Гиромидошти шахсиятҳои барҷаста


Шамсӣ ҚИЁМОВ (Тав. 01. 01. 1920, гуз. Юсуф Харроти ш. Самарқанд – ваф. 17. 01. 2000, ш. Душанбе), актёр, реж., драматург, шоир ва тарҷ., Арт. хизм. Тоҷ. (1945), Ҳунарпешаи халқии Тоҷ. (1990), Узви ИН СССР (аз с. 1962). Дастпарвари мак. миёнаи №7 ш. Самарқанд (1938). Студияи миллии Конс. Москва (1941), фак. реж. Ин.-ути давл. санъ. театрии ба номи А. В. Луначарскийро хатм кардааст (1952). Ход адабии рӯзн. «Қизил Тожикистон» (1939-40), ҳунарпеша ва таҳиягари ТДАДТ ба номи А. Лоҳутӣ (1941-56), реж. Студияи «Тоҷикфилм», сарреж. Студияи Тел. тоҷ., ФДТ ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ (ҳоло – Акашариф Ҷӯраев), сарреж. ТДҶТ, омӯзгори ДСТ-ДДҲЗТ ба номи М. Турсунзода (1978-94). Аввалин шеърҳои ӯзб. дар саҳифаи рӯзн. «Қизил Тожикистони» ба табъ расидаанд. Нахустин пиесаҳояш – «Камол» ва «Дамири мусиқанавоз» дар ТДҶЛ ба саҳна гузошта шуданд (1937). Чун актёр дар саҳнаи ТДАДТ ба номи А. Лоҳутӣ зиёда аз 40 нақшро иҷро кардааст. Муаллифи асарҳои драмавии «Дил-дили Зайнаб» (бо ҳамқаламии Анна Мороз, 1955), «Тӯфон» ( бо ҳамқаламии Ғанӣ Абдулло, 1957), «Субҳи Ҳисор» (1959), «Ҷарима – якуним танга» (бо ҳамқаламии М. Фарҳат, 1960), «Эраҷ-паҳлавон» (1963), «Садои дил», (1968), «Саҳифаҳои ҳаёт», (1969), «Зол ва Рудоба» (бо ҳамқаламии Ш. Мастон, 1973), «Ҳодӣ ва Шодӣ» (1975), сенарияи филмҳои «Вақти зангирии писарам расид» («Тоҷикфилм», 1960), либреттои балетҳои «Писари Ватан», (1967), «Оҳуи тиллоӣ» (1969), «Се нозанини Шарқ» (1970), «Баҳори Бадахшон» (1971) ва ғ. Дар ТДАДТ  ба номи А. Лоҳутӣ, ТДДР ба номи Вл. Маяковский, ТДАОБТ ба номи С. Айнӣ, инчунин Театри давл. драмаи мус. ӯзб. Ҷиззах (Ҷум. Ӯзб.), Театри Кобул-Нандори (Афғонистон) ва ҳ. спектаклҳои зиёдеро ба саҳна гузоштааст. Реж. ва таҳиягари филмҳои бадеии «Дӯсти ман Наврӯзов» (1957), «Амалиёти кобра» (1961), «Рангҳои сол» (1973) ва ғ. Осори К. Станиславский «Этика», Молйер«Найрангҳои Скапен», С. Михалков «Ревизори зӯракӣ»,Н. Гумилёв «Духтари сеҳрнок», Ф. Тошмуҳаммадов «Достони ҳофиз»-ро ба тоҷ. гардонидааст. Бо ду орд. «Нишони Фахр.» ва мед. мукофотонида шудааст.

 



КАМОЛОВА Мукаррама (Тав. 6. 01. 1937, ш. Душанбе – ваф. 2. 10. 1994, дар ҳамон ҷо), актриса. барандаи Ҷоизаи комсомоли Ленинии Тоҷ. (1971). Арт. хизм. Тоҷ. (1974). Духтари дириж. Аъзам Камолов (ниг.) ва раққоса Офтобхон Исомова (ниг.). Студияи миллии Ин.-ути давл. санъ. театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС)-ро хатм намудааст (1960). Актрисаи театри ҷум.-явии мазҳакаи мус. ба номи А. С. Пушкини ш. Ленинобод (ҳоло – Хуҷанд, 1960-61), актрисаи ТДАДТ ба номи А. Лоҳутӣ (1961-85). Беҳтарин образҳои офаридаи ҳунарпеша: Любов Гордеевна («Камбағалӣ айб нест»-и А. Островский), Клариче («Шоҳ гавазн»-и К. Готси), Луиза, Амелия («Макр ва муҳаббат» ва «Роҳзанон»-и Ф. Шиллер), Лутфия, Занҷира, Гулнор («Хор дар гулистон», «Горнизон таслим намешавад» ва «Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ), Гурдофарид («Рустам ва Сӯҳроб»-и Ғ. Абдулло), Садорат («Хатро ман навишта будам»-и Ф. Ансорӣ), Ангустпас («Хонадони Бернарда Алба»-и Ф. Лорка) ва ғ. Дар якчанд филми «Тоҷикфилм», аз ҷумла дар филми «Ҳасани аробакаш» нақши Зайнаб, дар филми «Ситораи Улуғбек»-и «Ӯзбекфилм» нақши Нисоро иҷро кардааст.

