Адабиёти ҳавзаи Самарқанд

Дар Самарқанди бостонӣ – яке аз гаҳвораҳои тамаддуни бани башар, ки дар Роҳи бузурги абрешим қарор дорад, аз замонҳои хеле қадим ҳунарҳои мухталиф, мисли наққошӣ, меъморӣ, зардӯзӣ, санъати сухан, кандакорӣ, мисгарӣ, пайкарасозӣ, кулолгарӣ ва ҳоказо рӯ ба пешрафту такомул ниҳодаанд. Ба ин гуфта ёдгориҳои меъмории таърихӣ, осори шоирон, намунаҳои наққошӣ, кандакорӣ, зардӯзӣ, мисгарӣ ва кулолие, ки аз аҷдоди дуру наздики мо ба мерос мондаанд, гувоҳӣ медиҳанд. Нахустин шеърҳои поягузори адабиёти форс-тоҷик, Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Самарқанд офарида шудаанд. Олимон то имрӯз рӯйи ҳунари шеъргӯии ӯ дар гӯшаҳои мухталифи дунё кор мебаранд. Ўдгориҳои меъмории ин шаҳри бостониву бӯстонӣ, махсусан қисмати Регистони он, беҳтарин намунаҳои ҳунари шаҳрсозии Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбанд. Дар ин ҷо се мадраса – Улуғбек (солҳои 1417-1420), Шердор (1619-1636), Тиллокорӣ (1647-1660) ва манораҳои пурнақшу нигор қомат афрохтаанд. Дасти Регистон пеши назари оламиён таърихи чандҳазорсоларо сафҳагардонӣ мекунад. Таассуф, ки на ҳама саҳифаҳои ин китоби бузург то ба мо хоно расидаанд.

Ҳамаи роҳҳои Самарқанд рӯзгоре ба Регистон пайванди ногусастание доштанд. Аз ҷумла, шаш кӯчаи шаҳр ба «Тоқи телпакфурӯшон», ки дар асри XV бунёд гардидааст, мепайваст. Дар аҳди Амир Темур ва Мирзо Улуғбек Регистон ба майдони асосии тиҷоратӣ табдил ёфт. Имрӯз низ Регистон, ба сифати маркази тиҷорату ҳунармандӣ, аҳамияташро гум накардааст. Бо ташаббуси роҳбари мамлакат, баъди таҷдиду тармим ба ҷойи баргузории Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» ва дигар чорабиниҳо табдил дода шудани Регистон, обрӯю эътибори майдон, шаҳри Самарқанд, мусиқии миллӣ ва Ӯзбекистонро дар сартосари олам густариш дод. Ба туфайли Ҷашнвора оламиён дар бораи мамлакати мо, мероси ғании фарҳангӣ, урфу одат ва арзишҳои миллии халқҳои он беш аз пеш ошноӣ пайдо карданд.

Мадрасаи Улуғбек, ки ҳангоми дар қайди ҳаёт будани олими бузург бунёд гардидааст, дар қарни XV муассисаи бузурги илмӣ ва таълимии Осиёи Марказӣ маҳсуб меёфт. Дар ин ҷо, дар баробари илмҳои динӣ, фанҳои дунявӣ, аз қабили математика, астрономия ва фалсафа таълим дода мешуданд. «Афлотуни сонӣ» – Қозизодаи Румӣ дар ин мадраса ба толибилмон аз илми фалакиёт сабақ додааст. Дар ин даргоҳ шоирон ва мутафаккирони бузург Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ таҳсил доштаанд.

Дар таърих гоҳо ҳодисаҳои ҳайратангези мантиқӣ ба вуқӯъ мепайванданд. Дар нимаи дуюми қарни IX милодӣ поягузори адабиёти форс-тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз Самарқанд ба Бухоро рафт ва ба шарофати ӯ дар Бухоро доираи адабии муқтадире ташаккул ёфт. Баъди ҳазор сол таърих чунин бори масъулиятро ба дӯши фарзанди Бухоро – поягузори адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ гузошт. Вақте ин марди фозил аз Бухоро ба Самарқанд омад, ба шарофати ӯ дар нимаи аввали садаи ХХ доираи адабӣ эҳё гардид. Аҳли адабу фарҳанги Самарқанд, дар баробари устод Садриддин Айнӣ, дар ташаккули адабиёт ва мактабу маорифи навини тоҷик саҳми арзанда гузоштанд.

