• Cолшуморӣ
  • Ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон
Сомонаи “Аслҳо ва наслҳо” бо мақсади нигоҳдориву рушди ояндаи расму ойин ва анъанаҳои фарҳангии наслҳои гузаштаи тоҷикони Самарқанду Бухоро, сокинони имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе пешкаши тамошобинон мегардад.

Зодрӯз муборак!

АЛАМОВ Илҳом Мӯҳтаддинович (Тав. 6.04.1943, д. Қулбаи Поёни н. Самарканд), ҳуқуқшинос, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Полковники ВКД. Фарзанди Нуруллоева Роҳат (ниг.). Дастпарвари мак. миёнаи № 7 ва 10 ш. Душанбе. Фак. ҳуқуқш. УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ)-ро хатм намудааст (1966): коромӯзи прокуратураи н. Ленин (ҳоло- Рӯдакӣ, 1966), хизмат дар сафи Арм. Сов. (1966-67). Аз с. 1968 дар мақомоти корҳои дохилӣ ба сифати корм. ваколатдори ОБХСС, муфаттиш, сармуфаттиш,…

Муфассал >>

Самарқанд

  Муҳаммад Холиқ  «Самарқанд сайқали рӯи замин аст, Ҳавояш фораму хокаш маҳин аст. Агар хоҳӣ бубинӣ ту биҳиште, Ҳамин асту ҳамин асту ҳамин аст. Ғазал гарчӣ арӯси шеър, аммо, Самарқанд аз ғазал ҳам нозанин аст. Ба олам чун Самарқанд офариданд, Нидои офаридгор: «Офарин!» аст». «Кам Афросиёб аз қасри Рум нест, Хуросон бо Самарқанд оҳанин аст. Хуросон, Балху Марву Рашту Хуҷанд, Сувайдо бар замин аз худ ҳамин аст. Ба сӯи Каҳкашон…

Муфассал >>

Гиромидошти шахсиятҳои барҷаста

Шодон ҲАНИФ (Тав. 10. 03. 1934, д. Оҳалики н. Самарқанд – ваф. 05. 05. 2007, ш. Душанбе), нависанда. Узви ИН Тоҷ. (аз с. 1975). Дорандаи Ҷоизаи ИЖ Тоҷ. ба номи А. Лоҳутӣ (1987). Навис. халқии Тоҷ. (2004), Корм. шоистаи мад. Тоҷ. (1996). Шӯъбаи тарҷ. фак. таъриху фил. УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло – ДМТ)-ро хатм кардааст (1959). Ход. адабии рӯзн. «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло – «Ҷумҳурият», 1959-61), муҳар., муд. шӯъбаи…

Муфассал >>

Адабиёти ҳавзаи Самарқанд

Дар Самарқанди бостонӣ – яке аз гаҳвораҳои тамаддуни бани башар, ки дар Роҳи бузурги абрешим қарор дорад, аз замонҳои хеле қадим ҳунарҳои мухталиф, мисли наққошӣ, меъморӣ, зардӯзӣ, санъати сухан, кандакорӣ, мисгарӣ, пайкарасозӣ, кулолгарӣ ва ҳоказо рӯ ба пешрафту такомул ниҳодаанд. Ба ин гуфта ёдгориҳои меъмории таърихӣ, осори шоирон, намунаҳои наққошӣ, кандакорӣ, зардӯзӣ, мисгарӣ ва кулолие, ки аз аҷдоди дуру наздики мо ба мерос мондаанд, гувоҳӣ медиҳанд. Нахустин шеърҳои поягузори адабиёти форс-тоҷик,…

Муфассал >>