Аз рӯзгори одамони наҷиб

РАҲМАТОВ ҳоҷӣ Амриддин (Тав. 4. 06. 1943, м. Боғибаланди н. Самарқанд), муҳандиси меъмор, омӯзгор. «Корманди шоистаи ҶТ» (2011).

Дар мак. миёнаи №10 м. Боғибаланди ш. Самарқанд хондааст (1951-1960). Баъди хатми мактаб ба Душанбе омада то соли 1967  дар ф-тети меъмории ИПТ (ҳоло – ДТТ) ба номи М. Осимӣ таҳсил намуда онро хатм кардааст. Муал. каф. меъмории ҳамин ИПТ (ҳоло – ДТТ) ба номи М. Осимӣ (1967-1979),  ва ҳамчунин директори  Корхонаи лоиҳакашию конструкторӣ ва тех-нологии Ваз. саноати гӯшту шири Тоҷикистон (1979-1987). Пас аз табдил ёфтани ин корхона ба Ин.-ути лоиҳакашию конструкторӣ ва технологии «Тоҷикагросаноатлоиҳа»– саринженер (1986-1989) ва аз с. 1989 – директори ҳамин Ин.-ути лоиҳакашию конструкторӣ ва технологӣ буд. Аз рӯи лоиҳаҳои ӯ ва роҳбарии бевоситаи ӯ заводҳои консервабарорӣ, шароббарорӣ, коркарди шир, сехҳои панир ва ҳасиб дар шаҳрҳои Тоҷ. сохта шуданд. Бо пешниҳоди Раҳматов А. зиёда аз 150 маҳсулоти гушту ширӣ бо номгӯйи тоҷикӣ  истеҳсо карда мешавад. Инчунин Амридин Раҳматов ихтирокор буда зиёда аз 20 ихтирои ӯ дар истеҳсолот ворид шудааст,  аз ҷумла 5 тои он дорои патенти Кум дал. Илм ватехникаи СССР аст. Амридин Раҳматов иштирокчии ВДНХ СССР буда соли 1987 бо медали нуқрагин сарфароз гардонида шудааст. Ӯ бо Ифт. ҶТ мукофотонида шудааст (2003). Барои дастовардҳои бузург соли 2011 бо унвони фахрии «Корманди шоистаи ҶТ» сарфароз гардидааст.

?????????????

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *