Ба хотири зодрӯзи Изатулло Ёрбобоев

Ҷашни зодрӯзи падарам наздик омад ва аз ман хоҳиш намуданд, ки дар бораи он кас каме ёддоштҳои худро нависам.  Ба ҳамин хотир ман ҳуҷҷатҳои падарро боз як бор муфассал омӯхта, тарҷимаи ҳолашонро  саҳеҳ намудам.  Падарам Ёрбобоев Изатулло Ғаниевич  12 октябри соли 1918 дар гузари Сӯзангарони шаҳри  Самарқанд  ба дунё  омаданд. Соли 1939 Донишкадаи муаллимии шаҳри Самарқандро бо дипломи сурх ҳатм намудаанд  (баъдан дар заминаи ин донишкада Донишгоҳи Давлатии шаҳри Самарқанд ба номи А. Навоӣ таъсиси дода шуд).

Баъди ҳатми Донишкада  дар вазифаҳои директори мактаб ва  мудири шӯъбаи маорифи халқи ш. Самарқанд фаъолият намуданд. Соли 1943 курсҳои назди Прокуратураи РСС Ӯзбекистонро ҳатм карда, баъд аз он ба  ҳайси ёвар ва иҷрокунандаи вазифаи прокурори ноҳияи Комсомоли вилояти Самарқанд ва  прокурори ноҳияи Сиёби шаҳри Самарқанд кор кардаанд. Баъдан ба Ҷумҳурии Тоҷкистон даъват шуда дар вазифаи котиби Комиҷроияи Вилояти Сталинобод фаъолият доштанд.

Солҳои 1947-1948 дар курсҳои Прокуратураи Генералии    СССР дар шаҳри Харьков таҳсил намуда, ҳамзамон Донишкадаи ҳуқуқшиносии шаҳри Харьковро ба тариқи экстерни ҳатм кардаанд. Баъди ба итмом расондиани хониш дар ин Донишкада  бо Фармони Прокурори Генералии СССР ба вазифаи прокурори шаҳри Панҷакент таъин шудаанд.  Соли 1948 бо Фармони Прокурори генералии СССР ба падарам унвони Ҳуқуқшиноси дараҷаи якӯм  супорида шуд. Соли 1953 курсҳои Олии такмили ҳуқуқшиносони Прокуратураи Генералии СССР- ро дар ш. Маскав хатм намудаанд. Дар солҳои минбаъд ва то синни нафақа дар вазифаҳои  прокурори ш. Ленинобод (ҳозира  шаҳри Хуҷанд), ш Уротеппа (ҳозира Истаравшан), ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт) ва дар вазифаҳои масъули Прокуратураи Генералии Тоҷикистон фаъолият намудаанд.

Барои хизматҳои шоёнашон бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Чумҳурии Тоҷикистон, нишонаҳои фахрӣ ва мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудаанд. Баъди ба нафақа баромадан дар Донишкадаи тиббии Тоҷикистон дар вазифаи проректор оид ба масъалаҳои маъмурӣ-хоҷагӣ ва дар дигар вазифаҳои маъмурии идораҳои ш Душанбе кор кардаанд. Падарам иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд. Соли 1939 дар ҷанги СССР  бо Финляндия иштирок намуда, он ҷо сахт захмдор шуданд. Солҳои 1941-1942 дар муҳорибаҳо дар таркиби  дивизияи 14 Гордии аспсаворӣ  Байрақи сурхдори ордени Суворови   Мозыр ( 14-ая Гвардейская кавалерийская Мозырская  Краснознаменная ордена Суворова дивизия ) иштирок намудаанд. Аммо бо сабаби ярадоршавӣ  аз сафи Қувваҳои мусаллаҳ демобилизатсия шудаанд.

Албатта,  ҳар як фарзанд ба волидонаш фахр мекунад,ба онҳо таасуб карда, мехоҳад ба мисли онҳо бошад. Ба фарзанд нисбати волидайнаш баҳои объективона гузоштан мушкил аст, ва ман ҳам аз ин истисно нестам.  Аз ин рӯ,  ман кӯшиш кардам, ки баҳогузории хислатҳои падарамро дар асоси танҳо далелҳо ва ёддоштҳои дигар шахсоне, ки солҳои зиед он касро наздик мешинохтанд, ёди хотир кунам. Дар бораашон фикр карда баъзе воқеаҳо, хотираҳои  рафиқонашонро ёдоварӣ намудам.

