олии Тоҷ. (1990-95), мушовири Ком. кор бо занон, ҳифзи иҷтимоӣ ва экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ (1995-98), мушовири калони Ком. қонунгузорӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ (1998-2000), муд. бахши танзими қонунгузории шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи През. ҶТ (2000-01), ҷон. муд. шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи През. ҶТ (2001-04). Аз с. 2004-дир. Маркази таълими судяҳо дар назди Шӯрои адлияи ҶТ.

 

 

 


ҲОДИЗОДА Фаридун (Тав. 25.11.1959, ш. Душанбе), шарқшинос. Номз. илми фил. (1991). Фарзанди Расулхон Ҳодизода (ниг.). Дастпарвари мак. миёнаи №60 ш. Душанбе (1976). Шӯъбаи арабии фак. заб. шарқ. УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло – ДМТ)-ро хатм кардааст (1981). Баъд аз адои хизм. ҳарбӣ дар ҳайати гурӯҳи маҳдуди Қувваҳои Мусаллаҳи СССР дар РДА (1981-83) лабор. калони шӯъбаи равобити адабии ИЗА ба номи Рӯдакии АФ ҶТ (1983-85), таҷрибаомӯзи Ин.-ути шарқш. АФ СССР, Ин.-ути адабии ба номи М. Горкии Москва (1985-90). С. 1991 дар мавзӯи «Поэтикаи мақомҳои Ҳамиддини Балхӣ» рисолаи номз. дифоъ кардааст. Ход. калони илмии ИЗА АФ ҶТ. Иштир. чандин маҳфилу конф. илмӣ дар Тоҷ., Эрон, Венгрия, Лубнон, Покистон, ИМА. Роҳбари барномаҳои Ҳук. Швейтсария доир ба пойдории сулҳу салоҳ, хамфикрӣ ва муколамаи намояндагони давл. ва дин дар Тоҷ. (1991-2008). Аз с. 2009 – яке аз бунёдгузорон ва роҳбари созмони ҷамъиятии «Академияи муколама», ки аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ эътироф гардидааст. Барои мубодилаи таҷриба ва барқарор намудани равобиту ҳамкорӣ борҳо ба кишварҳои Аврупо ва ИМА сафар кардааст. Бо мед. «Аз мардуми сипозгузори Афғ.» ва Грам. Фахрии соҳавӣ мукофотонида шудааст.

 

 


ҲОМИДҶОНОВА Мавлуда Муҳаммадҷонзода (Тав. 26. 11. 1957, н. Ҳисори ҶТ), омӯзгори заб. ва адаб. рус. «Аълочии маор. Тоҷ.» (1993), ғолиби озмуни «Директори сол» (2003) ва ду карат ғолиби «Мактаби сол» (2000; 2010). Фарзанди Зиёев Муҳаммадҷон (ниг.). Дар ОКТ-33 н. Ҳисор таҳсил кардааст (1972-75), инж. фаб. «Дилором»-и ш. Душанбе (1976-78). ИПД ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло – ДДОТ ба номи С. Айнӣ)-ро хатм кардааст (1989). Муал. заб. русӣ ва таълими меҳнат, ҷон. дир. оид ба корҳои тарбиявии мак. №77 ш. Душанбе (1980-92), дир. мак. №42 ш. Душанбе (1992-2012). Аз с. 2012 – дир. мак. миёнаи №24 ш. Душанбе. Вак. маҷлиси вакилони халқи н. Марказӣ (ҳоло – Фирдавсӣ, 1995-2000; 2000-05; 2005-10; 2010-15). Раиси ком. занҳои н. мазкур интихоб шудааст (1995-2000). Иштир. Рӯзҳои фарҳ. Тоҷ. дар ш. Москва (2004). С. 2011 бо квотаи През. ҶТ ҳаҷ гузорид. Бо орд. «Шараф» мукофотонида шудааст (2004).

 

 

 


Зиндагиномаҳои мазкур аз китоби «Аслҳо ва наслҳо». — Душанбе, 2013. ISBN 978-99947-958-2-6 оварда шудаанд.