 

 

 


САЪДИЕВ Самариддин (Тав. 10. 01. 1918, гуз. Мирзопӯлоди ш. Самарқанд – ваф. 29. 05. 1983, ш. Душанбе), актёр, реж., баранда. Арт. хизм. Тоҷ. (1966). Техн. театрии Тошканд (1932) ва Ом.з. мус. Тошкандро хатм кардааст (1935). Аз 13-солагӣ ҳунарпешаи Театри «Куртакабудон»-и Самарқанд, театри драмаи мус. «Ленин йӯли»-и Самарқанд, Театри «Малые формы»-и Тошканд, мулаққаб ба «Асмушка». С. 1936 дар қатори дигар .унармандони то.икзабони Самарқанд бо даъвати Ҳук. Ҷум. Тоҷикистон ба Сталинобод (.оло – Душанбе) омадааст. Ҳунарпешаи Театри драмаи мус. (ҳоло – ТДАДТ ба номи А. Лоҳутӣ, 1936-40), арт. ва барандаи ФДТ (1940-70). С. 1943 дар ҳайати дастаи консертӣ дар назди ҷанговарони фронтҳо баромад кардааст. Иштир. Се Даҳаи адаб. ва санъ. тоҷик дар Москва (с. 1941,1949,1957), ғолиби озмуни якуми умумиҷумҳуриявии арт. эстрада (Сталинобод, 1946), озмуни II Умумиит. арт. эстрада (Москва, 1946), реж. Сарред. адаб.-фарҳ. Тел. тоҷик (1959-60). Ба бисёр ҷум. собиқ СССР сафари ҳунарӣ кардааст. Дар кинои тоҷик низ мақоми хоса дошт. Дар филмҳои «Ман бо духтаре вохӯрдам» (1957), «Вақти зангирии писарам расид» (1959), «Қиссаҳои хурд дар бораи бачаҳое, ки…», (1963), «Шераки далер» (1969), «Тӯфон дар водӣ» (1972), «Бо ҳавас нигар» (1978) ва .. нақшҳои нотакрор офаридааст. Хусусан нақши «Локмол» («Чистильщик») дар филми «Ман бо духтаре вохӯрдам», ки сурудаш вирди забони тамошобинони СССР-и паҳновар гардида буд. Бо орд. «Нишони Фахр.» (1957), мед. «Барои Ғалаба бар Германия дар ҶБВ-ии с. 1941-1945», «Барои меҳнати бошуҷоат дар с.-ҳои ҶБВ» (1946), «Барои меҳнати бошуҷоат» (1950), бо ду Грам. Фахрии През. Сов. Олии Тоҷикистон (1941, 1954) ва Грам. бисёр ваз. ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҷум. мукофотонида шудааст. 

 


 