Падар аз баъзе ҷиҳатҳо одами ғайриоддӣ, дорои хислатҳои аҷоиб  буданд. Аз овони кӯдакӣ падарам ба  хондан шавқу ҳаваси зиёде доштанд, ва аз ҳамин сабаб ба норозигии падару модар нигоҳ накарда бо ҳар роҳ кӯшиш намудаанд, ки маълумоти хуб гиранд. Як умр ба хондан машғул будаанд, ва ҳар ҷое, ки таълим гирифтаанд бо баҳои аъло хондаанд. Бояд зикр намуд, ки дар донишгоҳҳои шинохтаи он замон  (Донишкадаи муаллимии Самарқанд он замон ягона донишкадаи олии шаҳр буд, Донишгоҳи   ҳуқуқшиносии шаҳри Тошканд он вақт  ягона донишгоҳи соҳавӣ  дар Осие Марказӣ ба ҳисоб мерафт) бомуваффақият таҳсил намудаанд.  Ҳамзамон қайд намудан зарур аст, ки  он солҳо дар донишкадаҳои Россия ва  Украина аз Осиеи Марказӣ миқдори ками донишҷӯен омӯзиш мегузаштанд. Донишҷӯе, ки аз Осиеи Марказӣ буда,  дар он донишкадаҳо бо баҳои аъло мехонд, умуман як чизи ғайриоддӣ буд. Аз падарам китобҳои зиёд, аз ҷумла китобҳои классикони ҷаҳонӣ (Шекспир, Сервантес, А Навои) ва классикони адабиёти тоҷику форс мерос мондааст.

Падарам одами оқил, доно, фикрашон тез ва ҳозирҷавоб будаанд.  Дар давраҳои Шӯравӣ дар Самарқанд ягона академики АИ Ӯзбекистон  Воҳид Абдулло умр ба сар мебурдаанд, ва бо падар ҳамроҳ таҳсил намуда дӯстии наздик  доштанд. Дар ҳаққи падарам дар ҳузури дӯстон мегуфтанд: «Агар Изатулло фаъолияти адабиетшиносиашро дар Самарқанд давом медод, унвони академикӣ насиби ӯ буд».  Ва ин суханҳои Вохид Абдуллоро дар Самарқанд баъзеҳо то ҳол  дар хотир доранд ва такрор менамоянд.

Дар фаъолияти касбиашон ба муваффақиятҳои зиёд дастрас шудаанд. Як муддат дар Прокуратураи Генералии Тоҷикистон падарам бо шодравон Шамси Розиқов ҳамроҳ фаъолият доштанд.

Шамсибобо  ба ман чандин маротиба дар бораи як мисол аз фаъолияти падарам дар Прокуратура нақл мекарданд. Бо супориши прокурори Генералӣ падарам тафтишоти куштори нокушодаро гузарониданд.  Аввалин маротиба дар таърихи прокуратураи Тоҷикистон бо дархости он кас экспертизаи баллистикӣ гузаронида  шуда,  он куштор ошкор шуд. Барои ошкор намудани ин парвандаи ҷиноятии мураккаб  падарам бо  соати номии  (именные)  прокурори Генералии СССР А. Н. Руденко   сарфароз гардиданд.

Дар хотири ҳама мондааст, ки он кас шахси  бисьер зебопараст ва озода  будаанд. Аз сафарҳояшон ба дигар кишварҳо чизҳои зебо ва антиқиро меоварданд. Либоси зеборо дӯст дошта ба сару либосашон то охири умр аҳамият медоданд.  Бисьер нотиқу сухандон, шеърдону шеърхон  буданд. Бо се забон (тоҷикӣ, русӣ, ва ӯзбекӣ) як хел хуб суханронӣ мекарданд.   Бо ҳамин сабаб дар тӯю  маъракаҳо раиси карда табъи мардумро хуш мекарданд.   Баъзан ба  хотири иштироки он кас соҳиби маъракаҳо  то ҳатто рӯзи тӯйро муайян мекарданд. То ҳол баъзеҳо бо ифтихор ба хотир меоранд, ки падарам дар тӯи онҳо раисӣ намудаанд.

Албатта дар бораи қиблагоҳам бисьер гуфтаниҳо дорам, вале дар чорчӯбаи як мақола ин ғайри имкон аст, ва ният дорам , ки дар бораашон еддоштҳои бештар  нависам.

Дар хотима мехостам қайд намоям, ки падарам барои мо фарзандон, набера ва абераҳояшон ҳамчун як шахси бомаърифат, оқилу доно, ватанпараст   намунаи ибрат абадӣ мемонанд.

Алишер Ёрбобоев