Адабиёти ҳавза

Ҳам акнун аҳли адабу фарҳанги Самарқанд ба рушду таҳкими ҳавзаи ба худ хоси адабиёт ва мактабу маорифи тоҷикони ҷумҳурӣ саҳми босазо мегузоранд. Адабиёти ҳавза имрӯз, бе эҷодиёти пурбори шоиру нависандагони самарқандӣ: Болта Ортиқзода, Салим Кенҷа, Адаш Истад, Нор Остонзода, Ҳаёт Неъмат, Акбар Пирӯзӣ, Бахтиёр Ҷумъаев, Солеҳ Саидмурод, Нормурод Каримзода, Ӯктами Иброҳим, Зоҳир Ҳасанзода, Ҳазрат Сабоҳӣ, Тошқул Азимов, Маҳбуба Турсунова, Маҳбуба Неъматзода, Асадулло Шукуров, Хоҷа, Шаҳзода Назарзода, Парисо, Дилшоди Фарҳодзод ва дигарон тасаввурнопазир аст.

Олимони Самарқанд Холиқ Мирзозода, Раззоқ Ғаффоров, Воҳид Абдулло, Ботур Валихоҷаев, Шавкат Шукуров, Садрӣ Саъдиев, Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода, Аслиддин Қамарзода, Ҷумъа Ҳамроҳ, Абдусалом Самадов ва дигарон тӯли даҳсолаҳои зиёд ба равшан намудани паҳлӯҳои ноаёни адабиёт, ташкили кори матбуот ва мактабу маорифи тоҷик бори заҳмат кашидаанд. Хоссатан, мақолаҳои доир ба адабиёти давраи истиқлол ва намояндагони он таълифнамудаи олимони адабиётшинос Садрӣ Саъдиев, Аслиддин Қамарзода, Ҷумъа Ҳамроҳ ва Абдусалом Самадов ба рушди адабиёти тоҷики ҳавза такони нав бахшиданд.

Маҷмӯаҳои дастҷамъии тӯли солҳои гуногун, ба сифати мураттиб, ба хонандагон пешниҳоднамудаи Турақул Зеҳнӣ, Садрӣ Саъдиев – «Суханварони сайқали рӯйи замин» (Душанбе, 1973), Аслиддин Қамарзода– «Гулдастаи Самарқанд» (Душанбе – Тошканд, соли 1989), «Гулшани адаб» (Ширкати саҳҳомии табъу нашри «Шарқ», Тошканд, 2007) ва «Мадҳи Самарқанд» («Муҳаррир», ш. Тошканд, с.2013) далели онанд, ки дар ин ҳавза адабиёти тоҷик бо қадамҳои ба худ хос пеш меравад. Бояд ёдрас намуд, ки имрӯз баъзе намояндагони ҳавзаи адабиёти тоҷики Ӯзбекистон панҷа ба панҷаи суханварони ҳамзабони хориҷии худ зада метавонанд.

Бешак, агар дар саҳнаҳои байналхалқӣ сабқати адабӣ ё мушоирае баргузор шавад, онҳо бо сари баланд шарафи Ӯзбекистонро ҳимоя карда метавонанд. Фаъолияти мактабҳои тоҷикӣ дар мамлакат, арзи вуҷуд кардани матбуоти тоҷик, марказҳои фарҳангии миллӣ, бемонеа ба дасти чоп расидани китобу дастурҳои дарсӣ ва бадеӣ нишонаи он аст, ки ҳукумати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии сарвари он, дар қатори дигар миллатҳои маскуни ҷумҳурӣ, ба рушди забон, адабиёт, урфу одат ва арзишҳои миллии тоҷикон низ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Бо саъйу эҳтимоми рӯзномаи «Овози тоҷик»дар вилояти Самарқанд, саҳифае аз намунаҳои эҷоди аҳли қалами Самарқанд омода гардид.

Аҳли адаби Самарқанд аз вақти таъсисёбиаш ба рӯзномаи «Овози тоҷик» (соли 1924) дилбастагии зиёд доштанд. Соли равон теъдоди муштариёни «Овози тоҷик» дар вилоят қариб ба 2 ҳазор нафар расид. Ин теъдод ба тасбит мерасонад, ки самарқандиён имрӯз низ «Овози тоҷик»-ро рӯзномаи худӣ меҳисобанд.

Қаламфарсоёни вилоят медонанд, ки имсол рӯзномаи азизашон 90-сола мешавад. Дар шеърҳои устод Салим Кенҷа ва Абдурасул Иброҳимзода ҳисси эҳтиром ва шукргузорӣ ба рӯзнома ифода ёфтааст. Мо боварӣ дорем, ки аҳли қалами вилоят аз дастовардҳои истиқлол илҳом гирифта, бо ғайрати дучанд эҷод мекунанд ва бо тозакориҳояшон ба ғановати адабиёти ҳавза меафзоянд.

 

Абдулло СУБҲОН, муҳаррири бахши адабиёт ва ҳунари рӯзнома.

Бознашр аз сайти рӯзномаи «Овози тоҷик» 17/03/2014