БАҚОЗОДА Наримон (Тав. 26. 01. 1936, гуз. қизил Равоти ш. Самарқанд-ваф. – 16. 01. 1999, ш. Душанбе), шоир, драматург, ход. ҷамъ. ва давл. «Аълочии маор.Тоҷ.» (1995), Корм. шоистаи фарҳанги Тоҷ. (1995), узви ИН (аз с. 1974). Дастпарвари мак. миёнаи №5 ш. Самарқанд. Фак. таъриху фил. УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ)-ро бо ба.ои аъло хатм кардааст (1960). Ход. адаб., муд. ш.ъбаи р.зн. «Тоҷикистони Совет.» (1960-67), муд. шӯъбаи адаб. бачагон ва наврасони Нашр. давл. «Ирфон» (1967-70), таҳсил дар мак. кинодраматургии назди Киностудияи «Тоҷикфилм», сардабири шӯъбаи филмҳои ҳуҷҷатии «Тоҷикфилм», сармуҳар. Ком. давл. Тоҷ. оид ба кинем. (1970-74), кот. масъули ма.. «Машъал» (1974-79), муовини аввали раиси Ком. Тоҷ.-нии муҳофизати сул. ва муд. Тоҷ.-нии Хазинаи сул. (1974-03). Асосан барои бачагон шеър гуфтааст. Муаллифи шеъру достонҳои «Гулдара» (1969), «Шеърҳо, афсонаҳо, чистонҳо» (1971), «Сурнайчӣ» (1975), «Оши ҳалол» (1978), «Шаш ҳикояти пахта» (насри илмӣ- бадеӣ, 1982), «Чӣ хуш аст?» (1983), «Дафтари мо – кони 5» (1985), «Алифбои дилкушо» (1977), «Иди алифбо омад!» (1999), «Озода шав», «Дунё ба умеди ман» (2005). Муаллифи аввалин либреттоҳо барои бачагон: «Хонаи заргӯшбибӣ»(1966), «Бузаки ҷингилапо» (1987),»Биё, Барфӣ-бобо, биё, Соли нав» (бо ҳамқаламии фарзандаш Хиромон Бақозода), пиесаҳои «Бузаки ҷингилапо» (1975), «Бахтатро бедор кун» (1985), мазҳакаи «Ҳасанак – алфасанак» (1990), «Кадри .аво.» (Тел. то.. 1989), ораторияи зиддиҷангии кӯдаконаи «Сӯзанда не, созанда шав!» (1999). Бисёр шеърҳояш дар маҷ. Мурзилка», «Пионер», «Костер», «Семья и школа» (Москва) ва ма.м.а.ояш ба заб. хал..ои соби. СССР тар.. ва чоп шудаанд: аз .умла ба заб. рус.: маҷмӯаи «Хандаляк» (М.,1969), «Ишь ты, озорной» (М.,1974), «Что всего слаще?» (М.,1986), «Детский парк» (Д., 1990, «Адиб») ва ба заб. ӯзб. маҷмӯаи «Гулдара» (Тош., 1979). Афсонаҳои А. С. Пушин, асари П. П. Ершов «Аспаки кӯзапуштак» (2007), К. Чуковский «Доктор Айболит» (1984), С. Маршак, С. Михалков, ҳикояву афсонаҳои А. Гайдар, маҷмӯаи назми мардумии бачагонаи англис., шоирони ӯзб., қирғиз, турк., озар, украину белор.-ро ба тоҷ. гардонидааст. Бо мед. «Барои меҳнати бошуҷоат» (1996), Нишони Фахрии Ком. сулҳхоҳони Олмон ба номи Жолио Кюри ва мед. тиллоии Ком. Байналхалқии Сулҳу Ризо ва Хазинаи байналхалқии сулҳ мукофотонида шудааст.

 


ҒАНИЕВ Музаффар Самадович (Тав. 29. 01. 1940, ш. Душанбе – ваф. 2. 01. 1996, дар ҳамон ҷо), арт. Драма ва кино, реж. Дастпарвари мак. миёнаи №7 ш. Душанбе (1957). Фарзанди адиби ҳаҷвнигор Самад Ғанӣ (ниг.). Ин.-ути давл. санъ. Театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС)-ро хатм кардааст (1957-60). Хизм.дар сафи Арм. Сов. (1961-63). Реж. Тел. тоҷ. (1963-96). Иштир. Доимии намоишномаи ҳаҷвии «Чойхонаи дилкушо», дар дубляжи зиёда аз 100 кинофилм саҳм гузоштааст. Бо чандин Ифт. Ҳук. ва соҳавӣ қадр карда шудааст.

 

 

 

 

 

 


АСАДУЛЛОЕВ Ҳикмат Ҳидоятович (Тав. 8. 01. 1942, ш. Душанбе), корманди мақомоти низомӣ. Полковники мустаъфӣ. Фарзанди Асадуллоев Ҳидоят (ниг.) Дастпарвари мак. миёнаи №59 ш. Душанбе (1959). Фак. ҳуқуқш. УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ, 1972), Омӯз. Олии ҳарбии сиёсии КБД СССР ба номи К. Ворошилов (ш. Голитсини ФР)-ро хатм кардааст (1977). Харроти заводи мошинсозии Ленинобод (ҳоло – Хуҷанд, 1959-61), хизм. дар сафи Арм. Сов. (1962-65), кафшергари барқии Комб. масолеҳи сохтмони Душанбе (1965-68), инструктор, кот. дуюми ком. комсомоли н. Октябри (ҳоло – И. Сомонии) ш. Душанбе (1968-70), ҷон. сардори заставаи сарҳадбонони отряди сарҳадбонони ш. Каркии Турк. (1970-72), сардори отряди сарҳадбонони Хоруғ (1972-84), афсари калони шӯъбаи разведкаи округи сарҳадбонони Осиёи Миёна (1984-85), ҷон. дир. Иттиҳодияи эксперименталӣ-истеҳсолии «Упаковка»-и ш. Душанбе (1985-90), сардори Упр. оперативӣ, ҷон. сардори Сарситоди Ком. ҳифзи сарҳади назди Ҳук. ҶТ (1990-03). Аз. с. 1980 то 1985 дар кӯмаки интернатсионалӣ ба РДА иштирок кардааст. Бо орд. «Ситораи Сурх» (1981), мед. «Аз мардуми сипосгузори афғон» (1985), ду мед. «Барои хизмати шоён дар посбонии сарҳади давлатии СССР» мукофотонида шудааст. Аз с. 2003 – ҷон. раиси Шӯрои ташкилии собиқадорони сарҳадбони ҶТ буд.